logo

маориф

ЛИБОСИ МАКТАБӢ. ДАСТУРАМАЛИ НАВ ТАҲИЯ ШУД

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои  хонандагонро омода ва ҷиҳати татбиқ ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ пешниҳод намуд. Ба гуфтаи кормандони вазорат он баробарии хонандагонро дар муассисаҳои таълимӣ таъмин месозад.
Тибқи дастурамал барои ба саломатии кӯдакон таъсири манфӣ нарасондан аз истифодаи матоъҳои сунъӣ (синтетикӣ) худдорӣ мешавад. Домони сиёҳ ё ҷигарии духтарон бояд аз зону поён бошад. Ба духтарон бо рӯймоли миллӣ ва тоқӣ ба дарс омадан иҷозат дода шудааст. Барои писарон шими сиёҳ, хокистарранг бо куртаи сафед ва кабуди осмониранг, шиму костюми сиёҳ ё сафеди хокистарӣ бо куртаи сафед, кабуди осмонирангро тавсия  додаанд. Ҳангоми сард будани синфхонаҳо хонандагон метавонанд дар дарс бо либоси гарми зимистона (камзӯлча, палто, жемпер ва куртка) нишинанд. Ҳамаи хонандагон ҳангоми ба дарс омадан бо худ сумка, портфел ё худ ҷузвдон мегиранд.
Дастурамал бо либоси варзишӣ (ба истиснои дарси тарбияи ҷисмонӣ ва рӯзҳои шанбегӣ), нимбараҳна, даридаву шикофтаи мӯдшуда, таблиғоти ғайрдошта, ки дорои ҳар гуна навиштаҷот мебошанд ва парчаму рамзҳои дигар давлатҳо дар онҳо тасвир ёфтаанд (аз қабили либосҳои танги суратдор, нимурён, доманҳои аз ҳад зиёд танг ва кӯтоҳ, футболкаҳо ва нимостинҳои тасвирдор, куртаҳои пур аз навиштаҷот, шимҳои суратдору гулдор, сатр, ҳиҷоб, шарфҳои сафеди дароз) ба дарс омаданро манъ намудааст. Барои духтарон, ҳамчунин, овехтани зиёда аз як гӯшвор дар гӯш, пӯшидани либосҳои синтетикии қиматбаҳо, рангу бори аз меъёр зиёди рӯю лабҳо, абрувон, расму тасвирҳо  дар дасту пой, рӯю бадан, овехтани ҳар гуна ҷавоҳирот дар бинию гардан, абрувону пешонӣ ва дасту пой, истифодаи маводи ороишии аз андоза зиёд дар куртаву либосҳои тавсиявиро низ манъ кардааст.
Дар арафаи  идҳои миллӣ (бахусус Наврӯз, Сада, Меҳргон) духтарон метавонанд бо куртаи атлас, адрас ва дигар либосҳои миллӣ, рӯймоли миллӣ (ё бе рӯймол) ба дарс ҳозир шаванд.
«Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» падару модарон уҳдадоранд, ки риояи тартиби либосҳои расмии мактабиро аз ҷониби фарзанд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат намоянд. Тибқи банди 94 «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  соли 2016 тасдиқ шудааст, маъмурияти муассисаи таълимӣ ва омӯзгорон уҳдадоранд, ки дар ҳолати аз ҷониби хонандагон халалдор шудани тартиботи дохилии муассисаи таълимӣ, ба дарсҳо бе тайёрӣ омадан ва напӯшидани сарулибоси тавсиявӣ, падару модар  ё шахсони онҳоро ивазкунанда сари вақт хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намоянд», - омадааст дар дастурамал.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2017    №: 177    Мутолиа карданд: 1970
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед