logo

иҷтимоиёт

ҲИКМАТИ ҚУРБОНӢ Ё ХАРОҶОТИ АЗ ТАВОНОӢ БЕШТАР МАНЪ АСТ!

Иди Қурбон ҳамчун яке аз воҷиботи эътиқодии муъминон аз аркон ва одоби махсусе иборат мебошад.
Ҳикмати иди Қурбон он аст, ки шахсро ба ибодату ниёиш ва анҷом додани корҳои хайру савоб даъват менамояд. Куштани чорвои қурбонӣ баъди адои намози ид ба шахсони доро ва тавоноӣ дошта савоб буда, ҳамчун хайру садақа расондани он ба ниёзмандон аз анъанаҳои писандидаи ин ид аст. Агар машруият ва воҷиб гаштани ин амал бо ояти 2 - и сураи Кавсар собит шуда бошад, пас масъалаи ба кӣ додан ва тақсим кардани он дар ояти 36 - и сураи Ҳаҷ баён гардидааст. Дар оят таъкид мешавад, ки аз гӯшти қурбонӣ “бихӯред ва ба дарвеши тангдаст ва бенаво бихӯронед”.
Ҳадисҳои Пайғамбар (с) ва фатвоҳои фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ низ аҳкоми иҷро ва анҷом додани қурбонӣ карданро танзим намудаанд. Ҳикмати маъмул аз забҳи чорвои қурбонӣ дар анъанаи исломӣ ва мардумии мо чунин аст: шахси қурбоникунанда баъди куштани чорвои қурбонӣ нахуст ҳаққи қассобро,  на аз гӯшт, албатта, дода, ӯро розӣ мекунад ва гӯштро ба се ҳиссаи баробар тақсим мекунонад. Аз ин се ҳисса якеашро барои истеъмоли хонаводаи худ нигоҳ медорад, ҳиссаи дуюмро ба ниёзмандону бенавоён (фуқаро ва мис-кинон) тақсим карда медиҳад ва бо ҳиссаи сеюм таом омода мекунад ва онро ба ҳар касе, ки рӯзи ид ба хонааш биёяд, пешниҳод менамояд.
Дар ин ҳолат, воқеан, аҳамияти ахлоқию тарбиявӣ ва ҳикмати ҳамдигарро дастгирӣ намудан дар матни омӯзаҳои динию мазҳабии мо намудор мешавад. Ҳамчунин, як идда урфу таомуле, ба мисли аёдати беморон ва пиронсолону барҷомондагон, табрики волидайн ва хешони наздик, дар сари қабри гузаштагон тиловати Қуръон кардан, изҳори ҳамдардӣ ба шахсони азодор ва кумаки холисонаи моддӣ расондан ба ниёзмандон маъмул гардидааст, ки ҳамчун рафтори писандидаи идона пазируфта мешавад.
Аз нигоҳи динию фиқҳӣ қурбонӣ кардан назди аксари уламои ислом суннат аст ва дар мазҳаби Имом Абуҳанифа (рҳ) воҷиб аст. Вале воҷиб шудани ин амр се шарт дорад: якум, шахс мусулмони озод бошад; дуюм, муқим бошад; сеюм, сарватманду доро бошад. Яъне қурбонӣ кардан барои мусулмони озод, сокину муқим дар ватану манзили худ ва дорои ҳадди нисоб (Шӯрои уламои ҷумҳурӣ барои соли 2017 маблағи онро 22850 сомонӣ муайян кардааст) воҷиб мегардад. Ҳадди нисоби шаръӣ ҳамон ҳолати соҳиби молу мулк будан аст, ки баробари аз миқдори муайян зиёд шудани дороӣ ва имкониятҳои молиявии шахси мусулмон барояш  додани закот аз мол, садақаи фитр ва қурбонӣ кардан дар иди Азҳо воҷиб мегардад. Ҷоиз аст, ки шахси қурбоникунанда аз гӯшти қурбонӣ бихӯрад, ба дигарон хӯронад ва ба касе, ки хоҳад, бибахшад. Агар тамоми гӯшти қурбониро садақа кунад, ин ҳам ҷоиз мебошад.
Ҳамчунин, дар урфи қурбонӣ шахс назр мекунад ва ҳамаи гӯшти қурбониашро ба бенавоён тақсим карда медиҳад. Чизе аз он намехӯрад ва бо он сарватмандонро намехӯронад. Зеро ба сабаби назр кардан садақаи ҳамаи гӯшти қурбонӣ воҷиб мегардад.
Афзун бар ин, дар ҳикмати қурбонӣ маъмул аст, ки оилаи серфарзанд ва шахсе, ки масъулияти сарпарастии чандин касро ба зимма дорад, ҳамаи гӯшти қурбониро барои худ захира карда, барои эҳтиёҷоти онҳо истифода барад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки дар иди Қурбон аз рӯйи кибру риё оростани дастархони пурдабдаба ва сермасраф аз рӯйи одобу урф набуда, ҳеҷ иртиботе бо омӯзаҳои динӣ надорад. Баръакс, оростани дастархон бояд ифодагари маънавиёте бошад, ки тарбияву ахлоқ ва одобу муоширати инсонҳоро қавӣ гардонад.
Риояи фарҳанги дастархонороӣ дар рӯзҳои ид аз нигоҳи созгор бо   шариат ва одоби рӯзгордорӣ ҷузъи устувори фарҳанги миллӣ мебошад. Дастархондорӣ аз ду қисмат таркиб меёбад – яке, дастархони маънавӣ ва дигаре дастархони моддӣ. Дастархони маънавӣ аз нигоҳи рӯҳонияти шаръӣ дуову дуруд, фотеҳахонӣ дар ҳаққи гузаштагон, тасаллият бахшидан ба азодор ва дар назди хонаи ӯ тиловат кардани оятҳои қуръониро дар мадди аввал мегузорад.
Дастархони моддӣ бошад, густурдани ҳамон суфраи маъмулӣ мебошад, ки онро соҳиби хона вобаста ба қудрату тавоноӣ барои пазироии меҳмонон ороста мегардонад. Писандида аст, ки болои суфраи рӯимизӣ маҳсули ҳунари дасти кадбонуи хона нисбат ба маҳсулоти бозорӣ бештар гузошта шавад. Гузаштагони мо пешниҳоди мевагиҳоро ба аҳли хонавода ва меҳмонон аз дастранҷи боғи бунёдкардаи худ дар рӯзҳои ид амали савоб медонистанд. Аммо гузоштани миқдори фаровони хӯрданиҳо болои дастархони идона бидъату макрӯҳ буд. Амали солеҳу писандида ҳамон буд, ки болои дастархон ҳама гуна хӯрданиҳо кам, вале хушхӯр, яъне барои тановули идона гуворо бошад. 
Анъанаи пухтани намудҳои гуногуни ҳалво ва нишалло низ ба масъалаи поку покиза будани шириниҳои идона пайванд мегирифт.
Доир ба масъалаи кулфат раво надидан барои худ ҷиҳати оростани ҳама гуна дастархон – ҳам идона ва ҳам меҳмонӣ дар ҳадисе Имом Абуҳанифа аз тобеии машҳур Муҳориб ибни Дисор нақл мекунад, ки ӯ дар хонаи саҳобии киром Ҷобир ибни Абдуллоҳ (рз) меҳмон шуд. Ва Ҷобир болои дастархон нон ва сабзавоти туршшуда (хубз ва халл) гузошт ва узр пеш оварду гуфт: “Ҳамоно Пайғамбари Худо (с) моро аз “таклуфа”, яъне таҳаммули сарфу хароҷот ва машаққати аз тавоноӣ бештар манъ карда буд”. Аз ин рӯ, арзишҳо ва муқаддасоти дини мубини ислом ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надорад, ки шахси мусулмон бо дасти худаш ба хонаводааш зиён ворид намояд.
Дар шароити муосир ҳифзи унсурҳои аслию бунёдии фарҳанги миллӣ шарти бақо ва вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлати соҳибистиқлол мебошад. Ин падида дар вазъияти густариши бесобиқаи табодули унсурҳои фарҳангӣ ва арзишҳои динию мазҳабӣ дар байни кишварҳои мусулмонӣ аҳамияти аз ҳарвақта бештаре касб намудааст.
Файзулло БАРОТЗОДА,
директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2017    №: 183-184    Мутолиа карданд: 506

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед