logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. БОЗ ЯК МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШУ ФАРОҒАТ БУНЁД ЁФТ

Дар радифи корҳои созандагӣ, ки тӯли чанд моҳи охир дар Душанбешаҳр ба таври чашмрас ҷараён дорад, боз як майдончаи нави варзишу фароғат бо тарҳи замонавӣ бунёд ёфт.
Ин гӯшаи зебо 4400 метри мураббаъ   масоҳат дошта, бо маблағи қариб 930 ҳазор сомонӣ  дар муддати кӯтоҳ сохта ба истифода дода шуд.

Майдонча бо сифати баланд сохта шуда, хеле зебою рангоранг аст. Дар он 24 нишастгоҳ, 4 гӯшаи хуштарҳи фароғатӣ,  майдончаи бозиҳои  футбол ва волейболу баскетбол дар масоҳати 540 метри мураббаъ ва айвон барои гузарондани маъракаю чорабиниҳо дар масоҳати 150 метри мураббаъ  сохта шудаанд. Дар иншооти  мазкур барои истироҳату фароғат ва варзишу бозии кӯдакон тамоми шароити мусоид фароҳам мебошад.
Рустам Аюбов, сокини пойтахт, изҳор дошт, ки чунин бунёдкорӣ самари дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободонии шаҳр аст. Бунёди иншооти наву замонавии варзишу фароғат дар арафаи ҷашни 26 – умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ туҳфаи арзандаи роҳбарияти шаҳр ба бошандагони ин гӯшаи пойтахт аст.  Пеш аз сохтани майдони варзишу фароғат кӯдакону наврасони маҳалла ҷойи бозии муносиб надоштанд. Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур муҳити камолоту сабзиши насли наврасро беҳбудӣ бахшида, дар ниҳоди онҳо ҳисси  ватандӯстию ободкориро ҳувайдо месозад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.08.2017    №: 169    Мутолиа карданд: 237

21.02.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов бо Оле Йоҳан Бёрней

Ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ дар Вазорати кишоварзӣ

Баррасии масоили мубрами густариши ҳамкориҳо

Баргузории намоиши «Корвони ҳунар»

Ҷаҳон дар як сатр

СММ Туркияро ба қатъи амалиёти низомӣ дар Африн даъват намуд

Дар ИДМ 90 нафар барои маблағгузории терроризм ба даст афтод

Кушта шудани 24 полис аз дасти толибон

ДИ дар Афғонистон ва Покистон реша медавонад

Венесуэла соҳиби криптоасъори худ шуд

Samsung дроне баровард, ки бо нигоҳ идора мешавад

20.02.2018


Бизнес-форуми доираҳои соҳибкорӣ баргузор мешавад

Хисрав Соҳибзода бо Султон Саъд ал-Мурайхӣ мулоқот намуд

Дурнамои рушди сиёсати давлатии ҷавонон матраҳ мегардад

ҶДММ “Суғуртаи асри XXI” соҳиби иҷозатнома шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Вячеслав Володин: «Дар Сурия миёни «ДИ» - ро Русия шикаст»

Гуфтушуниди Чин бо ҷудоихоҳони покистонӣ

Қазоқистон: «Шустан» - и $500 миллион ва 8 сол маҳрумӣ аз озодӣ

Барои барқарорсозии Мехико баъди заминҷунбӣ шаш сол зарур аст

19.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Валбурга Рос мулоқот намуд

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Япония густариш меёбанд

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мешавад

Барориши нахустини коғазҳои қиматнок ба иқтисоди кишвар 500 миллион доллар ворид намуд

Нуъмон Абдуғаффорзода: "Ба шарофати имтиёзҳои андозию гумрукӣ инфрасохтори сайёҳӣ рушд меёбад"

Ҷаҳон дар як сатр

Масъулияти куштори одамон дар Қизлярро «ДИ» ба зимма гирифт

ИА воридсозии сулҳофарон ба Донбассро воситаи қатъи таҳрими зиддирусӣ мешуморад

Мексика дар 33 мунитсипалитет ҳолати фавқулода роҳандозӣ кард

Садамаи чархбол боиси марги 13 нафар гашт

Дар Венесуэла ҳавопаймо ба болои хона афтид

Варзиш

17.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Ясмин Гуедар мулоқот намуд

Баррасии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед