logo

Хабарҳо

Варзиш

Ҷамолиддин соҳиби медали биринҷӣ
Тавре сомонаи Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, дар шаҳри Сантягои Чили Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни наврасон ба анҷом расид. Дар он панҷ нафар дзюдогарони навраси кишвар зӯр озмуданд ва байни онҳо натиҷаи беҳтаринро Ҷамолиддин Абдуллоев дар вазни то 66 кило ба даст овард. Ӯ дар рақобатҳо бар Чинг Лонг Вонг (Ҳонконг), Макрос Сантос (Бразилия), Петру Паливан (Молдова) дастболо гардида, дар зӯрозмоии нимфиналӣ аз Марк Кристони булғорӣ шикаст хӯрд. Барои ишғоли ҷойи сеюм Лан Кукитани аргентинӣ ва Байрам Кендемири туркро мағлуб карда, ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гашт.
Ҷаҳонгир Маҷидов бошад, дар вазни 81 кило то ба даври нимфинал роҳ ёфт, вале дар ду зӯрозмоии дигар шикаст хӯрд ва аз дарёфти медал ноком монда, мақоми панҷумро ишғол кард.

«Серес» - и Филиппин ҳарифи «Истиқлол» дар Ҷоми КФО – 2017
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳарифи дастаи «Истиқлол» - и Душанбе дар марҳилаи нимфиналии байниминтақавии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё - 2017 «Серес» - и Филиппин гардид.
Дидори аввалини ин дастаҳо 22 август дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мегардад ва бозии ҷавобиашон 12 сентябр дар шаҳри Баколиди Филиппин дар назар аст.
Дастаи пирӯзи ин ду бозӣ дар даври финалии байниминтақавӣ бо ғолиби ҷуфти «Бангалуру» (Ҳиндустон) – «25 апрел» - и Ҷумҳурии Халқи Демократии Корея зӯр хоҳад озмуд.
Бозиҳои финалии Ҷоми КФО - 2017 чоруми ноябр доир мегарданд. Агар «Истиқлол» роҳхат ба даври финалиро ба даст орад, он гоҳ Тоҷикистон мизбони бозиҳои ниҳоии Ҷоми КФО – 2017 хоҳад шуд.
Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 176

21.02.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов бо Оле Йоҳан Бёрней

Ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ дар Вазорати кишоварзӣ

Баррасии масоили мубрами густариши ҳамкориҳо

Баргузории намоиши «Корвони ҳунар»

Ҷаҳон дар як сатр

СММ Туркияро ба қатъи амалиёти низомӣ дар Африн даъват намуд

Дар ИДМ 90 нафар барои маблағгузории терроризм ба даст афтод

Кушта шудани 24 полис аз дасти толибон

ДИ дар Афғонистон ва Покистон реша медавонад

Венесуэла соҳиби криптоасъори худ шуд

Samsung дроне баровард, ки бо нигоҳ идора мешавад

20.02.2018


Бизнес-форуми доираҳои соҳибкорӣ баргузор мешавад

Хисрав Соҳибзода бо Султон Саъд ал-Мурайхӣ мулоқот намуд

Дурнамои рушди сиёсати давлатии ҷавонон матраҳ мегардад

ҶДММ “Суғуртаи асри XXI” соҳиби иҷозатнома шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Вячеслав Володин: «Дар Сурия миёни «ДИ» - ро Русия шикаст»

Гуфтушуниди Чин бо ҷудоихоҳони покистонӣ

Қазоқистон: «Шустан» - и $500 миллион ва 8 сол маҳрумӣ аз озодӣ

Барои барқарорсозии Мехико баъди заминҷунбӣ шаш сол зарур аст

19.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Валбурга Рос мулоқот намуд

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Япония густариш меёбанд

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мешавад

Барориши нахустини коғазҳои қиматнок ба иқтисоди кишвар 500 миллион доллар ворид намуд

Нуъмон Абдуғаффорзода: "Ба шарофати имтиёзҳои андозию гумрукӣ инфрасохтори сайёҳӣ рушд меёбад"

Ҷаҳон дар як сатр

Масъулияти куштори одамон дар Қизлярро «ДИ» ба зимма гирифт

ИА воридсозии сулҳофарон ба Донбассро воситаи қатъи таҳрими зиддирусӣ мешуморад

Мексика дар 33 мунитсипалитет ҳолати фавқулода роҳандозӣ кард

Садамаи чархбол боиси марги 13 нафар гашт

Дар Венесуэла ҳавопаймо ба болои хона афтид

Варзиш

17.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Ясмин Гуедар мулоқот намуд

Баррасии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед