logo

иҷтимоиёт

ХУРОФОТ. ҶАВОНОН НАБОЯД ҒОФИЛ БОШАНД

Боиси таассуф аст, ки собиқ раиси ҳизби ифротгаро ва террористии наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ, ки нисбаташ барои кӯшиши табаддулоти давлатӣ ва ғасби ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, айни ҳол дар ҷустуҷӯ қарор дорад, барои зинда мондани «бақои сиёсии худ»  садо баланд намуда, чун хоину ватанфурӯш дар хориҷи кишвар барои ба даст овардани  хоҷагони нав муқаддастарин ва гиромитарин арзишҳоро пушти по зада, манфиат ҷуста истодааст.

Иштироки Кабирӣ дар конфронси  “ҳамоиши “Ваҳдати уммат” бо ибтикори бахши осиёии Иттиҳоди байналмилалии уламои исломӣ дар Клинтани Малайзия (21-24 июли соли 2017) бозгӯи он аст, ки  ӯ ва ҳаммаслаконаш  аз хориҷи кишвар  бо ҷомаи наву ақидаи куҳна фитнаҳои навбатиро барои парокандагии халқи тоҷик равона карда истодаанд.       
Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш имрӯз «минбар» - и конфронсҳои исломӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро  танҳо ба расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш мавриди истифода қарор додаанд. Аммо дарк намесозанд, ин «ҳадафҳои нопокашон» ба дини ислом ҳеҷ муносибати аслӣ надоранд.
Ҳар нафаре, ки имрӯз вориди шабакаи интернет мешавад, бояд фаҳмад, ки ҳама гуна шиорҳо, даъватҳо, гуфторҳо, рафторҳои Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш чӣ маъно доранд, манфиати кадом гурӯҳ ва нақшаҳои нопоки кадом хоҷагони хориҷиашро ҳимоя мекунад. Ниҳоят, муҳим аст, ки дарк намоянд, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш  дар муқобили Ватани аҷдодӣ ва манфиатҳои миллии хеш худро дар чӣ «қолаб» ба намоиш гузошта истодаанд. Онҳо тавассути хоҷагони хориҷиашон танҳо як ҳадафи нопок доранд – ин  ғасби ҳокимият ва ноором сохтани вазъ дар қитъаи Осиёи Миёна.
Ба қавли С. Ятимов: «Пуштибонон, басаҳнагузорандагон, коргардонони онҳо доноанд. Барои манфиатҳои худашон устодона, ҳадафмандона, тахассусмандона кор мекунанд, ки нияти хешро тавассути  «ватандорон» амалӣ кунанд. Нақшаҳои террористиро ҳам».
Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш  баъди хомӯшии кӯтоҳ имрӯз тавассути минбари конфронсҳои исломӣ «ҳимоят» аз ислом мекунанд. Ин бозгӯи он аст, ки ӯ имрӯз «грант»-ҳои хоҷагони хориҷии худро ёфтааст ва ё «ҳақулмузд» - и солҳои пешин гирифтаашро дар назди хоҷагони худ «ҳалол» накардааст. Зеро, имрӯз ҳар як  сарвари ҷараёну равия ва ҳизбу ҳаракати ифротгарое, ки бо номи ислом ва бо истифода аз номи он  дар хориҷи кишвар  садо баланд мекунанд, аз пуштибонии хадамоти ҷосусии хориҷӣ бебаҳра нестанд. Хориҷиён тавонистанд бо истифода аз «хизмат» - ҳои Кабирӣ ҷаҳолату хурофот ва таассубро, ки аз дини мубини ислом фарсахҳо дуранд, боз миёни мардум биёранд. Ҳадафи нопоки Кабирӣ ва хоҷагони хориҷиаш тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ  ҳазорон нафар ҷавононро ифротӣ намудан ба таври муташаккил ва зери шиорҳои сиёсишудаи динӣ ба раванди муборизаи сиёсӣ ва қудратӣ кашондан аст ва низ мехоҳад ҷавонони раҳгумзадаро ба як қувваи калони вайронкор табдил бидиҳанд.
Кабирӣ баъди ноком гардидан аз табадулоти давлатӣ тавассути хоҷагонаш имрӯз шеваи ифротгароии хешро дигар карда, тавассути сомонаҳои ба ном динӣ мағзи садҳо ҷавонро, ки ғофил аз андешаи солими исломӣ мебошанд, заҳролуд месозад ва мехоҳад ононро дар рӯҳияи пайравӣ аз ифротгароӣ тарбия намояд ва ба ҳамин васила шумораи аз дастрафтаи наҳзатиёни ифротгароашро барқарор созад.
Бинобар ин, насли нави ҷавонони моро лозим аст, ки дар ин марҳилаи муҳими ҳаёт барои интихоби роҳи дурусти оянда боэҳтиёт ва оқилу зирак бошанд. Бо чашми ақл худ ҳодисаҳои ҷараёндоштаро дар кишварҳои атроф мушоҳидаву таҳлил намоянд, то сафедро аз сиёҳу дӯстро аз душман фарқ карда тавонанд!
Сироҷиддин  ГУРЕЗОВ,
мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2017    №: 177    Мутолиа карданд: 633
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед