logo

иҷтимоиёт

ЗОДАИ ҒАДР

Касе, ки аз бародари мусулмони худ машварат пурсад, вале ӯ машварати хато ва носавоб диҳад, хоини ӯст.
 
Ба назари банда ин ҳадиси муборак дар ҳар маврид ҳикмат дорад ва қобили корбарӣ аст. Он одоби мушовиронро низ муайян мекунад. Ҳамчунин, иртиботи он ба мавзӯи баҳси мо ибратбахш аст. Муҳтарам мушовири аршади Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон оқои Саидрасули Мӯсавӣ бояд ин ҳадиси муборакро ба эътибор мегирифтанд.
Машварат чанд навъ мешавад. Масалан, аз лиҳози илмӣ машварат ва машваратдиҳӣ набояд хилофи ҳақиқат, бе асоси илмӣ, ғайривоқеъбинона сурат гирад. Пӯшидани ҳақиқат, таҳрифу идеолоҷисозии он, ба манофеи мухталифи сиёсӣ тобеъ сохтани он, хиёнат ба илм аст. Аммо, аз назари сиёсат бошад, вафодорӣ ба давлат, миллат, дин, Худо ва ҳар кадом дар мавзеи худ асл дониста шуда, қавлу амали мухолиф ба онро хиёнат мегӯянд.
Масалан, мушовири муҳтарам, ки эшон муҳаққиқи хеле хуб ҳам мебошанд, дар мавриди робитаи пасипардагии сиёсии Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳақиқату воқеиятро равшан медонанд. Аммо дар ин бора муҳаққиқона ҳарф намезананд. Эшон дар ин маврид ба хотири вафодорӣ ба давлати худ одоби илмиро нодида гирифта, ба ибораи дигар, ба илм вафодорӣ нишон надода, моҳияти аслии ҲНИТ-ро пардапӯш менамоянд. Ин моҳият ибтидоан ва интиқоан, ба стратегияи судури инқилоби «вилояти фақеҳ» марбут аст. Маҳз дар доираи ҳамин стратегия, пеш аз ҳама, ба хотири манофеи «Тоғути акбар» алайҳи «Тоғути кӯчак» аз тариқи эҷоди Ҷумҳурии Исломии Эрон ва таъсиси ниҳодҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбҳои динии сиёсӣ ба сифати «сипоҳҳои панҷум» (пятая колонна) ҷиҳати тавсеа бахшидан ба сиёсати «вилояти фақеҳ», муҳайё сохтани заминаи ошӯбҳои геополитикӣ ва байналмилалӣ сохтани терроризм, нақшаи таъсиси ҲНИТ ба миён омадааст.
Аз ин ҷиҳат, ҲНИТ - ро сипоҳи вилояти фақеҳ дар Тоҷикистон ҳисобидан дуруст аст. Бо кӯшиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дигар давлатҳои манфиатдор ҳадафҳои геостратегии муштаракро низ дар минтақаҳои дилхоҳ пайгирӣ менамоянд. Албатта, ин маънои онро надорад, ки давлатҳои манфиатдор мехоҳанд аз ҲНИТ қувваи бузург ва барои худ дарди сар эҷод намоянд. Нақш ва аҳамияти ҲНИТ-ро аз доираи манфиатҳои абарқудрат берун дидан хато хоҳад буд. Аммо яқин аст, ки мубориза барои тағйир додани вазъи геополитикӣ дар дунё, хоссатан дар Осиёи Марказӣ, хеле шадид хоҳад буд. Ирҳоби шумулӣ (фарогир) дар камини давлатҳо қарор дорад. Ин омилро бояд ҷиддӣ қабул намуд. Мушовири муҳтарам низ бояд дар назар дошта бошанд. Эшон бояд иқрор мешуданд, ки ҳамкории маҳрамонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҲНИТ дар ҳамин асосҳо қарор дорад. Вале, маълум аст, ки ҳар як амр ниҳоят дорад. Танҳо аз рӯи ибтидои он баҳогузорӣ кардан комилан дуруст нест. Гап дар сари он аст, ки ҲНИТ ба ҷуз василаи номашрӯъ чизи дигаре нест. Зеро, вақте ки хоҷагон ба мақсадҳои худ расиданд, ходимон нодаркор мегарданд ва саҳнаро хоҳ ба хубӣ ё ба зӯрӣ холӣ мекунанд.
Илова бар ин, бояд гуфт, ки дар ҳаёт лаҳзаҳое ба вуҷуд меоянд, ҳақиқати кор ошкор мешавад. Ва кӣ ба чӣ машғул аст, маълум мегардад. Ин ҳолат барои баъзеҳо дертар бошад, барои баъзеҳои дигар зудтар. Аммо як чиз яқин аст, ки Абдуллои Раҳнамо ҳақ дорад аз манофеи давлатдории миллии тоҷикон ҳимоят намояд ва ҳақиқатро дар бораи ҲНИТ ошкор созад.
Ҳамчунин, бояд гуфт, ки ҳифзи амнияти миллии Тоҷикистон дар чунин вазъияти пурошӯбу ноустувор, ҳифзи ватандорӣ мебошад. Хавфи фарогир гаштани терроризми байналмилалӣ хеле зиёд гаштааст. Ба таъбири динӣ гап занем, терроризм аз нишонаҳои қиёмат шудааст. Зеро фарогир гаштани терроризм амри қарибулвуқӯъ аст. Терроризми фарогир ҳамин аст, ки аз он ҳеҷ кас дар амон нахоҳад монд. Паёмбари гиромӣ мардумро бо ҳадиси худ ҳушдор менамояд: «Қиёмат вақте воқеъ мешавад, ки шахс худро аз ҳамнишини худ дар амон намебинад».
Хиёнат ба Ватан, давлат, миллат, дин нобахшиданист. Алҳазар аз хиёнати ҳамагон. Алҳазар аз зодаҳои терроризм. Алҳазар аз зодаи ғадр!
Худованд дар китоби бузурги худ, дар сураи «ан-Нисо», ояти 105 мефармояд: «Аз касоне мабош, ки аз хоинон ҳимоят мекунанд».
Банда умедворам, ки муҳтарам оқои Саидрасули Мӯсавӣ давлати Тоҷикистонро ба худ бегона намеҳисобанд ва барои ба роҳ мондани ҳамкории ҳаққонии дорои пайвандҳои амиқи таърихӣ ва фарҳангӣ дар доираи парҳезгорӣ аз бегонапарастӣ муҳаққиқона ва дӯстона машварат медиҳанд.
Муродулло ДАВЛАТОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.08.2017    №: 180    Мутолиа карданд: 567

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед