logo

Хабарҳо

Зимистон. Дар Мурғоб омодагии ҷиддӣ мегиранд

Тобистон ва тирамоҳи баландиҳо ва дуриҳои Помири Шарқӣ, алалхусус чорсӯи ноҳияи Мурғоб, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хеле кӯтоҳ ва зудгузар мебошад. Аз ин ҷост, ки хоҳ – нохоҳ дар ин минтақаи баландкӯҳ ва дурдаст тамоми чор фасли сол ба давраи сармо омодагии ҳаматарафа дидан зарур  меояд. Тибқи иттилои муовини аввали раиси ноҳияи мазкур Исрор Исроров, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб ва ҳамчунин,  идораву муассисаҳои масъул дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Ҳукумати кишварро  дар хусуси омодагӣ дидан ба давраи тирамоҳ ва зимистони солҳои 2017 – 2018 ба иҷро расонда, дар ин самт корҳои муҳимро ба сомон расонданд.
Пеш аз ҳама, неругоҳи хурди барқи обии «Оқсу – 1» аз ҷониби мутахассисони ширкати  «Помирэнерҷӣ» аз таъмир бароварда шуд. Коргарони муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия низ аз ағбаи Кӯҳтезак то гузаргоҳи Қулма (сарҳади кишвари Чин), инчунин, дар масири Мурғоб – Кароқӯл – қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон корҳои таъмир ва таҷдиди қариб 700 километр роҳро ба анҷом расонданд. Ҳамзамон, аз ҷониби ҷамъияти матлуботи ноҳия бо роҳбарии раиси он бонуи ташаббускор Майрам Ҷӯраева аз водии Олойи Ҷумҳурии Қирғизистон барои аҳолӣ ва идораву муассисаҳо аллакай кашондани ангиштсанг сар шудааст. Тибқи нақша, то охирҳои моҳи сентябр зиёда аз 1150 тонна ангишт ворид карда мешавад.
Дар кори бо маводи озуқаворӣ барои давраи зимистон таъмин кардани аҳолӣ низ як қатор тадбирҳо андешида шудаанд. Дар анбори бозори  навбунёди «Сари кӯл» ва мағозаву анборҳои дигар миқдори зиёди маводи ғизоӣ захира гардидааст. Деҳқонони ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшону Шуғнон ва Ишкошим имрӯзҳо картошкаву сабзавот ва меваи худро ба бозор ва нуқтаҳои савдои ин минтақа интиқол медиҳанд. Чорводорони Мурғоб бошанд, гӯшти қутос ва гӯсфанди арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи худро манзури сокинони минтақаҳои қисмати ғарбии Бадахшон мегардонанд ва фоидаи дуҷониба мегиранд.

Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»  
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 121

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тиб матраҳ гардид

Маросими супурдани эътимоднома

Баррасии таҳкими равобити соҳибкорони Тоҷикистону Қатар

Бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед