logo

иҷтимоиёт

ГИРИФТИ ОФТОБ – ҳодисаи муқаррарии табиӣ

Тибқи иттилои Институти астрофизикаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, 21 августи соли ҷорӣ гирифти пурраи навбатии Офтоб ба амал омад.

Аммо фазаи пурраи он дар ҳамаи рӯи Замин дида нашуд. Шароити мусоид барои мушоҳидаи фазаи пурра дар қаламрави ИМА буд. Фазаҳои қисмани гирифти Офтоб дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, инчунин дар Аврупои Ғарбӣ ва Осиё (Нимҷазираи Чукотский) дида шуд. Дар Тоҷикистон ҳодисаи моҳи нав 21 август, соати 23:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба амал омад. Гирифти Офтоб 21 август соати 21:48 дақиқаи вақти маҳаллӣ сар шуда, 22 август соати 01:02 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба охир расид. 21 август дар минтақаи Тоҷикистон Офтоб соати 19:11 дақиқаи вақти маҳаллӣ ғуруб кард. Пас, мушоҳидаи гирифти Офтоб дар минтақаи Тоҷикистон номумкин буд.
Ҳодисаи астрономии «Гирифти Офтоб» вақте ба вуқӯъ меояд, ки Моҳтоб пурра ё  қисман Офтобро аз назари мушоҳидачии дар рӯи Замин буда мепӯшонад (торик мекунад). Гирифти Офтоб танҳо ҳангоми навшавии Моҳтоб имконпазир мебошад. Инчунин,  фазаи Моҳтоб мебошад, ки он аз Замин тамоман дида намешавад. Боз барои гирифти Офтоб зарур аст, ки Моҳтоб дар наздикии яке аз ду нуқтаҳои буриши мадорҳои Моҳтоб ва Офтоб ҷойгир бошад. Бинобар ин, гирифти Офтоб ҳодисаи зудтакроршаванда нест. Дар як сол дар Замин аз 2 то 5 ҳодисаи гирифти Офтоб ба амал меояд, ки аз он на зиёда аз дутояш пурра ва ё ҳалқамонанд мебошанд. Қутри сояи Моҳтоб дар сатҳи Замин  на зиёда аз 270 киллометр  аст, барои ҳамин гирифти Офтоб танҳо дар қисмати соя мушоҳида мешавад. Агар мушоҳидачӣ дар қисмати рахи соя бошад, ӯ гирифти пурраи Офтобро мебинад, ки дар он Моҳтоб пурра Офтобро мепӯшонад, осмон торик мешавад ва дар осмон сайёраҳо ва ситораҳои равшан намоён гашта метавонанд.
Бори охир чунин гирифти пурраи Офтоб 11 августи соли 1999  мушоҳида шуд. Он вақт мо онро ҳамчун гирифти нопурраи Офтоб дида будем, чун фазаи пурраи гирифт дар минтақаи Тоҷикистон дуруст наомад.  Чунин гирифти Офтоб  2 сентябри соли 2035 рух хоҳад дод.
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2017    №: 178-179    Мутолиа карданд: 530

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед