logo

сиёсат

МЕҲРНОМА

Ё ДУОИ МОДАР
Шукронаи сулҳу ваҳдат, тинҷиву амонӣ ва файзу баракатро менамоям, ки имрӯз мо - модарон дар фазои беғубори Ватани азизамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сар мебарем. Ёд дорам он рӯзҳои сахти ҷанги шаҳрвандӣ, даҳшату хунрезӣ ва қаҳтиву гуруснагиро, ки мардум ҳатто аз нон танқисӣ доштанд. Аз даҳшати тиру камон сар аз хона берун кардан душвор буд.

Дар он рӯзҳои вазнин одамон аз ночорӣ, ба хотири зинда мондан, аз орди ҷуворимакка ва баъзе зироатҳои ба саломатӣ зиёновар истифода мекарданд. Дар натиҷа, дар баъзе минтақаҳои кишвар кӯдакону калонсолон ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор шуда, аз дунё чашм мепӯшиданд. Ба бахти миллати тоҷик соли 1992 дар иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олӣ, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, шахси миллатдӯсту ватандӯст, фарзанди шарафманди тоҷик Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб  шуд. Бо талошҳои пайвастаи худ ин марди хирадманд ва дурандеш давлату миллатро аз нестӣ раҳонд ва зиёда аз як миллион фирориро, ки умеди баргашт ба Ватанро афсона хаёл мекарданд, ба манзилҳои доимии зисташон баргардонд. Шукронаи Худованд, ки мушкилиҳои ҷойдошта тадриҷан аз байн рафтанд.
Тоҷикистон дар давоми 26 - соли соҳибихтиёрӣ ба шарофати ташаббусу ибтикороти Пешвои муаззами миллат тавонист ба як давлати дунявӣ ва пешрафта табдил ёбад. Сохтмони роҳҳо ва пулу нақбҳои замонавӣ, фурудгоҳҳои байналмилалӣ, корхонаҳои азими саноатӣ  моро ба ояндаи аз ин ҳам дурахшонтар дилгарм сохтааст. Пас, месазад ҳазорҳо аҳсанту офарин хонд ба модаре, ки ин фарзанди фарзонаро баҳри ин миллату давлат парваридаву ҳадя кардааст.
Ман зиёда аз 50 сол аст, ки дар соҳаи маориф фаъолият дорам ва дар ҷодаи таълиму тарбия каме ҳам бошад, фарзандони ватандӯсту сулҳпарварро ба камол расондаам. Ҳамчун як модари ҳама рӯзҳои бадбахтии ба сари миллат омадаро бо чашми худ дида ва азобу уқубати ин талхиҳоро чашида аз сулҳи сартосарӣ дар кишвар шукрона мекунам.
Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиҳатии бардавом ва дар корҳои давлатдориашон баракату пешрафт хоҳонам. Дуо мекунам, ки ҳамеша болои сари мо бошанд.

Розия АЗҒАРОВА,
 Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.09.2017    №: 191    Мутолиа карданд: 568

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед