logo

сиёсат

КОНСТИТУТСИЯ - ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон худро давлати соҳибихтиёр эълон кард, яъне дар ҳаёти сиёсии кишвари маҳбуби мо рӯйдоди хеле фараҳбахшу муҳим ва таърихӣ ба вуқӯъ пайваст. Декабри соли 1991 мамлакати озоди тоҷику тоҷикистониён узви комилҳуқуқи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид ва моҳи марти соли 1992 ҷомеаи ҷаҳонӣ дар симои СММ Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил шинохт. Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшид, дарвозаҳои чаҳор самти олами бекаронро ба рӯяш боз намуд.
Соҳиб гаштан ба Истиқлолияти давлатӣ аз сиёсатмадорон тақозо менамуд, ки дар самти бунёди низоми нави ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули Конститутсияи нави кишвар ва қонунҳои дигари ҳаётан муҳим, ки ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ бошанд, тадбирҳои муассир андешанд. Вале солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо дахолати қувваҳои ниҳонӣ вазъи сиёсии кишвар муташанниҷ гашт ва танҳо баъди Сарвари давлат интихоб гардидани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи ноябри соли 1992 имкон фароҳам омад, ки дар самти таъмини ҳаёти осоишта, беҳсозии некуаҳволии мардум, ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ қадамҳои устувор гузошта шаванд.
Пас аз барқарор гардидани ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар зарурати ба таври расмӣ муайян намудани сохти давлатдорӣ ва роҳи минбаъдаи мамлакат, самтҳои гуногуни рушди ҳаёти он ба миён омад.  Бо ин мақсад аз ҳисоби мутахассисони соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар, махсусан ҳуқуқдонон комиссияи конститутсионӣ таъсис ёфт ва ба зиммаи он таҳияи лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи замони муосир гузошта шуд. Бо назардошти дархосту пешниҳодоти мардуми мамлакат ва ташкилоту идораҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ аз тарафи комиссияи мазкур лоиҳаи Конститутсия таҳия шуд ва 6 ноябри соли 1994 бо номи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гашт. Тибқи моддаи 1 Конститутсия Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил барои барқарор ва ташкили асосҳои давлатдории навин дар асоси Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муваффақ гардид, амният ва оромии ҷомеа, суботи сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодиро дар кишвар таъмин кард.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба он 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, тантанаи адолат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои мардум хизмати арзанда намуд. Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намудааст. Бинобар ин, Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ба ҷараёни иҷрои таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва арзишҳои умумибашарӣ диққати ҷиддӣ дода, дар ин самт чораҳои дахлдорро амалӣ намуд.
Ин ва дигар чораҳои андешида аз он шаҳодат медиҳанд, ки Тоҷикистони соҳибихтиёр тамоми имкониятҳо ва воситаҳоро барои эҳтиром, риоя, таъмин ва ҳимояи ҳуқуқи инсон андешидааст ва минбаъд низ хоҳад андешид.

И. САИДЗОДА,
муовини директори Маркази
миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.09.2017    №: 189-190    Мутолиа карданд: 562

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед