logo

сиёсат

БИНОИ НАВИ АКАДЕМИЯИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ ИФТИТОҲ ЁФТ

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои маъмурию таълимӣ ва иншооти Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни маҷмааи олии таълимии навбунёд роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон парда аз лавҳаи рамзӣ бардошта, расман ба фаъолияти марҳилаи аввали маҷмааи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшиданд ва онро туҳфаи арзандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи Ҷашни 26 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.
Ба сохтмони маҷмааи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 июни соли 2014 санги асос гузошта, барои бо сатҳу сифати олӣ анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот масъулони соҳаро вазифадор намуда буданд.
Маҷмаа аз ҷониби фармоишгар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳакаш Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корез-лоиҳа» ва пудратчиёни асосӣ – Корхонаи давлатии сохтмонӣ - васлкунии № 2 ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶДММ «Сари Хосор», Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмонии идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Сохтмони Кулиён» бо харҷи беш аз 117 миллион сомонӣ бунёд мегардад. Марҳилаи аввали ин маҷмаа аз бинои таълимии 8 ошёна барои 1680 нафар курсант, 2 хобгоҳ барои 800 нафар курсант, бинои истиқоматии 6 ошёнаи 48-ҳуҷрадор барои афсарон, толори варзиш ва таваққуфгоҳ барои 50 мошини сабукрав иборат мебошад.
Барои анҷоми марҳилаи аввали сохтмони маҷмаа, ки аз бинои таълимӣ ва дигар иншооти зарурӣ иборат аст, 69 миллиону 780 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Аз ҷумлаи ин маблағҳо аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ барои сохтмон 4 миллион ва бо таҷҳизоту мебел муҷаҳҳаз гардондани бинои таълимӣ 9,5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Бинои таълимии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се қисмати А, Б ва В-и ҳампайваст бо таҳхона, бомпӯшҳои ҳамвор ва шервонӣ иборат буда, дорои 8 ошёна мебошад ва масоҳати умумии бино 18 ҳазору 481,2 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти навбунёд баҳои баланд дода, барои истифодаи самараноки имконияту иқтидорҳои таълимию омӯзишӣ ва тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳа ба роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Баъд аз ифтитоҳи иншооти Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ин рӯйдоди фараҳбахш ва фарорасии Рӯзи дониш дар ҳузури ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ суханронӣ намуданд.
Дар ҳамин рӯз бо иштироки афсарону курсантҳои ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон расми гузашти низомӣ баргузор гардид, ки ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави таълимии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2017    №: 185    Мутолиа карданд: 508

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед