logo

ҳуқуқ

АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ ВА НАҚШИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ ДАР ТАЪМИНИ ОН

Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии назорати молиявӣ дар шаш моҳи соли равон барои беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки  захираву  иқтидорҳои молиявӣ,  пешбурди сиёсати самараноки молия  ва қарз, риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ корҳои муайянро ба сомон расонд.

Фаррух Ҳамрализода, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суҳбат ба хабарнигорон изҳор дошт, ки кормандони палата дар самти назорат оид ба масъалаҳои баҳодиҳӣ ба буҷети давлатӣ ва иҷрои он дар вазорату идораҳо, сохторҳои тобеи онҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидории давлатӣ 138 санҷиши аудиторӣ гузаронда, зарари молиявиро ба маблағи 55,5 миллион сомонӣ ошкор намуданд, ки аз он 10 миллион ба буҷет ва 4,8 миллион сомонӣ ба ташкилоту муассисаҳо барқарор карда шуд.
Бо мақсади истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ санҷиши маҷмӯи ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллии ноҳияҳои Мир Сайид Алӣ Ҳамадонии вилояти Хатлон 649 ҳазор сомонӣ, Файзобод 1,1 миллион, Айнии вилояти Суғд 1 миллиону 127 ҳазор ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 435 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонда шуд, ки дар раванди он 126 ташкилоту муассисаи буҷетӣ мавриди санҷиши аудиторӣ қарор гирифта, зарари молиявӣ ба маблағи 6,8 миллион сомонӣ муайян гардид. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ товони зарари молиявӣ ба маблағи 5,9 миллион сомонӣ ё 86 дарсад барқарор гардида, дар рафти санҷишҳо маблағгузории сметаҳои хароҷотии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба андозаи 820 ҳазор сомонӣ кам карда шуд.
Ҷиҳати таъмини назорат вобаста ба истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷудогардида, санҷишҳои аудиторӣ дар 11 марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ гузаронда шуд, ки дар натиҷа зарари молиявӣ ба маблағи 2,6 миллион сомонӣ ошкор гардид, ки аз он, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 2 миллион ва маблағи рӯйпӯшнамудаи андозҳо ба 372,5 ҳазор сомонӣ рост меояд. Аз ҷумла, дар гурӯҳи татбиқи лоиҳа, таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна марҳалаи 3 ва барномаи омӯзиши касбӣ барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ зарари молиявӣ ба маблағи 1,3 миллион сомонӣ муайян карда шуд, ки аз он 1 миллиону 243 ҳазор ба буҷети давлатӣ барқарор карда шуд. Инчунин, дар доираи татбиқи лоиҳаи барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимолии Тоҷикистон 511,1 ҳазор сомонӣ, маркази идораи лоиҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо 197, 2 ҳазор, лоиҳаи барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои ҷанубии Тоҷикистон 185,3 ҳазор, лоиҳаи беҳтаркунии хизматрасонии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 140,5 ҳазор сомонӣ муайян карда шудааст.
Дар доираи санҷиши филиали рақами 54-и Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон 432,6  ҳазор, ҶДММ  «Сапеда» 112 ва истифодаи мақсадноки маблағҳо ба тариқи кредити додашудаи «Амонатбонк» 342,5 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд, ки аксари маблағҳо дар рафти санҷишҳои аудиторӣ ба буҷет барқарор шуданд.
Раиси Палатаи ҳисоб дар иртибот ба гузарондани санҷишҳои аудиторӣ дар вазорату идораҳо зикр сохт, ки дар вазоратҳои маориф ва илм беш аз 718 ҳазор сомонӣ, нақлиёт ва зерсохторҳои он 141 ҳазор, энергетика ва захираҳои об ва зерсохторҳои он, инчунин, Барқи тоҷик ва зерсохторҳои он  3,3 миллион, кишоварзӣ 1,1 миллион, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2,3 миллион, Кумитаи телевизион ва радио ва сохторҳои он 2, 6 миллион, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 383 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд. Дар натиҷа кормандони палата 81 маводи санҷишии аудиториро бо зарари молиявии 71,9 миллион сомонӣ  ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ирсол намуданд, ки аз он  истифодаи ғайримақсадноки  исрофкоронаи маблағҳои давлатӣ 19,9 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои Фаррух Ҳамрализода, Палатаи ҳисоб минбаъд низ фаъолияти худро ҷиҳати таъмини амнияти иқтисодии давлат, иҷрои саривақтиву сифатноки даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода бурда, бо мақсади пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ, маблағу амволи давлатӣ ва истифодаи мақсадноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.08.2017    №: 170    Мутолиа карданд: 1067
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед