logo

фарҳанг

ҲАМБАСТАГИИ ЗАБОНИ ТАЪЛИМИ ИҚТИСОДӢ ВА АНЪАНАИ МИЛЛӢ

Дар замони иқтисоди бозоргонӣ эҳтисоб, яъне баҳисобгирӣ, фаъолияте мебошад, ки дар сатҳи маишӣ ё касбӣ бо он қариб ҳама, ҳар рӯз сару кор доранд. Баҳисобгирӣ дар сатҳи маишӣ, ҳамчун қоида дар шакли шифоҳӣ, аммо дар сатҳи касбӣ бошад, ҳатман дар шакли хаттӣ ё электронӣ амалӣ мегардад. Ахборе, ки дар сатҳи баҳисобгирии касбӣ ба даст оварда мешавад, ба истифодабарандагони мухталиф – соҳибмулкон, роҳбарон, кормандон, маблағгузорон, бонкҳо, мақомоти давлатии андоз, молия, ҳокимияти сатҳи гуногун ва ғайра барои қабул кардани қарорҳои дахлдор пешбинӣ шудааст.

Вобаста ба ин, мавқеи забони давлатӣ дар баҳисобгирӣ, кор бурдани истилоҳоте, ки ягон ҷиҳати онро ифода мекунад ва аз тарафи ҳама бояд яксон фаҳмида шавад, аҳамияти муҳим дорад. Дар акси ҳол, дар натиҷаи гуногунфаҳмии ҳамон як истилоҳ бо забони русӣ ва тоҷикӣ, ба хатоиҳо роҳ дода шуда, хулосаҳои ғайри қобили қабул бароварда мешаванд. Ин дар навбати худ сабаби нодуруст ба роҳ мондани баҳисобгирӣ дар ҷойҳо, халалдор кардани омӯзиши он дар муассисаҳои таълимӣ ва ба вуҷуд омадани баҳсҳои нодаркори мақомоти назоратӣ ва амаликунандаи баҳисобгирӣ мегардад.
Дар баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозу андозбандӣ ченакҳои гуногун истифода бурда мешаванд: аслӣ-кг, метр, литр, метри мураббаъ, га ва ғайра; вақт-соат, рӯз, моҳ, сол, пулӣ - сомонӣ ва дирам. Дар байни онҳо ченаки пулӣ, яъне сомонӣ ва дирам, нақши ҳалкунанда дорад. Вобаста ба ин, хусусан сомонӣ, ҳам дар тадриси фанҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозу андозбандӣ, ҳам амалияи онҳо аз тарафи омӯзгорон, донишҷӯён, муҳосибон ва кулли онҳое, ки бо иқтисод сару кор доранд, ҳар рӯз бештар мавриди истифода қарор мегирад. Вале, чи хеле мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, боиси таассуф аст, ки номи ин ченак дар аксар маврид “сомон” талаффуз карда мешавад. Дучанд риққатовар аст, ки истилоҳи “сомонӣ” ҳамчун номи яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдорӣ-пули миллӣ дар байни аҳолӣ аксаран ба ҳамин минвол мавриди истифода қарор дорад. Ва нобахшиданист, ки баъд аз ҷорӣ шудани пули миллӣ-сомонӣ зиёда аз яку ним даҳсола гузашта бошад ҳам, ин ҳолат дар баромад, гуфтугӯ ва суҳбатҳои бархе аз хизматчиёни давлатӣ, роҳбарон ва иқтисоддонҳо низ зуд-зуд рух медиҳад.
Зиёда аз ин, дар баъзе матнҳо ва шаклҳои ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибӣ намудҳои кӯтоҳкардашудаи гуногуни номи пули миллӣ-сомонӣ, ба монанди “с.”, “сом.”, “смн”, “сомон” истифода мешаванд.
Рӯирост бояд иқрор шуд, ки бинобар аз тарафи мо калонсолон дар хона, маҳалла ва дигар ҷойҳо беэътиноӣ зоҳир кардан ба истифодаи дурусти номи пули миллӣ-сомонӣ, кӯдакону наврасон қариб пурра онро “сомон” мегуфтагӣ шудаанд.
Ин камбудии ҷиддӣ буда, ногузир дар зершуури онҳо нақш мебандад ва дар фаъолияти минбаъдаашон зуҳур мекунад, ки ба ташаккули дурусти андешаи миллӣ ва боло рафтани худогоҳиву худшиносии наврасону ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад.
Кор ба дараҷае расидааст, ки қариб ҳеҷ кас ба ин аҳамият намедиҳад, гӯё ки номи пули миллии мо “сомон” бошад.
Вобаста ба ин, ҳар яки моро зарур аст, ки номи пули миллиамонро бо ифтихор ва пурра ба забон оварем. Барои роиҷ намудани истифодаи дуруст ва талаффузи пурраи номи пули миллӣ, ба мақсад мувофиқ аст, ки дар кулли муассисаҳои таълимӣ дар оғози ҳар соати дарсӣ, новобаста аз фанни тадрисшаванда, аз тарафи омӯзгор таъкид карда шавад, ки “Номи пули миллии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо - сомонӣ ва дирам мебошад. Дар ҳама ҳолат он бояд дар ҳамин шакл, яъне сомонӣ ва дирам, талаффуз карда шавад”. Итминони комил дорем, ки дар сурати иҷрои он камбудии ҷиддии дар ҷамъият ҷойдоштаро дар як соли хониш қариб пурра аз байн мебарем.
Омили муҳимтарини расидан ба ин ҳадаф дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозу андозбандӣ бо забони хушсалиқа ва равони давлатӣ таҳия намудани қонунҳо, дастурамалу низомномаҳо, тартибу тавсияномаҳо ва ғайра мебошад.
Ҳар як камбудӣ ва мафҳуму мазмуни духӯраи дар чунин санадҳо роҳёфта сироятӣ буда, ногузир ба тавлиди саҳву хатоҳо дар амалияи баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозу андозбандӣ оварда мерасонад, ки натиҷаи ниҳоии он таҳрифи ахбори муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ ва андозӣ мебошад. Муҳимии чунин ахбор барои қабули қарорҳои дахлдори идоракунӣ коста мегардад, ки пайомади он барои натиҷаҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ ва, чун натиҷа, ба иқтисоди миллӣ, номатлуб аст.
Омили мазкур ба забони таълифи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва дигар маводи омӯзиши баҳисобгирии муҳосибӣ, инчунин, воҷиботи (реквизитҳои) баёзи (бланки) ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ низ дахл дорад. Онҳо бояд бо як забон, бо истифодаи калимаю ибора ва истилоҳҳои соҳавии яксон навишта ва тайёр карда шаванд. Дар акси ҳол дуруст гузоштани хиштҳои аввалини дониши ихтисосии муҳосибону иқтисоддонҳои оянда халалдор мегардад.
 Пӯшида нест, ки маводи баҳисобгирии муҳосибӣ чун қоида ҳосили тарҷума аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ мебошад. Бар замми ин, аксари тарҷумаҳо таҳтуллафзӣ буда, истилоҳҳои махсуси ин соҳа ба таври гуногун баргардонида мешаванд, ки фаҳмишу истифодаи маводро мураккабу мушкил мегардонад.
 Масалан, истилоҳи “налоговый учет” - баҳисобгирии андоз тарҷума шуда, мавриди истифода қарор гирифтааст. Ҳол он ки “баҳисобгирии андоз” дар низоми баҳисобгирӣ (эҳтисоб) мазмунҳои гуногун дошта, қисме аз “налоговый учет” - ро дар бар мегирад, чунки ҳам дар баҳисобгирии фавриву оморӣ ва ҳам баҳисобгирии муҳосибӣ “баҳисобгирии андоз” амалӣ карда мешавад. “Налоговый учет» бошад, алҳол ба ахбори баҳисобгирии муҳосибӣ асос ёфта, барои муайян кардани манбаи андозбандии андози фоидаи корхона таъйин шудааст, яъне он вобаста ба андоз аст, на ин ки фақат баҳисобгирии андоз. Аз ин ҷо, ин истилоҳ бояд “баҳисобгирии андозӣ” тарҷума карда шуда, истифода шавад, ки ҳам шаклан ва ҳам моҳиятан дуруст аст.
Дар яке аз воситаи таълимӣ барои донишҷӯёни тахассуси андоз ва андозбандӣ (соли 2014) истилоҳи “баҳисобгирии фаврии бухгалтерӣ” - ро дучор шудем, ки гӯё он намуди алоҳидаи баҳисобгирӣ аст. Дар асл, чунин намуди баҳисобгирӣ вуҷуд надорад. Ин гуна муносибат нисбат ба таълифи маводи таълимӣ ба арзи вуҷуд кардани хатоиҳои забонӣ (истилоҳотӣ ва мазмунӣ), техникӣ ва методологӣ оварда мерасонанд, ки истифодабарандагони онҳоро на танҳо ба иштибоҳ меандозанд, балки барои содир кардани хатоҳои нав замина мегузоранд.
Имрӯз дар аксарият муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ аз рӯйи ихтисосҳои иқтисодӣ, аз ҷумла баҳисобгирии муҳосибӣ, мутахассисон тайёр карда мешаванд. Онҳо низ бояд ҳамчун пайравони Пешвои миллат, дар арҷи бештар гузоштан ба забони давлатӣ ва риояи фарҳанги миллӣ пешоҳанг бошанд.
 М. ҲОМИДОВ,
директори коллеҷи технологии ба номи
А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом,
номзади илми иқтисод 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2017    №: 168    Мутолиа карданд: 318

23.06.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Невен Мимитса

Масоили амният ва суботи минтақа матраҳ гардиданд

Ҳамоиш ба муносибати 21 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ ба кор шурӯъ кард

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед