иҷтимоиёт
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН. ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ ТАВСЕА МЕЁБАНД
Дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази илмӣ - тадқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ таъсис гардид. Марказ дар асоси ҳамкорӣ байни академияҳои кишвар ва Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд ёфта, нахустин муассисаи муштараки илмии Тоҷикистону Чин ба шумор меравад.
Ҳадаф аз таъсиси марказ мусоидат намудан ба тадқиқоти илмии экологӣ ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ, аз ҷумла гузарондани тадқиқот дар самти илмҳои табиатшиносӣ, коркарди мавзӯъҳои илмӣ – амалӣ дар соҳаҳои экология ва муҳити зист, захираҳои табиии кишоварзӣ, омӯзиши равандҳои тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зист, гуногунии биологӣ ва экосистемаҳои табиӣ, тақвият бахшидани корҳои тадқиқотӣ дар соҳаи геология, таҳлили физикӣ - химиявии ҷинсҳои кӯҳӣ, ворид намудани таҷҳизоти нави илмӣ арзёбӣ мегардад.
Тағйирёбии иқлим, мушкилоти экологӣ ва ҳифзи муҳити зист на танҳо Тоҷикистон ва минтақа, балки ҷаҳонро нигарон кардааст. Солҳои охир дар натиҷаи ин тағйирёбӣ фаслҳои сол хусусиятҳои иқлимии худро дигар карда истодаанд. Масалан, дар кишварҳое, ки одатан иқлимашон мӯътадил буд, ҳоло ҳарорат хеле баланд гашта, барои аҳолӣ мушкилоти зиёдеро ба миён овардаанд. Мувофиқи тадқиқоти олимони тоҷик раванди тағйирёбии иқлим ба кишвари мо, хусусан ба табиат - набототу ҳайвонот таъсири манфӣ расондааст. Ин дигаргунӣ бештар дар Вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшон ба назар мерасад. Аз рӯи мушоҳидаҳои олимон дар ин минтақа баъзе рустаниҳо хусусияти инкишофии худро гум карда, чарогоҳҳо ба биёбоншавӣ оғоз намудаанд, ки сабаби аз як минтақа ба минтақаи дигар кӯч бастани ҳайвоноти гуногун гардид. Раванди босуръат гармшавӣ, ҳамчунин сабаби об шудани пиряхҳои азим дар минтақа мебошад.
- Масъалаи бамиёномада олимони кишварро водор месозад, ки дар ин самт тадқиқот анҷом дода, омилҳо ва механизми раванди тағйирёбиро муайян ва барои бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ чора андешанд, - мегӯяд Юнус Мамадҷонов, котиби илмии маркази мазкур.
Бинобар иттилои Ю. Мамадҷонов корҳои илмӣ якҷо бо олимони чинӣ гузаронда мешаванд. Айни замон, олимони марказ масъалаи пайдоиши хавф ва офатҳои табиии мавзеи Майхӯраи ноҳияи Варзобро омӯхта истодаанд. Кормандони он чунин тадқиқотро дар минтақаҳои дигари кишвар низ гузаронданианд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.08.2017 №: 177 Мутолиа карданд: 602