logo

иҷтимоиёт

ТАНДУРУСТӢ. ИСЛОҲОТ, ДАСТОВАРДҲО ВА ДУРНАМО

Тандурустӣ яке аз соҳаҳоест, ки Ҳукумати  кишвар ба он таваҷҷуҳи хосса дорад ва дар доираи сиёсати иҷтимоии худ ислоҳоти онро идома дода истодааст. Ин ислоҳот ба хотири навсозӣ ва мувофиқи талаботи замон ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои тиббӣ,  беҳтар намудани сифат ва самаранокии хизматрасонӣ ба аҳолӣ, рушди шаклҳои нави кумаки тиббӣ роҳандозӣ гардидааст. Мушоҳидаҳо ва ҳисоботи оморӣ нишон медиҳанд, ки   тадбирҳои мазкур самараи чашмрас медиҳанд.

Аз рӯи маълумотҳо, танҳо дар 15 соли охир  бо мақсади беҳбудии шароити зиндагӣ ва фаъолияти самараноки  табибон  маблағгузории соҳаи тандурустӣ 19 баробар афзуд. Шароити инфрасохтори соҳа низ нисбат ба солҳои қаблӣ  беҳтар гардида, кумакҳои аввалияи тиббию санитарӣ тавсеа ёфтанд. Дар ин росто бунёд ва таъмиру навсозӣ гардидани як қатор муассисаҳои соҳаро метавон мисол овард. Аз рӯи иттилои дастрасшуда, дар раванди ислоҳоти соҳа дар манотиқи гуногуни кишвар зиёда аз 1000 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ бунёд ва таъмиру барқарор гардида, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин шуданд. Беморхонаи вилоятии бемориҳои саратон дар шаҳри Кӯлоб, беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии шаҳраки Данғара, марказҳои саломатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Хуросон, Ҷайҳун, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Рӯдакӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ дар ноҳияҳои Варзоб, Бохтар аз ҷумлаи онҳоянд.
Дар самти солимии модарону кӯдакон низ корҳои назаррас анҷом пазируфтанд. Таъсиси Маркази ҷумҳуриявии  тиббию генетикиро, ки он ба   ташаккули оилаи солим, пешгирии таваллуди  кӯдакони  гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ, бемориҳои дигари ирсӣ мусоидат менамояд, метавон аз зумраи онҳо номид. Ҳамчунин, ба хотири пешгирии пайомадҳои нохуши никоҳи  хешовандони  наздик - таваллуди  кӯдакони маъюб «Қоидаҳои гузарондани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда» роҳандозӣ шуданд. Акнун ҷавононе, ки оила барпо карданианд, қабл аз никоҳ, ҳатман аз ташхиси тиббӣ мегузаранд ва танҳо дар сурати мусбат будани ташхис метавонанд оила барпо намоянд. Ин ва дигар тадбирҳои андешида боис  гардиданд, ки нишондиҳандаи фавти модарон солҳои охир 1,8 ва фавти кӯдакон 2,7 баробар кам гардад. Умуман, муассисаҳои тиббии кишвар як қатор усулҳои нави табобат ҳангоми нуқсонҳои вазнини модарзодии дил, ҷарроҳии пайвандсозии гурдаю ҷигар, иваз намудани буғуми рон ва зону ба буғуми сунъӣ, усулҳои нави ҷарроҳии чашм, ҷоғу рӯй ва саратони сурхнойро роҳандозӣ намуда, натиҷаи чашмрасро соҳиб шуданд. Ҷарроҳии нодири дигаре, ки бори аввал дар кишвар гузаронда шуд, пайванди мағзи устухон мебошад. То ҳол табибони кишвар 2 нафар беморро чунин ҷарроҳӣ намуда, ба онҳо умри дубора бахшиданд. 
Ислоҳоти соҳа имкон фароҳам овард, ки  қариб ҳамаи шаҳрвандон дар дохили кишвар ташхису табобат мегиранд. Ба гуфтаи коршиносон, ҳоло шумораи шаҳрвандони ба хориҷи кишвар барои ташхис ва табобат муроҷиаткунанда нисбат ба солҳои пешин хеле коҳиш ёфтааст.
Бо вуҷуди ин, мушкилоти ҳалталаби соҳа ҳанӯз зиёданд. Беҳтар намудани сифати неруи кадрӣ, вазъи  ногувори бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва бемористонҳо дар як қатор ноҳияҳову деҳоти дурдаст, азхудкунии технологияи муосири тиббӣ, инчунин, баланд бардоштани муоширати кормандон, аз ҷумлаи мушкилотест, ки ҳалли бетаъхирро тақозо доранд. Назорати сифати доруворӣ низ аз мушкили асосии соҳа аст. Зеро ҳоло 90 дарсади маводи доруӣ аз хориҷи кишвар  ворид шуда, сифати он дуруст муайян намегардад. Мунтазам зиёд шудани нархи дорувор низ мушкили соҳа гардидааст.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2017    №: 174-175    Мутолиа карданд: 491

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт

Дар Қазоқистон хароҷоти соҳаи тандурустӣ то 5 дарсади ММД боло меравад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик

20.12.2019


Дурнамои густариши ҳамкориҳо матраҳ гардид

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимии нав

Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Эмилио Певида Пупо

19.12.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед