logo

иҷтимоиёт

ИСТЕҲСОЛИ ДОРУ. ҲАРЧАНД ПЕШРАВИҲО ҲАСТАНД...

Бо устувор гардидани пояҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати ҷовидонаи миллӣ дар баробари ташкил ва такмили дигар соҳаҳо зарурати ба роҳ мондани танзими бозори фармасевтӣ, назорати давлатӣ, бақайдгирӣ ва муқаррар кардани сифату судмандии маводи доруворӣ, ороишию гигиенӣ, таъмини аҳолӣ бо маводи бехавф ва судманд ба миён омад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав ва дигар мақомоти дахлдор доир ба рушди саноати дорусозии ватанӣ бо дарназардошти имкониятҳои фаровони табиӣ ва ашёи хом, аз ҷумла гиёҳҳои табиии шифобахши мамлакат супориш доданд, ки ҳар чи зудтар чораҷӯӣ намоянд. Султон Бекмуродзода, сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” оид ба тадбирҳои дар ин самт роҳандозишуда чунин гуфт:
- Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият дар соҳаи фармасевтӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Ин аст, ки дар ҷумҳурӣ воридоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва ёрии башардӯстона зиёд шуда, қариб ба 200 миллион сомонӣ расид. Инчунин, истеҳсоли маводи дорувории ватанӣ рушд ёфта, дар баробари қонеъ намудани талаботи дохилӣ содирот низ дар ҳоли рушд аст. Аз ҷумла, дар нимсолаи аввал беш аз 36 миллион сомонӣ маводи дорувории ватанӣ ба хориҷи кишвар содирот шуд.
Роҳбарияти хадамот барои ҷалб намудани мутахассисони варзида ва тарбияи кадрҳои болаёқат бо дастгирии Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани савияи тахассусии кормандон мутахассисони ҷавони болаёқатро ба марказҳои илмӣ ва корхонаҳои истеҳсоли дорувории давлатҳои хориҷӣ мефиристад, ки ин барои рушди соҳа аҳамияти муҳим дорад. Дар Донишгоҳи давлатии  тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи миллӣ факултаҳои фармасевтӣ амал мекунанд. Дар тамоми коллеҷу омӯзишгоҳҳои тиббии мамлакат низ мутахассисони фармасевт омода мешаванд. Ба ин далел ҳоло дар ҷумҳурӣ мушкилоти нарасидани мутахассисони соҳа ва камбуди дастрасии аҳолӣ ба маводи доруворӣ аз байн рафтааст.
 Яке аз ҳадафҳои асосӣ ҷалби мутахассисони соҳа ва соҳибкорон ба рушди соҳаи истеҳсоли дорувории ватанӣ ба шумор меравад. Воқеан ҳам, мамлакати мо дорои имконоти бузурги табиии манбаи ашёи доруворӣ (рустаниҳои доруӣ ва маъданҳои нодир) ба шумор меравад. Дар ҷумҳурӣ, айни замон 28 ширкат ба истеҳсоли маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, гиёҳҳои шифобахш машғул мебошад. Корхонаҳои мо 209 номгӯй маводи доруворӣ, гиёҳҳои шифобахш, маҳлули антисептикӣ, ашёи хом ва моли тиббӣ истеҳсол менамоянд.
Дар баробари ин, ширкатҳое низ ҳастанд, ки ба ҷамъоварӣ, коркарди ашёи хоми доруии ватанӣ машғул буда, маҳсулоти онҳо барои содирот, ба хориҷи мамлакат нигаронда шудааст. 
Дар фаъолияти муассисаҳои фармасевтӣ ва нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ низ мушкилот ҷой дорад. Пеш аз ҳама, ин қочоқи маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ мебошад, ки воридкунандагон ба воситаи борхалтаҳо тариқи қатораю тайёраҳо ворид менамоянд. Ошкор намудани онҳо барои мутахассисони хадамот фақат баъди назорати фаъолияти дорухонаҳо ва нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ муяссар мегардад.
Норасоиҳо дар фаъолияти як зумра табибон низ ба мушоҳида мерасад. Ин ҳам бошад, иҷро накардани фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар бораи «Қоидаҳои ба расмият даровардани дорухат ва талабот нисбат ба он» мебошад. То кунун баъзе аз табибон таъйиноти маводи дорувориро, новобаста аз он ки муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо варақаҳои стандартӣ ва ягона таъмин карда шудаанд, дар варақаҳои ғайристандартии гуногун сабт мекунанд.
 Мусоҳиб
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2017    №: 168    Мутолиа карданд: 90

21.08.2017


Ассотсиатсияи нархгузорӣ таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Полиси Барселона гумонбари асосии амали террористиро ҷустуҷӯ дорад

Русия дар кори расондани ёрии башарӣ аз ҷумлаи пешсафони дунёст

Қирғизистон метавонад худро бо шакар таъмин созад

Инқилоби гази тахтасангӣ дар Чин

ИМА баъди торумори «ДИ» дар Сурия монданӣ нест

18.08.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Лучиано Калестини

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳои осонтарин низоми гирифтани раводид шомил шуд

Ҷаласаи XV Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир хоҳад шуд

Беморхонаи вилоятии Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид

"СУМАЯ" коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Лахш

Теъдоди зарардидагони амали террористӣ дар Барселона аз 100 нафар гузашт

Сулҳу салоҳ дар Сурия ибтидои барқарорсозии муносибати ИМА бо Русия мегардад

Трамп тасмими ба Гуам мушак напарронданро оқилона хонд

Дар Қирғизистон 41 довталаби курсии президентӣ аз имтиҳони забон гузашт

Харҷи кишварҳои ҷаҳон барои киберамният меафзояд

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед