logo

иҷтимоиёт

РАШТ. ҲАҚИҚАТ ВА ОВОЗА

Пайомади офати табиие, ки моҳи июли соли равон бар асари боришоти зиёд дар ноҳияи Рашт рух дод, бо дастгирии Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ба тадриҷ бартараф карда шуд.

Зарардидагони ин офати табиӣ аз дастгирии Ҳукумати мамлакат сипосгузор буда, пайваста дар нишасту вохӯриҳо ва суҳбатҳои сарироҳӣ дуои ҷони Роҳбари давлат ва шукронаи истиқлолияту ваҳдат мекунанд. Вале баъзе ашхос дар шабакаи интернет ва ҳатто расонаҳои хабарии хусусии кишвар дар ин давом хабарҳои зиёди бардурӯғ интишор намуданд, ки гӯё масъулин дар бартарафсозии оқибатҳои офати табиат саҳлангорӣ доранд.
Боришоти зиёди борон 4 июли соли равон дар ноҳияи Рашт боиси фаромадани сел дар деҳаҳои Ҳалқарфу Бедаки Ҷамоати деҳоти Навдӣ, шаҳраки Ғарм, деҳаҳои Қулои Ҷамоати деҳоти Навдӣ,  Ялдамичи Ҷамоати деҳоти Қалъанак, Ярхаби Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак ва Кӯҳдомани Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода гардида, дар маҷмӯъ ба 70 хоҷагӣ хисорот овард.
Тибқи иттилои Шодмон Ғиёсов, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Рашт, бар асари селе, ки аз доманакӯҳҳои Ҷамоати деҳоти Навдӣ фаромад, 47 хоҷагӣ, аз ҷумла 2 хонаи истиқоматӣ  ва 27 иншооти ёрирасон пурра, 4 хонаи истиқоматӣ ва 10 иншооти ёрирасон қисман, 47 қитъаи замини наздиҳавлигӣ, як шабакаи барқӣ (трансформатор), 1 пули мошингузар, 2,5 километр роҳҳои маҳаллӣ, 2,5 километр хатҳои интиқоли барқ, 610 метр хатҳои оби нӯшокӣ зарар дида, дар деҳаҳои Ҳалқарфу Бедаки Ҷамоати  деҳоти Навдӣ ва шаҳраки Ғарм чорвои калону паранда зери сел монд. Бар асари сел 13 қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва 7 иншооти ёрирасон дар деҳаи Қулои Ҷамоати деҳоти Навдӣ, ду кӯпруки мошингузар дар деҳаи Ялдамичи Ҷамоати  деҳоти Қалъанак,  5 қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар деҳаи Ярхаб, 1 километр роҳҳои дохили деҳа ва 11 қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар деҳаи Кӯҳдомани Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода зарар диданд.
Ба гуфтаи Ш. Ғиёсов, оқибати ҳодисаи табиӣ дар ин мавзеъҳо пурра бартараф карда шудааст. Маҷрои сойҳои Лояк 3,5 км,  Ялдамич 800 метр ва роҳҳои  деҳаҳои Бедак, Ҳалқарф, Қуло, Кӯҳдоман, Ярхаб ва шаҳраки Ғарм тоза карда, хатҳои интиқоли барқ ва оби нӯшокӣ низ сари вақт барқарор гардиданд. 
Муминшо Қаюмов, раиси Ҷамоати шаҳраки Ғарм, дар ин бора иттилоъ дод, ки шоми ҳамон рӯз таҳти роҳбарии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшо Холиқ ситоди фаврӣ таъсис ёфта, ҳайати он ба ҷойи ҳодиса ҳозир гаштанд ва техникаҳои давлатию ҷамъиятӣ ва шахсии дар ҳудуди ноҳия буда фавран барои рафъи офат сафарбар карда шуданд. Ситод фаъолияти  худро  аз кӯчондани аҳолӣ ба ҷойҳои бехавф оғоз кард.  Рӯзи дигар муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Тоир ва муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - майор Рустам Шоҳиён ба ноҳия омада, ба амалҳои рафъи оқибатҳои  офати табиӣ роҳбарӣ карданд. Аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати мамлакат ба зарардидагоне, ки хонаҳои истиқоматиашон пурра зери сел монда буданд, маводи хӯрока ва ёрии дигар расонда шуд.
Ҳангоми пайгирии мавзӯъ бо чанде аз зарардидагон ҳамсуҳбат шудем. Бигзор хонанда худ қазоват кунад: мардуми таҳҷоӣ  чӣ мегӯяду расонаҳои алоҳида чӣ?
-  Аъзои ситоди ноҳиявӣ аз лаҳзаи сар задани офат то бартарафсозии он дар паҳлуи мо буданд. Лоиқзода Қаноатшо Холиқ ҳар рӯз омада аз ҳоли мо хабар мегирад. Муовини Сарвазири мамлакат Зокирзода Тоир ва муовини аввали  раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳиён  аз ҳоли мо, зарардидагон, хабар гирифта, кумаки моддӣ расонданд, - гуфт Раҳмуддин Фозилов, истиқоматкунандаи кӯчаи Ваҳдати шаҳраки Ғарм.
- Мо аз он шукрона мекунем, ки дар даврони созандагию бунёдкорӣ, таҳти ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати пирӣ меронем. Дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти ноҳияро дар рӯзҳои сахтамон бисёр эҳсос намудем. Онҳо моро танҳо нагузоштанд ва боварӣ дорем, ки ҳеҷ гоҳ намегузоранд. Даврони шӯравӣ агар манзили зистатро суғурта намекардӣ, дар ин рӯзҳо касе ба додат намерасид. Бо вуҷуди он ки мо суғурта надоштем, тамоми дастгириҳоро эҳсос кардем, - иброз дошт Муслиҳиддин Салоҳов, сокини деҳаи Ғарми Боло.  
Раҳимҷон Набиев, муовини аввали раиси ноҳияи Рашт, иттилоъ дод, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо дастгирии Ҳукумати кишвар ба масъалаи ёрӣ ба зарардидагон диққати аввалиндараҷа медиҳад ва ин аз сиёсати инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат сарчашма мегирад...
Муҳимтар аз ҳама худи мардум инро ба хубӣ эҳсос ва қадр мекунанд.
Пас, ҳадаф аз овозабозиҳо чист? Ва онҳое, ки ҳақиқатро нодида мегиранд, чӣ мехоҳанд?
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2017    №: 168    Мутолиа карданд: 220

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тиб матраҳ гардид

Маросими супурдани эътимоднома

Баррасии таҳкими равобити соҳибкорони Тоҷикистону Қатар

Бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед