logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА НАҚШИ Ӯ ДАР ТАШАККУЛИ ФАЗОИ РАСОНАИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Маҳмадсаид ШОҲИЁН, 
раиси Кумитаи телевизион  ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ  аз азизтарин ва муқаддастарин идҳои мо ба шумор меравад, зеро ҳастии давлату миллат ва ҷомеаи мо, рушди озоди кишвар дар ҳамаи самтҳо ва сарбаландию сарфарозии ҳар як фарди он аз истиқлолият вобастагӣ дорад. Маҳз ин дастоварди бузург имкон дод, ки мо - шаҳрвандони Тоҷикистон соҳиби Ватани соҳибихтиёри хеш бошем.

Аз он рӯзе, ки Телевизиони Тоҷикистон аз Қасри Арбоб воқеияти ҷанги шаҳрвандӣ ва омилҳои онро ба аҳолии Тоҷикистон мустақим нишон дод, 25 сол сипарӣ шуд. Аз суханронии намояндагони мардум дар иҷлосияи тақдирсоз пай бурдан мумкин буд, ки неруҳои гуногун барои манфиат ва  сари қудрат омадан воситаҳои ахбори умумро ба нафъи худ истифода мебурданд.  Як зумра рӯзноманигорон фирефтаи суханони демократимаобон гашта, матолиби фармоиширо бар зидди ходимони сиёсӣ ва ҷамъиятӣ интишор мекарданд. Хулласи калом, метавон гуфт, ки низои дохилии Тоҷикистон аз носолим будани фазои расонаӣ ва тасарруфи он аз ҷониби гурӯҳҳои муайян сар зад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз  рӯзҳои  нахусти интихоб шуданашон ба маснади Сарвари давлат ба фаъолияти воситаҳои ахбори умум, бахусус радио ва телевизион,  бо нигоҳи созанда назар намуданд.
Роҳбари кишвар бо назардошти воқеияти имрӯзаи ҷаҳон ворид шудани моро ба ҷомеаи иттилоотӣ мувофиқи мақсад медонанд. Ҳангоми сафарҳои кории Президенти мамлакат  ба шаҳру навоҳӣ мушоҳида менамоем, ки дар баробари вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ҳамвора ба савияи дониши сиёсии шаҳрвандон, фарогирии мавҷҳои радио ва телевизион, таъмини фазои расонаӣ бо маводи ватанӣ таваҷҷуҳ менамоянд ва барои ислоҳи камбудиву нуқсонҳо дастурҳои мушаххас медиҳанд.
Яке аз хусусиятҳои асосии замони муосир «асри иттилоотӣ» будани он аст. Яъне, имрӯз иттилоот дар тамоми соҳаҳои ҷомеа нақши калидӣ пайдо карда, илова бар ин, метавонад ҳамчун воситаи муҳими таъсиргузори сиёсат барои давлатҳо нақши сарнавиштсоз дошта бошад. Дар чунин марҳила нақши расонаҳои иттилоотӣ гоҳо ҳатто аз ниҳодҳои қудратӣ болотар мераванд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ радио, телевизион ва интернет хусусияти глобалӣ касб мекунанд, барои онҳо ҳаду ҳудуд, марз, фазову вақт баста нест, тамоми марзҳоро мешикананд, ба «гӯши ҳамашунав» ва «чашми ҳамабин» табдил меёбанд ва ВАО ҳамчун воситаи тавоно дар ташаккули афкори ҷомеа арзёбӣ мешавад. Табиист, ки кишвари мо низ аз ин таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ берун буда наметавонад ва мо бояд ин ҳақиқати ҳолро дарк намоему вобаста ба тақозои замон қадам занем.
Тоҷикистони соҳибистиқлол  батадриҷ  пеш  меравад, ҳаёти  сиёсиву  иқтисодӣ дар ҳамбастагӣ  ба  маҷрои  муайян  ворид  мегардад,  ҷалби  сармояи хориҷӣ  зиёдтар шуда, ҳавасмандии  кишварҳои  хориҷӣ  роҷеъ ба  бунёди   иншооти  гуногун дар кишвар  бештар  мегардад ва дар баробари ин, воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ рушд меёбанд.
Бо дастгирии Президенти мамлакат ва тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2016, таҳти № 586 «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2016, таҳти № 744 «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» ин шабакаҳо ба фаъолият оғоз намуданд.
Барои боз ҳам пурра намудани фазои фарогирии телевизионҳои навтаъсис зарурати ҷой намудани онҳо ба моҳвора пеш омад. Аз ин рӯ, кумита барои зиёд намудани захираи моҳворавӣ ба Ташкилоти байналмилалии алоқаи кайҳонии «Интерспутник» бо мактуби расмӣ муроҷиат намуд. Аммо дар моҳвораи ABS-2 захираи моҳворавӣ барои пахши барномаҳои шабакаҳои навтаъсис вуҷуд надоштааст ва ин ҳолат моро водор кард, ки барои дастрасии мавҷи шабакаҳои нав чораҳои мушаххас андешем.
Ёдовар шудан лозим аст, ки дар баробари комёбиҳо аз соли 2014 инҷониб дар фаъолияти моҳвораи мазкур нуқсонҳо ба вуҷуд омад, ки он дар пахши шабакаҳои ҷумҳуриявӣ халал ворид карда, дастрасии аҳолиро ба мавҷи шабакаҳои телевизионӣ тариқи моҳвора мушкил гардонда буд.
Вобаста ба ин, аз рӯйи нишондоди мутахассисони соҳа барои пахши барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ ва радиои марказӣ дар моҳвора, яъне барои 4 шабакаи телевизионӣ дар формати SD (сифати стандартӣ), 2 шабакаи телевизионӣ дар формати пахши дақиқияташ баланд (HD) ва шабакаҳои радиоии марказӣ дар пахши стандартии DVB-S2 8PSK ва MPEG4 захира дар ҳаҷми 28 Мбит/с ё худ 18 МГс лозим буд.
Бо ин мақсад ба якчанд ширкатҳои хизматрасонии моҳворавӣ муроҷиат намудем. Баъд аз омӯзиш, ташхис ва муҳокимаи мутахассисони соҳа пешниҳоди ширкатҳои «Yahlive» ва «Intelsat» - ро қобили қабул шуморидем. Бояд тазаккур дод, ки чанде пеш, дақиқтараш 8 сентябри соли равон ин мушкилот ба пуррагӣ ҳал гардид.
Ҳамин тавр, маҳз бо ҳидоятҳои Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар даврони истиқлол низоми нави расонаҳои Тоҷикистон ба вуҷуд омад. Дар баробари шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ, инчунин шабакаҳои ғайриҳукумативу хусусии «Симои мустақили Тоҷикистон», «Мавҷи озод», «Азия», «Ҷаҳоноро», «Ғулакандоз», «Симо ТВ», «Гули бодом», «Азия плюс», «Ватан», «Имрӯз», «Азия FM», «Тироз», «Авис» ва ғайра амал намуда, дар комилсозии фазои расонаии кишвар саҳм мегиранд. Ҳоло дар фазои расонаии мамлакат 74 адад ташкилотҳои телевизионӣ ва радиоӣ фаъолият доранд, ки гувоҳи зина ба зина ташаккул ёфтани бозори расонаӣ дар кишвар мебошад. Ҳамаи ин расонаҳо, новобаста ба шакли моликият дар ҳамбастагӣ барои комилсозии фазои иттилоотии мамлакат, тарғиби сиёсати созандаи роҳбарияти олии сиёсии мамлакат, ташвиқи масъалаҳои худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, пешгирии ҳама гуна амалҳои номатлуб, мубориза бар зидди реша давондани афкори ғайр ва бегона  ва бо афкори миллӣ мукаммал намудани фазои расонаӣ мусоидат менамоянд.
Истиқлолият марҳилаи наверо дар ташаккули расонаҳои электронии ахбор фароҳам овард. Расонаҳо аз лиҳози мавзӯъ, муҳтаво, шакли моликият, формат тағйир ёфтанд. Масъалаҳои худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ мақоми меҳварӣ касб карданд.
Сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи радио ва телевизион сиёсати дурбинона ва созанда аст, сиёсатест, ки бар мабнои мукаммалсозии фазои расонаӣ, ҳифзи он аз зуҳуроти бегона,  таҳкими сулҳу ваҳдат, ободонии кишвар, тарғиби дастовардҳои истиқлол, эҳёи суннатҳои фаромӯшшуда ва дар зеҳни ҷаҳониён ба вуҷуд овардани имиҷи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳандозӣ шудааст. Аз ин рӯ, кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамовозӣ, тарғибу ташвиқи  ин сиёсат пайваста ҷаҳд меварзанд ва барои амалӣ гаштани дастуру супоришҳои Сардори давлат  ғайратмандона азму талош хоҳанд кард.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2017    №: 193-194    Мутолиа карданд: 803

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед