logo

иҷтимоиёт

БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ

Даҳ сол пеш бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифз ва эҳёи бештари арзишҳои фарҳангиву суннатӣ ва боз ҳам устувор гардондани пояҳои давлатдории миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ин санад дар самти ба низом даровардани маросиму ҷашнҳои милливу динӣ нақши барҷаста гузошт.
Воқеан ҳам, бо гузашти як даҳсола маълум шуд, ки қонуни мазкур барои ҳифзи арзишҳои миллӣ асос гузошт, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим дароварда, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод. Санади мазкур дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ аҳамияти худро ба ҷомеаи Тоҷикистон собит сохт ва ба ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоии мардум мусоидат намуд.
Аммо бо назардошти вазъи кунунӣ, пешгирии хурофотпарастӣ ва зиёдаравӣ ҳангоми баргузории ҷашну маъракаҳои миллӣ ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун зарурат пайдо шуд.
Аз ин ҷост, ки зимни таҷлили 10 - солагии қабули қонуни мазкур соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарони сохторҳо ва фаъолони мамлакат як қатор пешниҳодҳоро бо ба назар гирифтани андешаю пешниҳодоти мардум оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур манзур намуданд.
Дар ҳақиқат, талошҳои Пешвои миллат ҳамеша ба он равона гардидаанд, ки ҳангоми таҳияи ҳама гуна санади меъёрии ҳуқуқӣ ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун, пеш аз ҳама, манфиати мардум ва осудагии ҷомеа таъмин ва ҳимоя карда шавад.
Мақсади Сарвари давлат низ аз он иборат аст, ки ҳар як шаҳрванди кишвар дар шароити боз ҳам беҳтар умр ба сар барад ва барои муҳайё намудани зиндагии шоиста дар Ватани азизу маҳбуб талош намояд. 
Ҳамчунин, ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор низ тағйиру иловаҳо пешниҳод гардида, ҷавобгарии шахсони алоҳида барои вайрон намудани талаботи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо пурзӯр карда шуданд, ки мувофиқи мақсад аст. Аз ҷумла, мувофиқи тағйиру иловаҳо ба моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷавобгарии шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ пурзӯр карда, андозаи ҷарима нисбати шахсони мансабдор аз 250 - 270 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне  аз 12500 - 13500 сомонӣ то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё то 25 ҳазор сомонӣ, нисбати шахсони ҳуқуқӣ андозаи ҷарима аз 500 - 520 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 25 - 26 ҳазор то 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст.
Барои дағалона ё такроран вайрон намудани тартиби гузарондани анъана ва ҷашну маросимҳо низ ҷавобгарӣ пешбинӣ гардида, ба шахсони воқеӣ ба андозаи шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 30 ҳазор сомонӣ, ба шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 40 ҳазор сомонӣ  ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 50 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад.
Боварии комил дорам, ки ҳамаи шаҳрвандони кишвар, чи хизматчии давлатӣ, чи шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳои воридгардидаро дар қонуни мазкур қобили дастгирӣ шуморида, талаботи онро дар фаъолияти хизматию ҷамъиятӣ ва ҳангоми барпо намудани тӯю маъракаҳо риоя менамоянд. 
Шаҳзода ҚАЮМОВА,
сардори раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2017    №: 196    Мутолиа карданд: 456

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед