logo

Хабарҳо

"СУМАЯ" коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Лахш

ар ноҳияи Лахш ба масъалаи таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсолию хизматрасонӣ таваҷҷуҳи  махсус зоҳир мегардад. Дар  доираи барномаи «Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми деҳоти 9 ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар аз ҷониби Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон амалӣ мегардад, дар шаҳраки Ваҳдати ноҳия коргоҳи дӯзандагии «Сумая» бунёд ёфт. Тавассути таъсиси корхонаи мазкур 18 сокини маҳаллӣ аз ҷумлаи бонувон  ба ҷойи кори доимӣ  фаро гирифта шуданд.
Ба гуфтаи Шералӣ Холиқов, сарустои коргоҳи дӯзандагии «Сумая», бинои дуошёнаи коргоҳро соҳибкорони маҳаллӣ сохтаанд. Барои таъмини корхона бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла  мошинаҳои дарздӯзии JUKI - Япония ва мошинаҳои поракунию дарзмолкунӣ, аз ҳисоби барнома ва роҳбари корхона қариб 200 ҳазор сомонӣ сарф гардид. 
- Либосҳои дӯхтаи корхонаи мо ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, аллакай  харидорони худашонро пайдо карда истодаанд. Қисми зиёди маҳсулоти коргоҳ ҷиҳати таъмини  сарулибоси хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ истеҳсол карда мешавад. Ҳамчунин, дар ин ҷо барои духтурон, кормандони роҳ ва аскарону афсарон либосҳо дӯхта мешаванд. Чанд  намуна либосҳои миллӣ ва расмӣ низ дӯхта ба фурӯш гузоштем. Мо метавонем ба тамоми қишрҳои ҷомеа хизмат расонем. Ҳоло мехоҳем, ки  таҷҳизоти бештарро ба коргоҳ васл намуда,  аксар маҳсулоти ниёзи мардумро таъмин намоем ва ба ин васила барои занону духтарони ҳунарманди маҳаллӣ  ҷойҳои нави  корро бештар намоем, - гуфт ӯ.
удодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 148

21.11.2017


Муаррифии китоби «Пешвои миллат ва сиёсати забон»

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон

Ифтитоҳи бинои раёсати адлияи ВМКБ

«Шабе дур аз Ватан» дар Владикавказ намоиш дода мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

Туркманистон аз кишварҳои амнтарини дунё эътироф гардид

Конгресси ИМА аз алоқаи Трамп бо Русия ягон далел наёфт

Ҷустуҷӯи киштии зериобии Аргентина шурӯъ шуд

Олмон ба кӯдакон бастани соатҳои «доно» - ро манъ намуд

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед