logo

номаҳо

"МАКТАБ" Ё "МУАССИСА"?

Чанд сол аст, ки дар матбуоти даврӣ калимаи «муассиса» мавриди истифода қарор дорад. Бо пешниҳоди Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ низ ба ҷои калимаи «мактаб»  калимаи «муассиса» - ро пазируфтанд. Бешак, дар ин маврид маблағҳои хеле зиёд барои иваз намудани овезаҳо, муҳр, «мактаб» сарф шудаанд. Аммо дар рӯзномаю маҷаллаҳо ҳанӯз ҳам калимаи «мактаб» боқисту мавриди истифода қарор дорад. Албатта, мисол намеорам, чун бениҳоят зиёд онро кор мефармоянд. Инчунин, ҳақиқати мазкур исботро намехоҳад. Ба фикри инҷониб, иваз намудани калимаи «мактаб» ба калимаи «муассиса» он қадар зарурияти зиёд надошт, зеро чӣ «мактаб» ва чӣ «муассиса» - ҳар ду калимаи арабист. Аммо аввалӣ нисбат ба дувумӣ  бештар мавриди истифода қарор дошту фаҳмо буд.
Чунин ивазкуниҳо ва он ҳам зуд-зуд ба нафъи забон, миллату кишвар нест. Агар масъулон як бор бо диққат ба матбуот ва радиою телевизион аҳамият бидиҳанд, ҳатман ба чунин навиштаҳову гуфтаҳо дучор мешаванд: мактаби миёна, мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ. Яъне ин се ифода то қабули «муассиса» дар чанд соли охир чун дар истифода буд, дар зеҳнҳо ҳамчунон нишастаасту зудудани онҳо ба осонӣ даст намедиҳад.
Кӣ кафолат дода метавонад, ки фардо боз ин ифода низ тағйир намеёбад?
Алифшо ШОАЛИФЗОДА, омӯзгори собиқадор, раиси собиқадорони ҷангу меҳнати деҳаи Яхшиволи ноҳияи Ишкошим


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.08.2017    №: 180    Мутолиа карданд: 1449

21.02.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов бо Оле Йоҳан Бёрней

Ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ дар Вазорати кишоварзӣ

Баррасии масоили мубрами густариши ҳамкориҳо

Баргузории намоиши «Корвони ҳунар»

Ҷаҳон дар як сатр

СММ Туркияро ба қатъи амалиёти низомӣ дар Африн даъват намуд

Дар ИДМ 90 нафар барои маблағгузории терроризм ба даст афтод

Кушта шудани 24 полис аз дасти толибон

ДИ дар Афғонистон ва Покистон реша медавонад

Венесуэла соҳиби криптоасъори худ шуд

Samsung дроне баровард, ки бо нигоҳ идора мешавад

20.02.2018


Бизнес-форуми доираҳои соҳибкорӣ баргузор мешавад

Хисрав Соҳибзода бо Султон Саъд ал-Мурайхӣ мулоқот намуд

Дурнамои рушди сиёсати давлатии ҷавонон матраҳ мегардад

ҶДММ “Суғуртаи асри XXI” соҳиби иҷозатнома шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Вячеслав Володин: «Дар Сурия миёни «ДИ» - ро Русия шикаст»

Гуфтушуниди Чин бо ҷудоихоҳони покистонӣ

Қазоқистон: «Шустан» - и $500 миллион ва 8 сол маҳрумӣ аз озодӣ

Барои барқарорсозии Мехико баъди заминҷунбӣ шаш сол зарур аст

19.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Валбурга Рос мулоқот намуд

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Япония густариш меёбанд

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мешавад

Барориши нахустини коғазҳои қиматнок ба иқтисоди кишвар 500 миллион доллар ворид намуд

Нуъмон Абдуғаффорзода: "Ба шарофати имтиёзҳои андозию гумрукӣ инфрасохтори сайёҳӣ рушд меёбад"

Ҷаҳон дар як сатр

Масъулияти куштори одамон дар Қизлярро «ДИ» ба зимма гирифт

ИА воридсозии сулҳофарон ба Донбассро воситаи қатъи таҳрими зиддирусӣ мешуморад

Мексика дар 33 мунитсипалитет ҳолати фавқулода роҳандозӣ кард

Садамаи чархбол боиси марги 13 нафар гашт

Дар Венесуэла ҳавопаймо ба болои хона афтид

Варзиш

17.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Ясмин Гуедар мулоқот намуд

Баррасии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед