иҷтимоиёт
ИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ
«Мутмаинам, ки дипломи донишгоҳҳои Чин ба ҷавонони мо дарвозаеро барои оянда боз хоҳад кард. Зеро умеду ормонҳои мо аз шумо - насли наврасу соҳибмаърифат, хеле калон аст».
Андешидан ба ҳикмати ин суханҳо ва таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳи Синхуа, хосса донишҷӯёни тоҷики муқими ин кишвар 1 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Пекин баён шуданд, дар дили ман шуълаи нав афрӯхт. Ман, ки дар Донишгоҳи забонҳои хориҷии шаҳри Шанхай ба тозагӣ таҳсилро шурӯъ кардам, сафари давлатии Президенти маҳбуби кишварамро ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз тариқи расонаҳои ин кишвар пайгирӣ намудам. Бозтоби густурда ва эҳтиромонаи ин сафар дар ВАО-и кишвари ба мо дӯсти Чин, ки далели ҷойгоҳи ифтихории Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати байналмилалӣ ва нишони таваҷҷуҳ ба Тоҷикистони азизи мост, наметавонист қалби ҳеҷ як тоҷики худшиносро тасхир насозад.
Пешвои миллат дар ин вохӯрии судманд зикр сохтанд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин аз аввалинҳо шуда, ба роҳи мустақили интихобнамудаи рушди сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии мо эҳтиром гузошт ва Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. «Дар ин росто мо ба тавсеаи робитаҳоямон бо Чин дар соҳаи маориф таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем ва ҳамкориҳоямонро дар ин арса яке аз самтҳои муҳими маҷмӯи муносибатҳои ду кишвар медонем».
Президенти мамлакат дар хитоб ба донишҷӯёни муқими ин кишвари мутараққӣ изҳор доштанд, ки «умеду ормонҳои мо аз шумо - насли наврасу соҳибмаърифат, бузурганд. Бо истифода аз беҳтарин имкониятҳои бароятон фароҳамшуда тамоми нозукиҳои касбу ихтисосҳои интихобкардаатонро аз худ намоед. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки ояндаи Тоҷикистон дар дасти шумо ҷавонон - мутахассисони соҳибилму дорои малакаи баланди касбӣ аст».
Воқеан, аз файзи истиқлолият ва сиёсати раҳнамунсози Сарвари давлат ба мо, ҷавонон, имкон фароҳам шудааст, ки ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи мамлакат аз шароитҳои хуби таҳсил бархӯрдор гардем. Ман дар чанд ҳафтаи мусофират ба Чин ва суҳбату шиносоиҳо бо сокинони мулкиву донишҷӯёни аз дигар кишварҳо омада дарёфтам, ки онҳо Тоҷикистони моро хуб мешиносанд. Дидгоҳҳои дӯстона ва шинохти саҳеҳи ҳайсияти миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аз мо шаҳрвандони дар хориҷбудаи кишвар тақозо мекунад, ки дар заминаи талошҳои пурсамари Пешвои муаззами миллат ҷиҳати баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳон иқдом кунем. Бо эҳтиром ба арзишҳои таърихию фарҳанги ниёгонамон ҳар ҷо, ки бошем, Ватани аҷдодиро азиз дорем. Донишу таҷрибаи андӯхтаи худро ба манфиати давлату миллати хеш истифода намуда, дар ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он устувор бошем. Зеро ин иқболи баландро истиқлолият ба мо ато кардааст.
Парвиз МУНАВВАРЗОДА,
донишҷӯи Донишгоҳи забонҳои хориҷии шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.09.2017 №: 189-190 Мутолиа карданд: 445