logo

Хабарҳо

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Даври навбатии  Фестивал - озмуни ҷумуҳуриявии  эҷодиёти халқ «Бӯстон - 2017» дар водии Рашт нахуст аз ноҳияи Сангвор оғоз ёфт. Сараввал   намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар назди бинои Кохи фарҳанг баргузор гардид. Дар он  аз ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ҳунармандон маҳсули меҳнати худро ба маърази тамошо гузоштанд.
Бояд қайд намуд, ки ба рушди ҳунарҳои мардумӣ дар ин ноҳияи дурдаст аҳамияти хоса зоҳир мегардад. Дар баробари ҳунари кадбонуӣ занони ноҳия  ба шуғли  гулдӯзӣ, зардӯзӣ ва дӯхтани  сару либосҳои миллӣ   машғул мебошанд. Ҳайати ҳакамон  аз намоишгоҳ дидан намуда, ба ҳунари волои занону духтарони ин ноҳияи дурдасти кӯҳистон баҳои баланд дод.
Пас аз боздиди меҳмонон ва ҳайати ҳакамон аз намоишгоҳ дар толори Қасри  фарҳанг истеъдодҳои ҷавон аз рӯи шартҳои озмун бо маҳорати баланд  ҳунарнамоӣ карданд.
Дар ҷамбаст, ҳайати ҳакамон андешаи хешро оид ба ҳунару истеъдоди ҳар як иштирокчӣ  иброз дошта, ба беҳтаринҳо, аз ҷумла дар бахши бадеҳа ба Исмоил Саидов ва Саида Билолова, дар саҳначаи ҳаҷвӣ ба Идигул Носирова, дар рақси якка ба Саёҳат Ғафурзода ва дигар чеҳраҳои ҷавон, ки истеъдод ва маҳорати хуб-ро нишон доданд, дипломи фестивал  - озмунро тақдим карданд.   
Боиси зикр аст, ки мақсади фестивал - озмуни мазкур эҳёи мероси фарҳангӣ ва дарёфти чеҳраҳои нав дар ҷодаи санъати рақс, навозандагӣ, овозхонӣ, ҳаҷву мутоиба ва бадеҳахонӣ мебошад.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 259

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал

ХАТЛОН. Рафти кишти такрорӣ бад нест, аммо...

Ҷаҳон дар як сатр

Путин зарурати рушддиҳии технологияҳои рақамиро таъкид кард

Ба Афғонистон низомиёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар меоянд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед