logo

иҷтимоиёт

САНГВОР. МАРДУМ БА ҚАДРИ НЕЪМАТ МЕРАСАД

Сокинони меҳнаткаши ноҳияи Сангвор бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  масири ободии ин гӯшаи зебои кишвар талош варзида, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро аз файзи соҳибистиқлолии кишвар медонанд.

Тавре Сатторбекзода Умеда, муовини раиси ноҳияи Сангвор, зимни суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, дар саросари ноҳия бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ истиқбол намудани ҷашни муҳими таърихӣ - Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифта, мардум бо шукргузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар ба ободу зебо гардондани маҳали зисти худ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии хеш машғуланд.  Бо мақсади дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои назаррас  истиқбол намудани ин ҷашни бошукӯҳ чорабиниҳои гуногун, назири вохӯриҳои оммавӣ, тадбирҳои фарҳангию фаҳмондадиҳӣ дар масири татбиқи қонунҳои амалкунанда, баландбардории ҳувияти миллии ҷавонон, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, корҳои бунёдкорию созандагӣ дар соҳаҳои сохтмон ва таъмиру тармими роҳҳо, пулҳо, биною иншоот, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва тоза кардани кӯчаю гулгаштҳо  тариқи ташкили ҳашарҳои умумӣ роҳандозӣ гардидаанд.
Ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ афзалият дода мешавад. Фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа, ҷалби духтарон ба таҳсилоти миёна ва касбӣ, ҳифзи муносибатҳои солими хонаводагӣ, саломатии модару кӯдак ва солимии модару кӯдак ва маърифати гигиении занони деҳот дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия ва масъулон қарор дорад. Дар байни занону духтарон дар мавзӯъҳои худдорӣ намудан аз парастиши анъанаҳои бегона, хурофотпарастӣ, пӯшидани сарулибоси ба фарҳанги миллии мо хоснабуда суҳбату вохӯриҳо бомаром ҷараён доранд. Шумораи занон дар вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ афзуда истодааст. Имрӯз  дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ноҳия 15, сохторҳои бонкӣ 2,  ҳифзи ҳуқуқ 2, тандурустӣ 64, соҳаи маориф 151, роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ 28 ва ба ҳайси соҳибкор 81 нафар занон машғул ба фаъолиятанд.
Нақши ҷавонон низ дар рушду нумӯи ноҳия назаррас аст. Онҳо дар корҳои бунёдкорию созандагии ноҳия ва чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ фаъолона иштирок меварзанд.
Масъалаи баландбардории сатҳу сифати таълим, таъмини самараноки фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи омӯзгории онҳо мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтааст. Тарбияи томактабӣ низ ба тадриҷ рушд меёбад. Ҳоло дар назди 15 муассисаи таҳсилоти умумӣ марказҳои инкишофи кӯдакон таъсис ёфта, 280 кӯдаки синни томактабиро фаро гирифтаанд. Дар кӯдакистони маркази ноҳия 50 нафар кӯдакон тарбия мегиранд. Нақши маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маориф дар рушду нумӯи омӯзиши анъанаҳои мардумӣ, аз қабили наққошӣ, дӯзандагӣ ва ихтироъкорӣ назаррас аст. Ба он 85 нафар хонандагон ҷалб гардиданд. Ба дастгирии мактаб - интернати кӯдакони ятими ноҳия, ки дар он 161 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад. Аз аввали соли ҷорӣ ба ин муассиса аз тарафи шахсони саховатпеша ва вазорату идораҳо ба маблағи 33 ҳазору 952 сомонӣ ёрии хайриявӣ расонда шудааст.
Соҳаи тандурустӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда, шароити табобатгирии беморон беҳтар шуда истодааст.
Кормандони соҳаи фарҳанг дар баландбардории сатҳи фарҳангии аҳолӣ саҳми босазо дошта,  бахшида ба ҷашнҳои миллӣ барномаҳои ҷолибу тамошобобро манзур мекунанд. Дар чойхона - фароғатгоҳҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ нишастҳои фарҳангӣ ба роҳ монда шудаанд. Ҳунарпешагони кохи фарҳанги ноҳия дар фестивал - озмуни ҷумҳуриявии ҳаҷвнигорон фаъолона иштирок намуда, сазовори баҳои баланд ва  сипосномаву ифтихорномаҳо гардиданд.
Дар доираи ба танзим даровардани расму оинҳо корҳои хайриявӣ вусъати тоза касб кардаанд. Дар ин замина аз тарафи саховатпешагон  ба ятимону маъюбон, бепарасторону оилаҳои камбизоат ва собиқадорони меҳнат ба маблағи 37 ҳазору 486 сомонӣ кумакҳои хайриявӣ расонда шуд. Ҳоло аз ҷониби комиссияҳои доимӣ ва зиёиёну масъулон дар байни аҳолӣ оид ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав корҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд.
- Соҳибдавлатӣ ва соҳибистиқлолӣ ормони ҳазорсолае буд, ки миллати фарзонаи тоҷик баъди паймудани роҳи пурпечутоби таърихӣ ба он расид. Мардуми тоҷик, аз ҷумла сокинони ноҳияи Сангвор, ба қадри ин неъмати бебаҳо мерасанд ва барои дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ таҷлил намудани ин ҷашни муҳиму тақдирсози таърихӣ, инчунин,  баҳри рушду нумӯи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва боз ҳам ободу зебо гардондани як гӯшаи кишвар талош меварзанд, - гуфт дар хотимаи суҳбат Сатторбекзода Умеда.

Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.09.2017    №: 189-190    Мутолиа карданд: 601

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед