logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2007 «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №6, мод. 428; с. 2008, №6, мод. 448; с. 2010, №7, мод. 568; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2017, №1428) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар ном ва матни Қонун калимаҳои «МАРОСИМҲО», «маросимҳоро», «маросимҳо», «маросимҳои», «МАРОСИМҲОИ» ва «Маросимҳои» мувофиқан ба калимаҳои «МАРОСИМ», «маросимро», «маросим», «маросими», «МАРОСИМИ» ва «Маросими» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 4:
- аз қисми 1 рақам ва аломати «1.» хориҷ карда шавад;
- қисми 2 хориҷ карда шавад.
3. Дар моддаи 5:
- дар қисми 2 калимаи «комиссияҳоро» ба калимаҳои «комиссияҳои доимии маҳаллиро» иваз карда шавад;
- қисми 3  бо мазмуни зерин илова карда  шавад:
«3. Низомномаи намунавии комиссияҳои доимии маҳаллиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.».
4. Моддаи 51 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 51. Комиссияҳои ҷамъиятӣ
1. Дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар корманд фаъолият мекунад, комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд.
2. Фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ тибқи Қонуни мазкур ва низомнома, ки аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо тасдиқ карда мешавад, ба роҳ монда мешавад.
3. Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
4. Комиссияҳои ҷамъиятӣ риояи талаботи Қонуни мазкурро аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар онҳо таъсис дода шудаанд, назорат намуда, ҷиҳати пешгирии қонунвайронкунӣ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
5. Дар сурати ошкор намудани риоя накардани талаботи Қонуни мазкур комиссияҳои ҷамъиятӣ дар мӯҳлати се рӯз ба мақоми ваколатдор ва ё комиссияҳои доимии маҳаллӣ дар ин бора хабар медиҳанд.».
5. Ба қисми 1 моддаи 6 сархатҳои сеюм, чорум ва панҷум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- фаҳмондани талаботи қонунгузорӣ ва додани тавсияҳо ба шахсоне, ки ҷашну маросимро мегузаронанд;
- ба қайд гирифтани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ, инчунин пешбурди омор дар ин самт;
- андешидани чораҳо ҷиҳати пешгирии риоя накардани талаботи Қонуни мазкур;».
6. Ба моддаи 7 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона ороста шуда, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ додан манъ аст.».
7. Моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 9. Хатнасур
1. Хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад.
2. Хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад.
3. Маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон баргузор карда мешаванд.
4. Гузаронидани маъракаи ақиқа манъ аст.
5. Падару модар ва дигар шахсони онҳоро ивазкунанда метавонанд аз маблағҳои сарфашуда то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо ба номи писаронашон суратҳисоб кушоянд.
6. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ хатнасури хайриявии писарони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро баргузор намоянд.
7. Тартиби гузаронидани хатнасури хайриявиро мақоми ваколатдор муайян менамояд.».
8. Дар моддаи 10:
- ба қисми 2 пас аз калимаи «қудоталбон,» калимаҳои «ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон),» илова карда шаванд;
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардондани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд.»;
- қисмҳои 4 ва 5 мувофиқан қисмҳои 5 ва 6 ҳисобида шуда, қисмҳои 7 ва 8 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«7. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ тӯйи домодию арӯсии хайриявии ҷавононро аз оилаҳои камбизоат баргузор намоянд.
8. Тартиби гузаронидани тӯйҳои домодию арӯсии хайриявиро мақоми ваколатдор муайян менамояд.».
9. Дар моддаи 11:
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешаванд.»;
- қисми 3 хориҷ карда шавад;
- қисми 4 қисми 3 ҳисобида шуда, пас аз калимаи «азодорӣ» калимаҳои «забҳи чорво ва додани таом,» илова карда шаванд;
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Тартиби гузаронидани маросими дафну азодориро мақоми ваколатдор муайян менамояд.».
10. Дар моддаи 12:
- ба қисми 2 пеш аз калимаи «ҳоҷиталбон» калимаи «ҳоҷизиёрат,» илова карда шавад;
- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Тартиби сафари шаҳрвандонро барои адои ҳаҷ ва умра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.».
11. Дар моддаи 14:
- дар қисми 1 калимаи «Иштироки» ба калимаи «Хизматрасонии» иваз карда шавад;
- қисмҳои 2 ва 3 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«2. Маъмурияти қаҳвахона, ошхона, тарабхона ва тӯйхонаҳо ӯҳдадоранд хизматрасонии тӯю маъракаҳоро дар асоси шартномаи тарафайн ба роҳ монда, ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо талаботи Қонуни мазкурро вобаста ба шумораи даъватшудагон  ва вақти баргузории онҳо риоя намоянд.
3. Тӯю маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 гузаронида мешаванд. Давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар карда мешавад.».
12. Ба Қонун боби 41  бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«БОБИ 41. ӮҲДАДОРИИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ ҲАНГОМИ ГУЗАРОНИДАНИ ТӮЮ МАЪРАКАҲО
 Моддаи 141. Ӯҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд ҷашну маросимро бо риояи талаботи Қонуни мазкур баргузор карда, мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллиро доир ба баргузории тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ хабардор намоянд.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд рукнҳои  фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллиро ҳифз намоянд.».
13. Моддаи 15 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
2. Аъзои Ҳукумат, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, андоз, гумрук, кормандони мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд.».
Моддаи 2.  Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                                                           Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 августи соли 2017, № 1461

 

ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                        Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 23 августи соли 2017, № 846

 

ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
2. Раисони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ тарғиб, ташвиқ ва риояи қонуни мазкурро пайваста ба роҳ монанд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 28 августи соли 2017, № 442


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2017    №: 183-184    Мутолиа карданд: 3772

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед