logo

сиёсат

ЛАХШ. ИМКОНИЯТҲОИ РУШД ЗИЁДАНД

Таъсиси  корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, васеъ гардидани майдони кишти картошка, афзоиши саршумори чорво ва беҳбудӣ ёфтани хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ аз дастовардҳои асосии иқтисодию иҷтимоии  ноҳияи  Лахш давоми нимсолаи аввали соли равон ба ҳисоб мераванд.
Дар ин давра  дар ноҳия се корхонаи саноатӣ бунёд ёфта,  барои сокинони маҳаллӣ ҷойҳои нави кор муҳайё гардиданд. Дар баробари ин,  мардуми ноҳия аз соҳаи  кишоварзӣ  даромади хуб ба даст меоранд. Кишоварзони ноҳия имсол дар майдони 2302 гектар картошка кишт карданд. Аз нумӯи пояи картошказор  маълум аст, ки деҳқонон ҳосили хуб ба даст меоранд. Мо ба нақша гирифтаем, ки соли оянда майдони кишти картошкаро ба се ҳазор гектар расонем. Дар ноҳияи мо имконияти зиёд намудани заминҳои кишт бештар аст ва истифода аз он чандон мушкил нест. Мушкили асосӣ дар обёрӣ кардани заминҳои бекорхобида мебошад. Бовар  дорам, ки бо ёрии мутахассисон ва сокинони ватандӯсти ноҳия масъаларо ҳал хоҳем кард. Барои таҷриба дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сартало соли равон  ба воситаи ду пойгоҳи обкашӣ 50 гектар замини бекорхобида ба  гардиши кишоварзӣ ворид гардид. Бори аввал дар 12 гектар замини ин мавзеъ картошка кишт  карда шуд.
Бунёди сардхонаҳои калон ва захираи тухмии хушсифати маҳаллӣ дар ноҳия аз масъалаҳое мебошанд, ки  ҳалли онҳо барои ба даст овардани ҳосили фаровон имконият медиҳад.  Албатта, сардхонаҳо дар ҳудуди ноҳия вуҷуд доранд, аммо талаботи имрӯзаи картошкапарваронро қонеъ сохта  наметавонанд. Дар сурати истеҳсоли тухмии худӣ мо метавонем баробари  ҳосили хуб гирифтан ба  нархи картошка дар бозорҳои кишвар таъсири мусбат расонем. Дар ин сурат барои пешгирии воридоти тухмиҳои гуногун ва картошкаи ғизоӣ  аз хориҷи кишвар  имконият пайдо менамоем. 
Дар ин муддат дар майдони 44,1 гектар боғи нав бунёд гардид. Дар бунёди боғҳои нав мо бештар заминҳои дар талу теппаҳо ҷойгирифтаро истифода бурдем. Бо мақсади бештар намудани рағбати боғпарварон дар ноҳия нахустин корхонаи коркарди меваро ба кор даровардем.
Бовар дорам, ки ин корхонаи хурди саноатӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат доираи фаъолияташро бо дастгирии соҳибкорон васеътар менамояд ва боғпарварон аз ҳисоби заҳмати худ ҳосили хубтар мегиранду шумораи чунин корхонаҳо дар ноҳия меафзояд.
Имрӯзҳо дар ноҳия ба масъалаи сифати кори сохтмон диққати ҷиддӣ зоҳир мегардад. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз тарафи бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 23 лоиҳаи сохтмонӣ тартиб дода шуд. Ҳамчунин, барои сари вақт пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо дар  сохтмони бинову иншоот санҷиш гузаронда, барои бесифат анҷом додани  корҳо аз тарафи раиси ноҳия ба шахсони масъул амрномаҳо дода шудаанд.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009 №430 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол ва ноҳияҳои минтақаи Рашт ба мавзеи Лахши  ноҳияи Ҷиргатол» 500 оилаи муҳоҷирони дохилӣ бояд дар  минтақаҳои  пешбинигардида ҷойгир карда мешуд. То  ҳол  дар маҳалли навбунёди Чоргул аз ноҳияи Рашт 55 оила, Тоҷикобод 14 ва  Лахш 115 оила  сохтмони макони зисташонро ба итмом расонда,  ба иқомати  доимӣ шурӯъ намудаанд. 
Соҳаи маориф ҳамчун омили асосии рушди ҷомеа барои ноил гардидан ба як қатор ҳадафҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нақши муҳим мебозад. Дар  ноҳия 61 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла  42 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ,   13  муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 6 муассисаи томактабӣ, 1 мактаб - интернати наздимактабӣ ва 1 муассисаи таҳсилоти таълими  иловагӣ, фаъолият дорад. 
Дар доираи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-  Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10 -солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо сокинони ноҳия суҳбату вохӯриҳои хосса доир намудем.  Мардуми  ноҳия  зарурати қабули қонун ва ғамхории Сарвари давлатро нисбат ба  сокинони кишварамон хуб дарк кардаанд.
Комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия якҷоя бо 65 комиссияи ташкилёфтаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, комиссияи ҷамъиятии ташкилоту муассисаҳо ва комиссияҳои ҷамъиятии кумитаи маҳалҳо дар асоси қонун фаъолияти худро хуб ба роҳ мондаанд. Рафти иҷрои қонуни мазкур дар машваратҳои назоратии раиси ноҳия мунтазам мавриди муҳокима қарор гирифта, оид ба риояи он 65 маротиба вохӯриҳо доир намудаанд.
Дар бораи рафти татбиқ ва  иҷрои «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020»  дар ноҳия чораҳои саривақтӣ андешида мешаванд. Бо мақсади пешгирии ҷалби шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонону занон ба ҳар гуна равия, мазҳабҳо, ҳизбу ҳаракатҳои дорои характери террористию  экстремистӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи  ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дигари  дахлдор пайваста бо ҷавонон, раисони маҳаллаҳо ва имомхатибони масҷидҳо мулоқотҳо баргузор гардида,  доир ба мақсаду мароми чунин ҳизбу ҳаракатҳо ва  равияву мазҳабҳои барои ҷомеаи мо бегона корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ ба роҳ монда мешаванд.
Дар  партави дастуру супоришҳо ва дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонем барои мардуми ин гӯшаи зебои ватанамон як зиндагии шоистаро таъмин кунем. Барои амалӣ гардидани ин нияти нек заҳмати сокинони маҳал, таҷрибаву дониши мутахассисон ва дастгирии соҳибкорони бонангу  ори диёрамон нақши ҳалкунанда мебозанд.
Файзулло БАРОТЗОДА,  раиси ноҳияи Лахш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.08.2017    №: 180    Мутолиа карданд: 743
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед