logo

иҷтимоиёт

ХУРОФОТ. ИҶРОИ ҚОНУН ОНРО АЗ БАЙН МЕБАРАД

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеа бахшида ба 10 - солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рӯзгори мо саҳифаҳои тоза боз намуд. Зеро Сарвари давлат бо пешниҳодҳои судманду саҳеҳ бори дигар аз мардум даъват ба амал оварданд, ки барои таъмини рӯзгори шоистатари худ аз зиёдаравиҳо даст кашанд ва дар иҷрои талаботи қонуни мавриди назар масъул бошанд.
Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, сархатиби масҷиди ҷомеъи марказии Шайх Маслиҳатдини шаҳри Хуҷанд, бо ҷонибдорӣ аз дастуру нишондодҳои Пешвои муаззами миллат нақши ин санади муҳимро дар беҳбуди зиндагии шаҳрвандон муассир донист. Ба андешаи ӯ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хурофоти дар давоми солҳои зиёд шаклгирифтаро аз байн бурд.
– Бояд дуруст дарк кард, ки ҳадафи қонун на аз байн бурдани маъракаву маросимҳост, балки танзими анъана, ҷашну маросимҳо ва ҳифзи оқилонаи мероси миллӣ аст. Дар доираи татбиқи ин санад як қатор дигаргуниҳои мусбат ба миён омада, исрофкориҳо аз байн рафтанд. Таассубу ман-манӣ ва бузургманишиҳо ислоҳ шуданд, - изҳор дошт Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода.
Дар мавриди  ҳифзи забон, анъана ва либоси миллӣ, ки дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи калидӣ дошт, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода иброз намуд, ки ба шарофати Имоми Аъзам  ва мазҳаби Ҳанафӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон то Урдун ҳамроҳи дин анъана, урфу одат, либос ва забони миллӣ ҳифз гардидааст. Ин аст, ки соли 2009 бо ташаббуси бевоситаи Президенти маҳбуби кишвар дар мамлакати мо бо ҷалби рӯҳониёни маъруфи олами ислом соли бузургдошти Имоми Аъзам таҷлил шуд. Инсон бояд аз рӯи ақл кор кунад. Абуҳанифа таъкид мекарданд, ки Қуръон ва ҳадис бо урфу одат, забон, сарулибоси миллӣ нигоҳ дошта шавад. Дар иртибот ба  тарғиби либоси миллӣ Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода тазаккур дод, ки он аз тариқи воситаҳои ахбори омма хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Беш аз ҳазор сол инҷониб мардуми мо бо ҳамон либоси миллӣ  ибодат мекунанд. Аслан маънои сатр либос аст. Дар шариат муайян накардаанд, ки он чӣ гуна либос аст. Мардум барғалат либоси сиёҳро сатр мепиндоранд. Ҳол он ки ҳамон либоси миллӣ сатр аст. Аслан либоси сиёҳ дар деҳоти вилояти Суғд дида намешавад. Он аҳён – аҳён дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ба назар мерасаду халос. Бовар дорем, ки ин падидаи номақбул бо роҳи фаҳмондадиҳӣ  аз байн меравад. Бояд тазаккур дод, ки дар аксари кишварҳо мардум ба либоси миллии худ авлавият медиҳанд. Чунончи, афғонҳо бештар либоси рангаш баланд, ҳиндуҳо либоси зард ва африқоиҳо либоси  рангорангро мепӯшанд. Аз ин рӯ, мо низ бояд ба ин масъала мутаваҷҷеҳ бошем ва ба  фарҳанги либоспӯшии худ дар доираи арзишҳои миллӣ арҷ гузорем.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2017    №: 178-179    Мутолиа карданд: 517

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед