logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВА ДОИРАИ БРИКС

Қадами дигар дар роҳи боз ҳам боло рафтани эътибору нуфузи ҷаҳонии Тоҷикистон

Имрӯзҳо  дар   сархати  расонаҳои  олам  баргузории  нишасти  навбатии БРИКС қарор гирифтааст, ки 3 - 5 сентябр дар Чин сурат гирифт. 28 августи соли равон сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Чин Андрей Денисов зимни брифинги махсус иброз дошт, ки саммити навбатии БРИКС дар шаҳри Сямени музофоти Футсзияни Чин баргузор мешавад ва мизбони ҳамоиш роҳбарони панҷ давлатро ҳамчун меҳмонони хос даъват намудааст. Андрей Денисов, афзуд, ки дар ин ҳамоиш Осиёи Марказиро Тоҷикистон намояндагӣ дорад.

Бо ин ҳадаф, оғози моҳи сентябри соли равон сафари  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамоиши нуҳуми давлатҳои узви БРИКС сурат гирифт. Даъвати Сарвари Тоҷикистон ба ин саммит далели рӯшани эътибору нуфузи афзояндаи кишвар  дар арсаи байналмилалӣ  мебошад.

Таърих ва моҳияти БРИКС
БРИКС (BRICS) аз панҷ кишвари аз лиҳози иқтисодӣ босуръат рушдёбанда – Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ иборат аст. Дар оғоз ин ниҳод БРИК ном дошт, ки дар доираи форуми иқтисодии Петербург соли 2006 бо иштироки вазирони иқтисоди Бразилия, Русия, Ҳиндустон ва Чин таъсис ёфта буд. Баъди ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (соли 2010) номи худро ба БРИКС табдил дод. БРИКС бо садодору оҳангдор будан диққати ҷаҳониёнро ҷалб кардааст ва бо тобиши дигари худ дар забони англисӣ «брикс» маънии «хиштҳо»-ро низ дорад. Яъне, «хиштҳои иқтисодии ҷаҳон», ки онҳоро чанд кишвари асосӣ ташкил медиҳанд. БРИКС бо моҳият ва мавқеи ҷаҳонии худ торафт нерумандтар мегардад. Мақсади БРИКС табодули таҷрибаҳо ва густариши бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ ба шумор меравад. Ёрӣ ба ҳамдигар, коркарди лоиҳаҳои муҳим, дастгириҳои машваративу амалӣ ва амсоли он шеваи фаъолияти БРИКС-ро ташкил медиҳанд. Боиси зикр аст, ки як қатор кишварҳои тавонманду шинохта, аз қабили Туркия, Эрон, Аргентина, Индонезия, Ҷумҳурии Мисри Араб, Юнон, Нигерия, мақсад доранд, ки аъзои БРИКС шаванд.

Ҳадаф аз даъват ва ҷалби Тоҷикистон
Интихоб ва даъвати Роҳбари давлати Тоҷикистон беҳуда нест. Ин, пеш аз ҳама, ба се ҷанба бастагӣ дорад. Дар навбати аввал, ин сиёсати муваффақонаи Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ мебошад, ки Тоҷикистон бо сиёсати дарҳои кушода қариб бо ҳама кишварҳои аъзои БРИКС равобити судманд дорад. Яъне, Чин, Русия ва Ҳиндустон кишварҳои ба мо қарине ҳастанд, ки бо онҳо робитаҳои ҳасана устуворанд. Аз ҷониби дигар, мавқеи мусоиди ҷойгиршавии Тоҷикистон ва имкони дар он ривоҷ додани истеҳсоли гидроэнергетика таваҷҷуҳи ин кишварҳоро ба таври бесобиқа ҷалб менамояд. Тоҷикистон тавонист, ки лоиҳаи бунёди бузургтарин неругоҳи обиро муваффақона аз ташхиси комиссияҳои байналмилалӣ гузаронад. Ҷои шубҳа нест, ки бо истиқлолияти энергетикӣ Тоҷикистон ба давлати пешрафтаи саноатии кишоварзӣ табдил меёбад. Савум, ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид гашта истодааст, ки Тоҷикистон дар татбиқи се ҳадафи стратегии муҳим устуворона қадам мезанад. Истиқлолияти комили энергетикии Тоҷикистон наздик аст ва он рӯз дур нест, ки кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо меёбад. Татбиқи ин ду нақшаи бузург бошад, амнияти озуқавории давлатро таъмин менамояд. Бо назардошти ин паҳлуҳо ва иқлими мусоиди сармоягузориву иҷтимоӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ мутаваҷҷеҳи комили Тоҷикистон гашта истодааст. Пешниҳоди Русия чанд сол қабл дар доираи БРИКС он буд, ки «Иттиҳоди энергетикии БРИКС» ва «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи сиёсати энергетикии БРИКС» таъсис дода шаванд. Чанде қабл дар пояи як ҳамоиши Душанбе бо талошҳову таъкидҳои роҳбарияти давлати Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаи САSА - 1000 як навъ суръат бахшида шуд. Амалӣ гаштани лоиҳаи САSА- 1000 бошад, барои аъзои БРИКС манфиатҳои васеъро дар пай дорад. Яке аз сабабҳои таваҷҷуҳ ба Тоҷикистон маҳз ин самт ба шумор меравад.
Ҷалби Тоҷикистон ба ин нишаст дар доираи стратегияву дурнамои мушаххас сурат мегирад. Аллакай коршиносони тоҷику хориҷӣ қабл аз баргузории ин саммит чун нозир қабул гаштани кишвари моро пешгӯӣ низ кардаанд. БРИКС бештар масъалаҳои иқтисодиву молиявӣ, мактабу маориф, илму техника ва омӯзишиву пажӯҳиширо пайгирӣ менамояд ва ҳайати маълуми ҳукуматӣ аз кишварамон бо ин ҳадаф ба Чин сафар намуд. Ин тамоюлро аввалин хиштҳои зербинои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар доираи БРИКС-и қудратманд номидан мумкин аст.

Бахтиёри ҚУТБИДДИН,
мудири кафедраи журналистикаи
 байналхалқии ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.09.2017    №: 188    Мутолиа карданд: 567
26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД

18.05.2020


СУҒД. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

НУРОБОД ҲУСНИ НАВ МЕГИРАД

ФУТБОЛ. ЧЕМПИОНАТИ БЕЛГИЯ НИЗ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ АНҶОМ ЁФТ

ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.05.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

ТОҶИКИСТОН. БОЗ 403 МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ДАР ИСФАРА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРИОН» БУНЁД МЕШАВАД

КӮДАКОН. КОРОНАВИРУС ҚУДРАТИ "ЗАБТ" - И ОРГАНИЗМИ ОНҲОРО НАДОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед