logo

иҷтимоиёт

ҲАМА МАСЪУЛЕМ

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоатчигии кишвар  бахшида ба 10 - солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 11 июли соли ҷорӣ баргузор гардид, ҷиҳати аз байн бурдани таассубкориву бегонапарастӣ ва тақлидкориву риёкорӣ дар байни ҷомеа таҳаввулоти ҷиддиро ба миён овард.
Дар тамоми корхонаву идораҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, корҳои мушаххас анҷом ёфта истодаанд. Бо мақсади татбиқи Қонуни мазкур, ба омма фаҳмондани мавзӯъ ва моҳияти асосии он ва аз байн бурдани бегонапарастӣ дар байни ҷавонон ва наврасон дар муассисаи таҳсилотии мо низ комиссияи махсус таъсис дода шуд. Ба ғайр аз таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, назорати риояи талаботи қонуни мазкур комиссия ба ташкили суҳбату вохӯриҳо бо ҷавонону наврасони маҳалла ва падару модарони онҳо машғул аст. Тамоми омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 32 – и ноҳияи Сино дар ин кори муҳим худро муваззаф шумурда, ҳамарӯза бо наврасоне, ки рӯ ба бегонапарастӣ овардаанд, суҳбатҳои инфиродӣ анҷом дода истодаанд.
Дар рафти баргузории чунин чорабиниҳо маълум гардид, ки он падидаҳои манфие, ки солҳои қаблӣ  ҳамчун  зоҳирпарастиву риёкорӣ ва анъанаҳои тақлидкорӣ дар байни мардум зуҳур ёфта буданд, дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва корбариҳои масъулин қисман аз байн рафта истодаанд. Мардум аз банди худнамоӣ ва таассубу тақлидкориву чизпарастӣ раҳо гардида бошанд ҳам, то ба ҳанӯз  ба бегонапарастӣ рӯ овардани бархе аз наврасон ва волидони онҳо ба чашм мерасад.
Боиси таассуф аст, ки қисми зиёди духтарон сабабҳои  рӯ овардани худро ба либоси бегона ҳамчун мӯд, тақлид ба дигарон, водорсозӣ аз тарафи падару модар ва бародаронашон, инчунин, таъсири фарҳанги бегона тавассути тамошои филмҳо, шабакаҳои интернетӣ, телефонҳои мобилӣ маҳсуб донистанд.
Ҳангоми вохӯрӣ ва суҳбатҳо бо бархе аз падару модароне, ки намуди зоҳирӣ ва либосашон аз доираи фарҳангу одоби  либоспӯшии миллӣ берун, махсусан барои сокини пойтахт, номуносиб буд, моҳияти масъалаи мазкур фаҳмонда шуд. Барои пешгирӣ аз ин раванд, ба андешаи мо, боз ҳам боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ дар ниҳоди шаҳрвандон бағоят муҳим аст. Зарур аст, ки барои ҷавонону наврасон ҳар чи бештар намунаҳои беҳтарину шинам ва замонавии либосҳои миллиро тарғиб намоем. Бо ин амали хеш мо ҳам раванди худшиносии миллиро тавсеа бахшему ҳам моҳияту  зарурати аз бар намудани либоси миллиро мефаҳмонем. То  ки ҷавонону наврасон миёни либоси миллӣ ва бегона дар мавриди риояи ниёзҳои мазҳабии худ фарқ гузошта тавонанд. Зеро сатру ҳиҷоб на моли мо будаву на хоси фарҳанги мост. Бархе аз духтарон, ки ҳамон сатру ҳиҷоби бегонаро ҳамчун либоси миллӣ қабул кардаанд, на аз Худо огоҳанду на аз гузаштаи худ.
Набояд фаромӯш сохт, ки либоспӯшӣ ҳам санъат аст ва қоидаву нозукиҳои худро дорад. Дуруст интихоб намудан ва зебо пӯшида тавонистани он  ҳунар аст.  Либос, пеш аз ҳама, таҷассумгари симои миллии ҳар қавму  миллат аст.
Комиссияи танзими расму оини муассисаи таҳсилотии мо минбаъд низ  тасмим дорад, ки чунин чораҳои пешгирикунанда ва фаҳмондадиҳиро идома дода, дар ҳалли ин масъалаи муҳим барканор намонанд.
Саёҳат САЙФУДДИНОВА,
омӯзгори МТМУ № 32  ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2017    №: 182    Мутолиа карданд: 559

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед