logo

фарҳанг

ВОЖАҲОИ АЗ ЗИНДОН РАҲОГАШТА

Сухан беҳ, ки вайрон нагардад сухан,
Чу аз барфу борон сарои куҳан.
Абулқосим Фирдавсӣ

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои неруманду бемонанди ҷаҳон мебошад, ки тавоноии сохтани садҳо ҳазор вожаро дорад. Аммо дар роҳи дарози худ борҳо гирифтори ҳамлаҳои маргбори забонҳои тозандагони арабӣ, туркӣ ва русӣ гаштааст. Ин забони аҳуроиро агар ба организми зинда ҳамсон бипиндорем, метавон гуфт дар пайкари миллати тоҷик, ҳамчун узви полоишдиҳандаи шараёни хун (яъне ҷигар) хидмат кардааст; ҳар вожаи бегонаи ба сиришташ роҳёфтаро полуда, ҳал ва суфта намуда, чунон тоҷикӣ намудааст, ки ҳатто соҳибони он забон (хоҳ араб ва хоҳ турк) пай нахоҳанд бурд, ки аз забони онҳо баргирифта шудааст. Чунин ба назар мерасад, ки ҳар вожаи зебои тоҷикӣ дар он рӯзгорони рӯ ба рӯ омадан бо вожаҳои бегона, чун родмардон воистода, барои худро солим нигаҳ доштан размидаанд. Агар раванди нигаҳдошти забонро бо набарди маргбори лашкари вожаҳои тоҷикӣ бо гӯиши истилогарон ҳаммонанд тасаввур кунем, ба хаёламон хоҳад омад, ки бархе вожаҳои тоҷикӣ афсурдаву захмӣ шудаанд, бархе намуди хешро дигаргун кардаанд, бахше аз онҳо ба марг расидаанд ва шумори зиёде ба зиндонҳои торик афканда шуданд. Вожаҳои зиндонӣ хеле зиёданд ва дар зиндонҳое бандианд, ки панҷараву қуфлҳояшонро аз тилисму ҷодуи омехта бо нодониву худбохтагиҳои қавм барсохтаанд. Бегонаҳои истилогар барои нобуд сохтан ва ба зиндон афкандани калимаҳои забони тоҷикӣ на танҳо аз зӯроварӣ, балки аз шеваи гуногуни фиребу ҳила, ба монанди баровардани қонунҳо ва эҷоди назарияҳои забоншиносӣ кор гирифтаанд, ки ҳукми онҳо то ҳанӯз бар сари соҳибони забон ҷорӣ аст. Аз ҷумла, забонсозони сиёсатзадаи замони шӯравӣ назарияи «бойшавии забонҳо аз ҳисоби забонҳои ҳамсоя» - ро ба хотири қонунӣ намудани ғасби забони худ эҷод кардаанд. Гӯё ҳеҷ айбе надорад, агар аз забони халқи зери асораташон буда, як силсила вожаҳоро дур карда, онҳоро куҳнаву архаистӣ номида, ҷояшонро ба калимаҳои забони худ бидиҳанд ва ин истилои худро қонунӣ намуда, бо истилоҳи илмигунаи «бойшавӣ» пинҳон созанд.

Арабҳо дар роҳи шикастани рӯҳи миллии тоҷикон, пеш аз ҳама, даст ба барҳам додану аз истифода баровардани вожаҳое пардохтаанд, ки бештар баёнгари шараф, номус, ифтихор, умуман ҳувияти қавмии соҳибони он забон буданд. Ҳамон гуна ки вожаҳои «пирӯз», «меҳан», «дил», «гиромӣ», «дониш», «фарҳанг», «марз», «дирафш», «меҳр», «хуҷаста» ва садҳо вожагони дигарро бо калимаҳои арабии «ғалаба», «ватан», «қалб», «муътабар - азиз», «илм», «маданият», «сарҳад», «байрақ», «ишқ», «саъид» иваз намуда буданд. Забони илмии тоҷикӣ чунон бо забони арабӣ даромехта буд, ки ғолибан 90 дарсади ҷумлаҳо аз калимаҳои душвориофарини арабӣ вом гирифта шуда буданд. Ба монанди: аъқоб, эъзоз, иддат, иститлоъ, истикок, изноб, муҳорабат, мудоҳанат, мустаҳиқ, муъояна, мумолаҳат, мутақоъид, зотулбайн, нуъӯт, таъзиб, таъаллул, мадрус, ғазофат ва монанди он.
 Дар раванду равишҳои вайронсозии забони тоҷикӣ, яъне арабисозии он, гумоштагони халифаҳои арабӣ, аз ҷумла Маҳмуди Сабуктегин ба дабирони девон дастур медод, ки дар навиштан ба ҷойи вожаҳои тоҷикӣ (форсӣ)  вожаҳои арабӣ ба кор баранд. Дар он дастур рӯйхати вожаҳое омадааст, ки ба ҷойи кадом вожаи тоҷикӣ, кадом вожаи арабиро ба кор баранд: «Ба ҷойи бустохӣ (густохӣ) - инбисот нависанд, ба ҷойи шӯридагӣ - изтироб нависанд, ба ҷойи ёрӣ хостан - истиғоса нависанд, ба ҷойи зару сим - моли сомит нависанд, ба ҷойи растагорӣ - халос нависанд, ба ҷойи андеша - тааммул нависанд, ба ҷойи орзумандӣ - таманно нависанд, ба ҷойи оҳистагӣ - таманнӣ  нависанд....» (Аз Абулфазли Байҳақӣ, «Таърихи Байҳақӣ»).
Забони арҷманди тоҷикӣ танҳо пас аз Истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани мардуми тоҷик ва сарпарастии онро ба уҳда гирифтани Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон тавонмандиашро дубора дармеёбад. Пеш аз ҳама, шумори зиёди вожаҳои зебову нағзи тоҷикӣ аз банди зиндони торики худноогоҳӣ раҳо ёфтанд. Дигар имрӯз даҳҳо вожаҳои озодгаштае чун «маниш», «пажӯҳишгоҳ», «донишгоҳ», «бунгоҳ», «кӯдакистон», «бемористон», «пизишк», «донишвар», «вожа», «дармон», «вокуниш», «бозтоб» дар гуфтору навиштори мардум ривоҷ пайдо кардаанд. Ҳамзамон, мебояд ёдовар шуд, ки бархе рӯзноманигорон, шӯрбахтона, барои намоёндани забондонии хеш вожаҳои гӯшхарошу забоншикани тозиеро, чун «муҳаққиқ», «қарн», «баъдан», «мақар», «қалб» ва монанди он фаровон ба кор мебаранд, вале ин вомвожаҳои ғализи бо зӯри фишор аз даҳон берун баровардаро, ки ба навои гуфтори тоҷикӣ бегонаанд, метавон бо вожаҳои нарму шевои забони худӣ баён кард: «пажӯҳишгар – пажӯҳанда» «сада (садсола)», «сипас (пас аз он)», «ҷойгоҳ», «дил»... 
Имрӯз зарурати корбурди илмию фаннии забон вобаста ба ниёзҳои нав вомедорад, ки забони тоҷикӣ ҳар чи бештар ба ганҷурхонаи вожагонии худ рӯ оварад ва барои ин бисёре аз вожаҳои ба зиндони фаромӯшӣ супоридаашро берун оварад. Он вожаҳои азёдрафтаро метавон дар назму насри куҳан, аз ҷумла дар саҳифаҳои заррини «Шоҳнома» - и Ҳаким Фирдавсӣ ҷустуҷӯ кард.
Ба пиндори мо, ҳар тоҷик бояд ба ин нукта дарбиравад, ки мо бо забони ниёкони худ, чуноне боиста аст, ошно нестем ва забоншиносонро мебояд дар пиромуни расидан ба тавоноии забони тоҷикӣ, барои сохтани садҳо ҳазор вожа корҳо дар пеш аст. Банда бар онам, ки забоншиносонро мебояд гуфтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи бозбинии сарфу наҳви забони тоҷикӣ роҳнамо дониста, дар пайи бозсозии дастури забони тоҷикӣ гарданд. 
Зафар МИРЗОЁН,
мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.08.2017    №: 169    Мутолиа карданд: 76

21.08.2017


Ассотсиатсияи нархгузорӣ таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Полиси Барселона гумонбари асосии амали террористиро ҷустуҷӯ дорад

Русия дар кори расондани ёрии башарӣ аз ҷумлаи пешсафони дунёст

Қирғизистон метавонад худро бо шакар таъмин созад

Инқилоби гази тахтасангӣ дар Чин

ИМА баъди торумори «ДИ» дар Сурия монданӣ нест

18.08.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Лучиано Калестини

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳои осонтарин низоми гирифтани раводид шомил шуд

Ҷаласаи XV Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир хоҳад шуд

Беморхонаи вилоятии Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид

"СУМАЯ" коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Лахш

Теъдоди зарардидагони амали террористӣ дар Барселона аз 100 нафар гузашт

Сулҳу салоҳ дар Сурия ибтидои барқарорсозии муносибати ИМА бо Русия мегардад

Трамп тасмими ба Гуам мушак напарронданро оқилона хонд

Дар Қирғизистон 41 довталаби курсии президентӣ аз имтиҳони забон гузашт

Харҷи кишварҳои ҷаҳон барои киберамният меафзояд

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед