logo

мулоқотҳо

ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МУҲАММАД ШАРИФ ЯФТАЛӢ

28 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Шариф Яфталиро ба ҳузур пазируфтанд.
Рушду тақвияти муносибатҳои гуногунҷанба бо кишвари бародари Афғонистон яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ шуд ва таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон пайваста хостори тақвияти ҳамкориҳои худ бо Афғонистон дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ мебошад.
Тоҷикистон ҳамеша омодааст, ки ҳамкории дуҷонибаро бо Афғонистон тавсеаи бештар бахшида, ба ҳамкории минбаъда дар доираи механизмҳои бисёрҷониба аҳамияти зарурӣ зоҳир намояд.
Таъсис додани низоми ҳамкории чорҷонибаи Чин, Покистон, Тоҷикистон ва Афғонистон аз тадбирҳои муҳим арзёбӣ гардид ва изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳарчи зудтар амалӣ шудани ин ташаббус омили муҳими таҳкими раванди сулҳу субот дар Афғонистон мегардад.
 Дар ҳамин замина ба талошҳои Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба масъалаи таъмини амнияту суботи сартосарӣ дар қаламрави Афғонистон баҳои баланд дода шуд.
Доир ба таҳкими ҳамкориҳои ҳарбиву техникии дуҷониба ва ҳамкориҳо дар дигар самтҳои амниятӣ низ фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардида, иқдомҳои муштарак дар таҳкими ҳифзи сарҳадот, муборизаи беамон алайҳи шабакаҳои террористии байналмилалӣ, амалҳои ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир мувофиқи мақсад шумурда шуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2017    №: 183-184    Мутолиа карданд: 1565

21.04.2018


Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ ва Ахмет Йилдиз

Ҳамкориҳои Бонки миллӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор вусъат меёбанд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ

Бунёди меҳмонхонаи “Шикорчиён”

Рӯзи заргарон дар Боғи Ирам

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Авлавият ба истеҳсоли пахта

19.04.2018


НОБОЛИҒОН. Аз боздошти оворагардон то ҷаримаи волидон

ТОҶИКОБОД. Вусъати корҳои баҳорӣ

Гиромидошти Ашӯр Сафар дар Кӯлоб

Гусели наваскарон дар Фархор

Варзиш

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

Рӯзи илм таҷлил гардид

Дурахши дзюдогарони кишвар дар ҷомҳои Аврупову Осиё

Вашингтон вақтҳои наздик низомиёнашро аз Сурия мебарорад

Нигаронии президенти Олмон аз дуршавии бештари Русия ва Ғарб

Департаменти ИМА барои идомаи муколама бо Димишқ шарт гузошт

Коршиносон то 100 доллар расидани нархи нафтро пешгӯӣ карданд

16.04.2018


Баргузории ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд

Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Ли Ён Хо

Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ифтитоҳи ду бинои таълимӣ

13.04.2018


Оғози бунёди «Қасри Бахт»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед