logo

иқтисод

ОБЁРӢ. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА

Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали соли равон ҷиҳати таъмини кишоварзон ва  истифодабарандагон бо оби полизӣ, азхудсозии заминҳои нави обёришаванда, беҳсозии ҳолати мелиоративии заминҳо ва соҳилмустаҳкамсозӣ корҳои муайянеро анҷом додааст. Ташкилоту корхонаҳои агентӣ шабакаҳои обёриро ба мавсими обдиҳии ҳосили соли 2017 барвақт омода сохта, аз оғози моҳи март тариқи шабакаҳои худҷорӣ ва аз моҳи май тавассути пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ хоҷагиҳоро  бо оби полизӣ таъмин карданд.

- Кормандони мо то имрӯз бо 4826 истифодабарандаи об, ки дар ихтиёр 542909 гектар замини корами обӣ доранд, барои таъмини оби полизӣ шартнома бастанд. Аз рӯйи дархости хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва корхонаҳои кишоварзӣ ба онҳо дар шаш моҳ 1 миллиарду 909 миллион метри мукааб об дода шуд, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта зиёд аст. Арзиши хизматрасонии об 32,7 миллион сомониро ташкил дода бошад ҳам, танҳо 17,1 миллион сомонии он аз тарафи истифодабарандагони об пардохта шудаасту халос.
Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ  иҷрои шартномаҳоро дар бобати обрасонӣ таъмин карданд, аммо хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар истифодабарандагони об ҳаққи хизмати обрасониро сари вақт ва пурра  пардохт намекунанд, ки аз ин ба агентӣ мушкилот пеш омадааст. Масалан, бақияи қарзи ҳаққи хизмати обрасонӣ дар шашмоҳа 12,1 миллион сомонӣ ва қарзи солҳои пешин 95,5 миллион сомониро ташкил медиҳад, - мегӯяд Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло, муовини аввали директори агентӣ.
Оид ба дигар паҳлуҳои фаъолияти агентӣ ҳаминро зикр карданием, ки корхонаҳои он то 1 июли соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ 8,2 миллион сомониро азхуд карда, таъминоти обии 750 гектар заминро беҳтар намуда, ба масофаи 1 километр корҳои соҳилмустаҳкамсозиро ба анҷом расонданд. Дар фасли баҳор, ки дарёҳо сероб гашта, ба киштзор осеб мерасонданд, даҳҳо техникаю коргарону мутахассисон ба маҳалҳои аз офати табиӣ зарардида сафарбар шуданд.
Корхонаҳои агентӣ дар нимсола миқдори зиёди масолеҳи бинокориро дастрас карда натавонистанд, ки боиси кашол ёфтани муҳлати баистифодадиҳии баъзе аз иншоот гардид. Бо вуҷуди ин, корҳои сохтмонӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва таъмиру барқарорсозии иншооти гидротехникӣ хуб ба роҳ монда шудааст.
- Тибқи  нақша соли ҷорӣ ҳолати мелиоративии  9937 гектар замин беҳтар хоҳад шуд, - гуфт Қурбонзода Абдулло.
Мирзои ФИРӮЗ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2017    №: 168    Мутолиа карданд: 694
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед