logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Истиқлоли сиёсӣ аз истиқлоли миллӣ, марзӣ, фарҳангӣ ва забонӣ иборат буда, дар маҷмӯъ истиқлоли давлатиро ифода месозад. Пояи усулии истиқлоли сиёсиро истиқлоли иқтисодӣ ташкил медиҳад, ки яқинан, рукни муҳими давлат, миллат, фарҳанг ва забони миллӣ аст.

Истиқол моҳияти ҳастии озоди инсонро ифода месозад. Асосу ҳастаи ҳастии озоди инсонро худшиносии миллӣ ташкил медиҳад. Инсон, вақте ки андешапарвар шуд, маънавияти ӯ камол меёбад. Камолоти маънавии шахс, бешак, аз шинохти ахлоқӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ, миллӣ иборат буда, дар натиҷа ба сатҳи дигари мақулаи шинохт, яъне худҷӯӣ ва худрасӣ ворид мешавад. Маҳз ба ин хотир, қисми нахустини шинохти инсонро худшиносӣ гуфтаанд. Воқеан, яке аз асосгузорони коммунизми илмӣ Карл Маркс гуфта буд: “Худшиносӣ шарти аввали хирадмандӣ ва маънавиятгароист”. Бинобар ин, дар урфи мардуми мо мегӯянд, ки “нахуст худро шинос, сипас Худоро”. Чунонки Азизи Насафӣ дар рисолаи “Зубдату-л-ҳақоиқ” чун ғаризаҳои инсонро тавсиф мекунад, ба ин натиҷа мерасад: «Ҳар кӣ худро нашинохт, ҳеч чизро нашинохт».
Ғараз ва ғояти усулии мақулаи худшиносӣ камоли маънавӣ ва ахлоқии шахс мебошад. Агар инсон аз ин ду омили инсонсоз, яъне ахлоқ ва маънавият саршору шодоб гардад, дар он сурат савияи худшиносии ҷомеа низ баланд мегардад. Донишмандон роҳи асосии ба маънавият расидани инсон ва ҷомеаро ба худшиносӣ марбут донистаанд.  Худшиносии фардӣ, вақте муҳити зиёдеро фарогир мешавад, барои ба вуҷуд омадани худшиносии миллӣ замина мегузорад. Донишманди тавонои тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар натиҷаи пажӯҳишҳои фаровон дар ин замина ба чунин хулоса расидааст: «Худшиносии миллӣ ҳам ду ҷиҳат – ҷиҳати шахсӣ ва ҳамагонӣ дорад. Яъне вобаста ба он аст, ки, аз як тараф, ҳар шахс то чӣ андоза ба шинохти миллати худ расидааст ва, аз ҷониби дигар, этнос то чӣ дараҷа умумияти худ, ягонагии этникӣ, фарҳангӣ ва таърихии худро фаҳм кардааст.
Худшиносии миллӣ, худшиносии таърихии фарҳангӣ сарчашмаи қувваю иқтидори маънавии шахс ва халқ аст, шахс ва халқро ба арсаи таърих мебарорад, ба онҳо қудрати таърихофаринӣ ато мекунад, онҳоро ба офариниши дороиҳои фарҳангиву маънавӣ сафарбар менамояд».
Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ миёни худшиносӣ ва худогоҳӣ фарқ гузошта, онҳоро ҳамчун ду мақулаи алоҳида ва мустақили фалсафӣ ва иҷтимоӣ ба баррасӣ кашидааст: «Худогоҳӣ пояи баландтари худшиносист. Худшиносӣ як раванди мураккаби маънавӣ, кам-кам худро ва дунёро шинохтани инсон, марҳала ба марҳала моҳияти ҳастиро фаҳмидани ӯ бошад, худогоҳӣ натиҷаи ҳамин раванд аст, аз тарафи инсон дарк шудани моҳияти ҳастӣ мебошад, ки аз аввали худшиносӣ сар шуда, як умр давом мекунад. Аз шахсияти худ огоҳӣ ёфтан, маънои феълу атвор ва рафтору гуфтори худ, фикру ҳис, хоҳиш ва шавқу ҳаваси худро дарк кардан, чигунагии муносибати худ ба дунёро фаҳмидан ва баҳо дода тавонистан худогоҳист. Худро ба сифати як ҷузъи ҳаммиллатон шинохтан, моҳияти ҳастии иҷтимоиву таърихии миллати худро фаҳмидан, орзуву омол ва мақсаду вазифаҳои навбатии миллатро амиқан дарк кардан ва дар ин асос огоҳона дар ҷомеа амал намудан худогоҳии миллист, ки натиҷаи худҷӯиву худрасӣ ва худшиносист. Худогоҳии миллӣ чун муҳимтарин омиле ҳастии маънавии шахс ва халқро устувор карда, сари ифтихори инсонро баланд мебардорад, бозҷустҳои маънавию ахлоқии шахс ва ҷомеаро амиқ мебарад, миллатро ба пешрафт сафарбар менамояд.
Худшиносӣ бештар як мақулаи зеҳнӣ (категорияи субъективӣ) буда, ба шахсияти инсон ва дарки маънои мавҷудияти худ вобаста бошад ҳам, худогоҳӣ бештар категорияи ҷамъиятист ва дорои хусусияти айнӣ (объективӣ) буда, ба рӯйдодҳои бузурги замон алоқаманд аст».
Яъне як ҷузъи таркибӣ ва муҳими маънавиятро худогоҳии миллӣ ташкил дода, дар замони муосир он барои ҳифзи марзу буми Ватан, ягонагии миллӣ ва тамомияти арзии давлатҳо ва халқу миллатҳо, аз ҷумла халқи тоҷик нақши ҳалкунанда дорад.
Мо - тоҷикон аз он ифтихор дорем, ки 9-уми сентябри соли 1991 истиқлоли сиёсӣ ба даст овардем, давлати миллӣ ва соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис додем, ки дар таърихи навини давлатдориямон рӯйдоди бузурги таърихист. Мардуми тоҷик дар ин фосилаи таърихӣ ба марҳалаи нави худшиносии миллӣ ворид гардида, шуури иҷтимоии маънавӣ густариш ёфт.
Имсол баҳори бистушашумин Истиқлолияти давлатии худро чун ҳарвақта бо шукӯҳу шаҳомати хосса истиқбол мегирем. Албатта, истиқлоли Тоҷикистон бо кору фаъолияти созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Бахусус, масъалаҳои марбут ба таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, шинохти асли худ, густариши андешаи созандаи миллӣ ва тавсеаи аркони давлатдории миллӣ дар тӯли ин солҳо ба яке аз самтҳои бунёдии сиёсати фарҳангии Пешвои миллат табдил ёфт. Гиромидошти арзишҳо ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ, ифтихор аз таърихи бостониву ғановатманди халқи тоҷик, арҷгузориҳо ба хизматҳои фарзандони фарзонаи миллат ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлат будааст.
Назариёти илмӣ ва бунёдии Роҳбари давлатро дар ин самт ба инобат бигирем, ба чунин хулоса хоҳем расид, ки ӯ усулан муаллифи консепсияи андешаи миллии тоҷикон дар замони муосир мебошад.
Ин консепсия шомили ҷузъитарин масъалаҳоест, ки афроди миллатро метавонад дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбият намояд.
Аз ин рӯ, истиқлол мазҳари ормонҳои таърихӣ, рамзи ҳувияти миллӣ, оғозгоҳи Ватану ватандорӣ ва давлати миллӣ мебошад.

Умриддин ЮСУФӢ,
  номзади илмҳои филология


Баёни ақида (1)    Санаи нашр: 8.09.2017    №: 189-190    Мутолиа карданд: 759

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед