logo

сиёсат

ДАВЛАТ ПЕШРАФТИ ОН БА НЕРУҲОИ ЗЕҲНӢ ВОБАСТА АСТ

Андешаҳо перомуни мақолаи С. Ятимов «Илм ва амният», «Ҷумҳурият», 30 майи соли 2017
Давлат ҳамчун кафили шакли сиёсии ҷомеа танҳо дар асоси пойдории ваҳдати комил ва амнияти босубот метавонад арзи вуҷуд намуда, низоми муътадили тамоми равандҳоро дар ҳамин замина ривоҷ дода, дар асоси  қонунҳои ҷамъиятӣ  рушд ёбад. Давлати миллӣ бояд аз барпо сохтан ва ҳимояю густариши арзишҳои миллӣ оғоз ёфта, дар ҳамин асос шуури ҷамъиятиро инкишоф ва дар заминаи истиқлолияти сиёсӣ амнияти саросариро таъмин созад.

Муаллифи матлаби «Илм ва амният» ба дурустӣ таъкид менамояд, ки «То замоне  ки давлат - гаронтарин ҷузъи системаи сиёсии ҷомеа, миллат ва миллатҳо вуҷуд доранд, тақрибан ба ҳамин андоза (қиматнокӣ, арзишмандӣ, баробарвазнӣ) барои фалаҷ кардан, аз фаъолият  боз мондан ва оқибат нест кардани он хатарҳо мавҷуданд. Ин таҳдидҳо якранг, дар як сатҳ, бетағйир ва мутлақ буда наметавонанд». Дар шароити имрӯза, ки вазъи ҷамъиятиву сиёсии ҷаҳон зуд-зуд тағйир ёфта, ба гирдбоди низоъҳо ва кашмакашиҳои сиёсӣ афтидани кишварҳои алоҳида ба мушоҳида мерасад, мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Зеро як хатои хурд, як ҳаракати нодуруст метавонад як ҷаҳон ихтилофот ва душвориҳои вазнинеро ба миён оварда, теша ба пояҳои амнияти миллӣ занад. Ба нестшавии фарҳанги миллӣ, адабиёт, таърих, билохира аз байн рафтани давлату миллат мусоидат намояд. «Агар ба хотири барпо кардани давлат чи қадар ҷоннисориҳо шуда бошад,- менависад профессор С.Ятимов,- барои ҳифз кардан, дар амну осудагӣ ва рушду тараққӣ нигоҳ доштани давлат, сарфи на камтар аз он зарур аст. Фаъолияти ҳаррӯзаи Пешвои муаззами миллати тоҷик нишонгар ва намунаи олии ҳамин гуна муносибат ба тақдири имрӯзу ояндаи давлати миллии мо мебошад».
Пешрафти муваффақонаи ҳар давлат ва кишвар ба инсонҳои дорои ғановати баланди маънавӣ, ахлоқиву зеҳнӣ вобаста аст. Имрӯз дар Ватани азизамон барои соҳибмаълумот ва соҳибихтисос  шудани фарзандонамон тамоми имкониятҳо ва шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Муаллиф дар қисмати «Ҳақиқати илмӣ ва амнияти миллӣ»-и матлаб навиштааст, ки «Реалияти объективӣ дар шуури инсон чун падидаи зинда ҳама вақт дар тағйир, ивазшавӣ, ҳаракат, зиддиятҳо, ҳамзамон, ҳаллу фасли он қарор дорад. То замоне ки давлат, ҷомеа вуҷуд дорад, ин ҷараён зина ба зина такрор мешавад. Раванди таъмини амнияти давлат, миллат дар ҳолати зудтағйирёбандаи фазои минтақавӣ ва олам сурат мегирад. Онро доимо, аз нигоҳи илмӣ ба тарзи системавӣ наомӯхтан, сарфи назар кардан, бо ҷузъиёт ба инобат нагирифтан амнияти миллиро ҷиддан зери суол мебарад. «Дароздастии кӯтаҳостинҳоро» (Ҳофиз) зиёд мекунад».
Гуфтаҳои муаллифи матлабро  асос намуда, гуфтанием, ки зиндагӣ барои ҳама инсонҳо чизи аз ҳама ноёбу қимат мебошад. Аммо, на ҳама моҳияту муҳимияти онро дарк карда метавонад. Мо бояд дарк намоем, ки таъмини амнияти мо дар дасти худи мост.
"Бе донишҳои илмӣ таъмини амнияти миллӣ ғайриимкон аст," - менависад профессор С. Ятимов. "Бе онҳо (донишҳои илмӣ) ба осонӣ метавон мафтуну пойбанди овозаҳо, суханҳои бофта, беасос, ғаразнок, айбҷӯии бедалели хатарнок, хурофот гашт. Модоме ки ҷавҳари фаъолиятро дар ин самт таъмини амнияти давлатии миллӣ ташкил мекунад, тасаввурот бояд зиёдтар аз дараҷаи фаҳми масъалаҳои фаврӣ ва ҳуқуқӣ  бошад…"  Ин гуна масъалагузорӣ ва фаҳмиш на танҳо ба масъулини соҳаҳо, балки ба ҳар фард низ тааллуқ дошта, пешгирии хатарҳо ба амнияти миллӣ, такя ба иттилоот дар мадди аввал қарор бояд гирад. Мақсад расидан ба дарки моҳияти масъала тавассути таҳлил, бозсанҷӣ ва истифода аз ҳама мавод метавонад ташхиси амиқро рӯи кор оварда, натиҷаи амал ва равандҳои пешгирикунанда мақсаднок истифода шаванд.
Дар қисмати  «Геополитика: манфиат ва амният» муаллиф оид ба ҳимояи манфиатҳои миллӣ сухан оғоз намуда, дар бораи категорияҳои фалсафӣ «моҳият ва зуҳурот» ибрози ақида намудааст. С. Ятимов, аз ҷумла менависад, ки: «Он на танҳо барои мутахассисони соҳаи илм, кормандони самтҳои идеологӣ, таълиму тарбия, балки барои ҳар нафаре мехоҳад фаҳмад, ки ҳама гуна шиорҳо, даъватҳо, гуфторҳо, рафторҳо, тафсири ин ё он масъала, сарфи назар аз «намуди зоҳирӣ», «рангу бор», ҷолиб будан, чӣ маъно дорад, манфиати кадом гурӯҳҳоро ҳимоя мекунад, ниҳоят муҳим аст. Ҳатто барои нафароне, ки дар муқобили Ватани аҷдодӣ ва манфиатҳои миллии хеш, худро дар ҳар қолаб ба намоиш гузоштанианд».
Амният барои ҳама, чи корманди давлатӣ, чи корхонаи хусусӣ, дар маҷмӯъ тамоми қишрҳои ҷомеа зарур аст. Моро зарур аст, ба қадри Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ бирасем, онҳоро мисли гавҳараки чашм ҳимоя намуда, умри ҷовидона бахшем. Идеология бояд ба манфиати умум хизмат намуда, шаъну шараф ва эътибори касеро паст назанад. Аз ҳама муҳимаш, моҳият ва зуҳуроташ оммафаҳм, сода, нишонрас, мақбули ҳамагон бошад. Ҳеҷ як ҷараёну ҳаракат ва ё  ҳизб ҳуқуқи маънавии иҷборан ба сари мардум бор намудани идеологияи худро надорад. Одамон низ бояд бошуурона,  ҳар чизе, ки дар ҷомеа  талқин мегардад,  омӯхта, таҳлил намуда, сипас хулоса бароранд. Ба гуфтаи профессор С. Ятимов, «...ҷавҳари аслии қудрати таъмини амнияти давлати миллӣ мансуб ба фаҳм, дониш ва масъулияти бузурги мардуми сарзамини обод, осуда ва биҳиштосои мост».
Сафаралӣ  СОБИРОВ,
мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2017    №: 168    Мутолиа карданд: 217

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед