logo

иҷтимоиёт

ҲАДАФ - ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО

Рӯзҳои 2 - 6 сентябр як ҳайати эҷодии идораи рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сафари корӣ дар ин минтақаи баландкӯҳи кишвар қарор дошт.
Зимни ин сафар бо роҳбарияти ноҳияҳо ва аҳли зиё вохӯрӣ доир гардид. Иштирокдорон дар хусуси муҳтавову ороиши рӯзнома андешаҳояшонро иброз намуданд ва барои боз ҳам беҳтар шудани сифати он пешниҳодҳои судманд ироа доштанд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар “Ҷумҳурият” матолиби зиёду хонданӣ аз ин гӯшаи кишвар пайваста ва сари вақт ба табъ мерасанд. Инчунин, ҳамеша матолиби муҳиму хонданиро, ки барои шинохти бештари худ, боло бурдани ҳисси ифтихори ватандорӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, рушду нумӯи илму фарҳанг мусоидат мекунанд, дар саҳифаҳои рӯзнома пайдо карда метавонем. Махсусан, саҳифаҳо ва гӯшаҳои таъсискарда диққати бештари хонандагонро ба худ ҷалб менамоянд.
 Дар доираи сафари корӣ вохӯрию мулоқоти судманд бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед низ доир шуд. Раиси вилоят иброз дошт, ки сари вақт дастрас гардидани рӯзномаҳои даврӣ ба аҳолӣ имкон медиҳад, ки аз рӯйдодҳои сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодии кишвар бештар огаҳӣ пайдо намоянд. “Ҷумҳурият”, ки яке аз нашрияҳои бонуфуз ва дӯстдоштаи кишвар мебошад, дар инъикоси ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ, корҳои созандагиву ободонӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъат гирифтаанд, нақши созанда дорад. Бинобар ин, роҳбарияти вилоят аз фаъолияти рӯзнома ҷиҳати инъикоси ҳаёти воқеии сокинони ин минтақаи баландкӯҳи кишвар изҳори сипос намуда, ба густариши бештари ҳамкориҳо бо он манфиатдор аст.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.09.2017    №: 189-190    Мутолиа карданд: 530

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед