logo

иҷтимоиёт

ҶАНГАЛ МОЯИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ, БИОЛОГӢ ВА ҒИЗОӢ ДАР ДЕҲОТ

Баланд бардоштани самаранокии майдонҳои  ҷангал дар кӯҳистони Тоҷикисон, бо назардошти нигоҳ доштан ва афзун намудани ҳосили он, барои самаранокии экологӣ хеле муҳим аст. Алъон ин масъала барои беҳсозии шароити зиндагии сокинони кӯҳистон хеле мубрам мебошад. Рушди ҷангалпарвариро аз ҳисоби афзунсозии маҳсулоти ҷангал таъмин намудан имконпазир аст. Айни замон вазъи ҷангалзори мо чандон қаноатбахш нест ва рушди бевоситаи деҳот аз ҳисоби маҳсулоти ҷангал эҳсос намешавад.
Роҳи дурусти рушди ҷангалпарварӣ ҷалби ҷомеаҳои маҳал ба барқароркунии ҷангал ва бунёди шабакаи истифодаи устувори захираҳои табиӣ дар қаламрави экосистемаҳои ҷангал аст. Ҷангалзор арзишҳои иқтисодӣ, биологӣ ва ғизоӣ дорад, ки дар ҳамбастагӣ омили рушд маҳсуб меёбанд.
Олами биологии ҷангал аз ҳайвонот ва наботот (писта, бодом, чормағз, буттамева, занбурӯғ, равғангиёҳ, гиёҳҳои доруворӣ, торф,  чӯб, асал ва ғайра) иборат аст. Хусусан  рустаниҳои мевагии бисёрсола дар ҳаёти ҳаррӯзаи аҳолӣ ва иқтисодиёти деҳот нақши муҳим доранд. Ҷамъоварии меваҷот  ва барои истеъмол дар фасли зимистон хушккунии он  сабади ғизоии мардуми кӯҳистонро ғанӣ месозад. Мева сарчашмаи муҳими витаминҳост ва арзиши  тиббии ғизоро  боло мебарад. Ин меваҳоро аз ҳисоби бунёди корхонаҳои хурди саноатӣ коркард намуда, фоида ба даст  овардан ба куллӣ имконпазир аст, бавижа аз истеҳсоли шарбат, мураббо, нӯшобаҳои давоӣ. Ба ғайр аз ин, дар ин минтақаҳо барои тайёр намудани маҳсулоти фарматсевтӣ дар асоси маводи алафии доруӣ  саноати дорусозиро метавон асос гузошт. Тавлидгарону харидорони ин маҳсулот соҳибкорони маҳаллӣ ва ширкатҳои хориҷӣ буда метавонанд. Ин дар ҳолест, ки истеҳсоли доруворӣ  (фитотерапия) аз маҳсулоти ҷангал дар Осиёи Марказӣ, хусусан дар байни тоҷикон, решаҳои амиқи таърихӣ дорад.
Дар ҷангал занбӯриасалпарварӣ бештар рушд мекунад. Дар бисёре аз манотиқи ҷангали ҷаҳон ҷамъоварии асал қисми таркибии ҳаёти ҳаррӯзаи корхонаҳои хоҷагии ҷангал ва хонаводаҳост.
Нигоҳдории гуногунии олами ҳайвоноти ваҳшӣ дар ҳудуди ҷангал баробари гуногунии биологӣ барои генофонди табиии мамлакат арзишманд аст. Аз ин рӯ, дар самти рушди хоҷагии ҷангал, бо назардошти арзиши баланди тиҷоратии бисёре аз ҳайвоноти ваҳшии Тоҷикистон, муҳим он аст, ки ҳифзи олами ҳайвоноти ваҳшӣ пешбинӣ шуда бошад. Баъзе аз ин намудҳо (ба монанди гӯсфанди Марко Поло, оҳуи бухороӣ) дар ҷаҳон ҳамто надоранд. Дар ҷангал шикор ва моҳидориро рушд дода, сайёҳонро ба ин намудҳои маъруфи сайёҳӣ ҷалб кардан бартарӣ дорад. Корхонаҳои хоҷагии ҷангал ва хонаводаҳо аз ҳисоби ниҳолпарварӣ низ фоидаи калони иқтисодӣ гирифта метавонанд.
Барои татбиқи ин чанд пешниҳод шароит дар  кишвари офтобию кӯҳии мо худодод аст. Танҳо масъулон бояд роҳҳои ҳар чи бештари рушди хоҷагиҳои ҷангалро ҷуста пайдо намоянд, то самари фаъолияташонро ақаллан дар гӯшае мардум эҳсос кунад!
Фаррух AБДУЛВОСИЕВ, корманди Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.08.2017    №: 169    Мутолиа карданд: 146

19.10.2017


Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

РАШТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Ҷаҳон дар як сатр

Боздиди нозирони Олмон аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Силсилаи амалиёти террористӣ дар Афғонистон боиси марги беш аз 70 нафар шуд

Истеҳсолотро зеҳни сунъӣ ба даст мегирад

Ҳизби коммунисти Чин ислоҳоти густурдаи сиёсиро омода месозад

Ҷорҷ Сорос ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 миллиард доллар медиҳад

Ба миқдори рекордӣ расидани муҳоҷирон дар ИМА

Варзиш

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед