logo

фарҳанг

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА САРНАВИШТИ ТАЪРИХИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Мусаллам аст, ки дар оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ забон, ки яке аз унсурҳои меҳварии давлату давлатдорӣ маҳсуб меёфт, аз зарбаҳои гуногун асарҳои ногуворе бардошт. Тавонмандии забони тоҷикӣ ва имкониятҳои бепоёни он то андозае заиф гардиданд. Забони тоҷикӣ, ки акнун ҳамчун забони давлатӣ эътироф шудаву омилҳои пешрафти он муқаррар гардида буданд, ба туфайли омилҳои айниву зеҳнӣ аз рушду нумӯъ бозмонд.

Маҳз дар ҳамин айёми басо нозук ва ҳассос забон тоҷикӣ ба пуштибонии соҳибонаш ниёз дошт, ки кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин росто чашмгир ва қобили таваҷҷуҳ мебошад. Пешвои миллат дар китоби худ  «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» басо дақиқ зикр кардаанд, ки «Забон асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат аст. Ифтихори миллӣ ва ватану ватандорӣ аз волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нишон додани он сар мешавад». 
Шахсиятҳои огоҳ ва донишмандоне, ки дар кашфи муаммоҳои умумибашарӣ нақши арзанда доранд, дар ҳифзу дифои забони модарӣ низ саҳмгузоранд. Маҳз ҳамин ҷиҳати масъала Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро водор сохт, ки соли 2008-ро Соли бузургдошти забони тоҷикӣ эълон кунанд. Ин иқдоми арзанда ва саривақтӣ ба ривоҷу равнақ ёфтани забони тоҷикӣ мусоидат кард, зеро гузарондани ҳамоишҳои бонуфузи илмӣ ва дигар тадбирҳои муҳими вобаста ба масъалаи бузургдошти забони тоҷикӣ имконият фароҳам овард, ки ин забон чун забонҳои дигари дунё мақом ва манзалати вижаеро касб намояд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси соҳибзабон ва миллатдӯст омилҳои рушди забони тоҷикиро дар суханрониашон борҳо дақиқ муқаррар карда буданд, ки мо шоҳиди амалан ба субут расидани ин гуфторҳо мебошем.
Ҳанӯз  дар идомаи  эълони соли забони тоҷикӣ муҳимтарин омилҳои рушди забони миллиро Пешвои миллат ба таври зайл муқаррар намуда буданд:
- танзими истилоҳот ва меъёрҳои забони давлатӣ бо истифода аз осори хаттии давраҳои таърихии он;
- таҳлилу танзим ва истифодаи дақиқи истилоҳоти забони муосир ва таъмини рушди забони адабӣ;
- таҳқиқ ва нашри Грамматикаи илмии забони адабӣ дар асоси меъёрҳои нави забон;
- таҳия ва нашри Грамматикаи таърихии забони тоҷикӣ;
- нашри маводи таълимӣ оид ба забони адабӣ;
- таҳия ва нашри фарҳангҳои тафсирӣ, дузабона, меъёрӣ ва фарҳанги имлои забони адабӣ.
Бешак, имрӯз мо бо гузашти наздик ба даҳ сол аз ин пешниҳодот шоҳиди он ҳастем, ки аксаран ин ҳадафҳои созандаи рушди  забони миллӣ бевосита бо сарпарастии худи Пешвои муаззами миллат ҳамчун пуштибони забони давлатӣ амалӣ гардиданд, ки таълифи китоби мондагори “Забони миллат - ҳастии миллат” аз тарафи Сарвари давлат рӯшантарин санад дар амри расидан ба ин мақсадҳои наҷиб ба шумор меравад. Дар канори ин, сиёсати дурбинонаи Президенти мамлакат оид ба забони миллӣ сабаб шуд, ки имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси яке аз забонҳои байналмилалӣ аз тамоми минбарҳои бузурги ҷаҳонӣ садо диҳад, ки, бешак, суханрониҳои худи Сарвари давлат аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла СММ бо забони давлатӣ шаҳодати шарафи ин мақоми бузурги забони миллӣ ба шумор меравад.
Баробари ин, бояд эътироф намуд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони адабиёт, илму маориф ва ифодакунандаи маҷмӯи назокатҳои лафзии фарҳанги ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Эҷоди осори оламгиру чашмрас аз ҷониби фарзандони фарзонаи миллат баёнгари равшани он аст, ки дар вусъати вожаву калимот ва муҳтавои ин забон нодиртарин дастовардҳои ақлонии башарият ғунҷоиш ёфтаанд, ки ба ин метавон аз осори безаволе чун «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ, «Бӯстон»-у «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, силсиламаснавиҳои Низомии Ганҷавию Амир Хусрави Деҳлавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва амсоли инҳоро ёдовар шуд. Бояд гуфт, ки асарҳои мазкур ҳодӣ ва равшангари на фақат халқи тоҷиканд, балки роҳнамои тамоми аҳли башар гаштаанд. Ҳамин тариқ, арзишмандии забони тоҷикӣ аз ҷониби муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ бо зикри маводи қотеъ ба субут расида, боз чанд омили дигаре мавҷуд аст, ки ба тавонмандии ин забон замина мегузорад.
Ниҳоят, яке аз нишонаҳои муҳими даврони Истиқлолияти давлатӣ дар паноҳи давлат қарор гирифтани забони тоҷикӣ мебошад, ки, бешак, ба кору пайкори беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд мегирад. Маҳз, тавассути пайкорҳои давлатмардонаи ин фарзанди фарзонаи миллат на танҳо дар ин даврон сиёсати давлатии забон ба шоистагӣ мавриди амал қарор гирифта, он дар паноҳи давлат аст, балки тавассути анҷом додани ибтикороти шоён, аз ҷумла таълифи китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» барои ҷомеаи Тоҷикистон ҳидоятномаҳоеро манзур намуданд, то ҳар як шаҳрванд, ҳар як соҳибзабон аз онҳо илҳом гирифта, дар амри ҳифзи арзишҳои бузургу бемисли ин забон ва шинохти мақому ҷойгоҳи таърихии ин ганҷинаи нодири таърихи миллат саҳмгузор бошанд.
Зоҳид ҚӮРҒОНОВ,
дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2017    №: 168    Мутолиа карданд: 123

21.08.2017


Ассотсиатсияи нархгузорӣ таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Полиси Барселона гумонбари асосии амали террористиро ҷустуҷӯ дорад

Русия дар кори расондани ёрии башарӣ аз ҷумлаи пешсафони дунёст

Қирғизистон метавонад худро бо шакар таъмин созад

Инқилоби гази тахтасангӣ дар Чин

ИМА баъди торумори «ДИ» дар Сурия монданӣ нест

18.08.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Лучиано Калестини

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳои осонтарин низоми гирифтани раводид шомил шуд

Ҷаласаи XV Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир хоҳад шуд

Беморхонаи вилоятии Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид

"СУМАЯ" коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Лахш

Теъдоди зарардидагони амали террористӣ дар Барселона аз 100 нафар гузашт

Сулҳу салоҳ дар Сурия ибтидои барқарорсозии муносибати ИМА бо Русия мегардад

Трамп тасмими ба Гуам мушак напарронданро оқилона хонд

Дар Қирғизистон 41 довталаби курсии президентӣ аз имтиҳони забон гузашт

Харҷи кишварҳои ҷаҳон барои киберамният меафзояд

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед