logo

ҳуқуқ

СУДИ САНГВОР ҲАМСОЛИ ИСТИҚЛОЛ АСТ

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳру навоҳии мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Сангвор, бо бунёди як қатор иншооти ҳаётан муҳим, симояшонро ба куллӣ дигаргун сохтанд. Мо-кормандони суди ноҳияи Сангвор аз он қаноатмандем, ки соли сипаришуда бо иштироки Сарвари давлат бинои нави ҳозиразамони суд мавриди истифода қарор гирифт.
Тақвияти фаъолияти ҳокимияти судӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ мебошад, зеро фаъолияти суд бо инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ пайванди ногусастанӣ дорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии  умумихалқӣ қабул гардид ва ба он се маротиба - 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, барои таҳкиму такмили фаъолияти босамари ҳокимияти судӣ ва гузарондани ислоҳоти судӣ дар ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам овард.  Дар ин раванд, бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ 5 - уми январи соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2017 тасдиқ гардид. Ин савумин барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ буд, ки барои боз ҳам устувор шудани сохтори мақомоти судӣ ва пешрафту пурсамар гардидани фаъолияти онҳо, таҳкими ҳамкории мақомоти судӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои санадҳои судӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Моддаи 9 - и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатиро бо асоси таҷзияҳояш ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроя ва судӣ тақсим намудааст. Дар моддаи 84 - и ин санади олии ҳуқуқӣ бошад, муқаррар шудааст, ки ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад.  
Кормандони суди ноҳияи Сангвор бо қаноатмандӣ аз он, ки суди ноҳия ҳамсоли истиқлол буда, моҳи августи соли 1991 ташкил шудааст, барои тадбиқи бечунучарои меъёрҳои Конститутсия, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда оид ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба амал баровардани адолати судӣ ва ба ҳамин васила  ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он фаъолияти худро минбаъд низ самаранок ба роҳ хоҳанд монд. 

Ҳ. БАРОТЗОДА, 
судяи суди ноҳияи Сангвор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2017    №: 193-194    Мутолиа карданд: 1046
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед