logo

ҳуқуқ

НОБОЛИҒОН. АЗ ПУРЗӮР НАМУДАНИ НАЗОРАТ ТО ҒАМХОРӢ БА БЕПАРАСТОРОН


Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон баҳри дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нақша - чорабиниҳои вижа тартиб дода, барои ба мардум фаҳмондани мазмун ва моҳияти ин санади миллӣ гурӯҳи корӣ ташкил намудааст.

Бино ба иттилои Сайригул Шарифова, сармутахассиси бахши ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, гурӯҳи корӣ дар ҳайати мудири шуъбаи маориф, намояндаи бахши ҷавонон ва варзиш, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои  миллӣ, кор бо занон ва оила, хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғони ШВКД-и ноҳия бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии падару модарон суҳбату вохӯриҳои судманд анҷом медиҳанд. Ҳамзамон, дар доираи амалӣ намудани чорабиниҳои дар ин самт таҳрезишуда, мулоқоту вохӯриҳо бо наврасону ҷавонон дар мавзӯъҳои ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, нашъамандию  нашъаҷаллобӣ, пӯшидани либоси бегона, шабгардӣ, ҷалби ноболиғон ба зинаи сеюми таҳсилот ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар давраи сипаригардидаи соли равон 23 амалиёти муштарак барои муайян намудани кӯдакони беназорату аз таҳсил дурмонда, душвортарбия ва талбанда дар бозорҳо, марказҳои дилхушию бозиҳои компютерӣ гузаронда  шуда, 43 кӯдак дастгир шуд. Нисбат ба 60 нафар волидоне, ки дар тарбияи фарзандонашон бемасъулиятӣ зоҳир намудаанд, бо ҳукми суди ноҳияи Ёвон мутобиқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима татбиқ гардид. Дар самти пешгирии ҳолатҳои гирифтани таълими динии ғайриқонунӣ аз ҷониби ноболиғон дар ҳамкорӣ бо ходимони дин дар масҷидҳои ноҳия шаш амалиёти мақсаднок гузаронда шуд. Масъалаи иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз ҷониби волидон дар ҷаласаи комиссия мавриди баррасӣ қарор гирифта,  дар бораи аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрум намудан чор мавод ба суди ноҳия пешниҳод гардид.
Ба гуфтаи Сайригул Шарифова, дар соли нави хониш аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ислом Шарифов 46 нафар ятими кулли ноҳия бо сарулибоси мактабӣ таъмин гардид. Ҳамчунин, бо ташаббуси раиси ноҳия Амирбеки Темур ва дастгирии роҳбарони ташкилоту идораҳо ба суратҳисоби 46 ятими кулл ба ҳар кадом 500 сомонӣ гузаронда шуд.  Зикр гардид, ки Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар оянда низ байни наврасону ҷавонон, падару модарон ва намояндагони қонунии онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро васеъ ба роҳ монда, робитаи устувори оила, мактаб ва ШВКД дар ноҳияро зери назорати қатъӣ қарор медиҳад.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2017    №: 193-194    Мутолиа карданд: 1021
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед