logo

ҳуқуқ

АГЕНТӢ. ФАЪОЛИЯТИ 24 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТКОРРО ОШКОР ВА ҚАТЪ ГАРДОНД

Дар зарфи нимсолаи аввали соли ҷорӣ 468 ҷинояти мухаддиротӣ сабт ва аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 тоннаю 365 килограмм маводи нашъаовар мусодира шудааст.
Дар ин бора Зафар Самад, муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ин ниҳод дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, кормандони агентӣ 197 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро ошкор намудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 69 ҳолат ё 54 дарсад зиёд мебошад. Бо ошкорсозии 113 ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 151 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст. Дар ин давра аз муомилоти ғайриқонунӣ  370 килограмму 552 грамм маводи нашъаовар, аз ҷумла 6 килограмму 280 грамм героин, 45 килограмму 127 грамм афюн, 130 килограмму 347 грамм ҳашиш ва 188 килограмму 798 грамм бангдона мусодира гардидааст.
Бино ба иттилои Зафар Самад, кормандони агентӣ 84 ҷинояти вобаста ба маводи нашъаоварро ошкор сохтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 16 ҳолат ё 23,5 дарсад зиёд мебошад. Ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди гурӯҳҳои  ҷиноятпеша чораҳои мушаххас андешида шуда, фаъолияти 24 гурӯҳи ҷинояткор дар ҳайати 61 нафар ошкор ва қатъ гардидааст.
Бо мақсади пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бо паҳнкунандагони маводи мухаддир тадбирҳо пурзӯр шуда, танҳо дар шаҳри Душанбе 2 нашъахона ошкор ва фаъолияти онҳо қатъ карда шуд. Аз тарафи ҳамаи мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ - Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентӣ дар давраи ҳисоботӣ 9 515 ҳаби (таблетка) - и моддаҳои психотропӣ мусодира шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 102 адад кам мебошад. Агентӣ дар ин давра 58 парвандаи ҷиноятиро нисбат ба 92 нафар бо фикри айбдоркунӣ ба судҳо ирсол намудааст. Ҳамчунин, аз ҷониби муфаттишони агентӣ ба молу мулки ҷинояткорон ба маблағи 517 ҳазору 402 сомонӣ ҳабс гузошта шудааст.
- Бо мақсади ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ, - иброз дошт Зафар Самад, аз ҷониби агентӣ дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар хатти сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон шаш амалиёти муштарак гузаронда шуда, дар маҷмӯъ аз муомилоти ғайриқонунӣ 109 килограмму 357 грамм маводи нашъаовар мусодира шудааст.
Сафаргул АЛИМОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.08.2017    №: 169    Мутолиа карданд: 1187
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед