logo

иҷтимоиёт

САНГВОР. МУШКИЛОТ ДАР СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Солҳои охир тибқи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла ба соҳаи тандурустӣ зиёд мегардад. Барои рушду нумӯи соҳа аз буҷети мамлакат маблағҳои зиёд ҷудо мешаванд, то сатҳи хизматрасонии тиббӣ баланд шуда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ бошад.
Аз суҳбат бо сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Сангвор Раҷабалӣ Саидов маълум гашт, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар деҳаи Миёнадуи Ҷамоати деҳоти Сангвор сохтмони беморхонаи минтақавӣ (дорои  30 кат) бомаром идома дошт. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ бо маблағи 40 000 сомонӣ барои таъмири ҷории бинои беморхонаи минтақавии Чилдара ва шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи марказии ноҳия бо сифати хуб ҷараён дорад. Ҳамчунин, таъмири капиталии як бунгоҳи тиббӣ бо маблағи 13 700 сомонӣ  ва аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ бо маблағи 18 000 сомонӣ таъмири маркази саломатии деҳоти Чилдара идома дорад.
Бояд зикр намуд, ки дар ҳудуди ноҳия як беморхонаи марказӣ, ду беморхонаи минтақавӣ, як маркази  саломатии ноҳиявӣ, чор маркази саломатии деҳот, бисту ду бунгоҳи тиббӣ, маркази  эмтаъминкунӣ,  мубориза бар зидди  бемориҳои сил, маркази ташаккули тарзи ҳаёти  солим,  маркази солимии репродуктивӣ ва танзими оила ва ҳуҷраи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона  ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Шумораи умуми кормандони соҳаи тандурустӣ 210 нафарро ташкил медиҳад, ки аз инҳо  24 нафараш мутахассисон бо маълумоти олӣ, 76 нафар бо маълумоти миёнаи тиббӣ буда, 110 нафар кормандони хурди тиббӣ мебошанд.
Ҳарчанд мушкилоти зиёде дар ҳама соҳаҳо ва дар ҳама манотиқи кишвар рӯз аз рӯз ва сол аз сол бартараф мегардад, вале боз ҳам дар баъзе аз навоҳии кӯҳистони кишвар баъзан норасоиҳо боқӣ мемонанд. Зимни суҳбат бо сардухтури беморхонаи марказӣ маълум гашт, ки дар баробари муваффақиятҳои соҳа як зумра мушкилот ва норасоиҳо низ ҷой доранд.
Аз ҷумла, яке аз мушкилоти асосӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доштани  бинои шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи марказии ноҳия мебошад, ки он соли 1936 - и асри гузашта сохта шуда, айни ҳол ба азнавсозӣ ниёз дорад. Пас аз рӯзҳои ба шуморе фасли тирамоҳу зимистон дари мардумро мекӯбад ва бемориҳои мавсимӣ низ хуруҷ мекунанд. Аз ин рӯ, табобати кӯдакон берун аз муассисаҳои тиббӣ, яъне дар муҳити хона хело мушкил мебошад.
Норасоии мутахассисон, аз ҷумла духтурони асабшинос, кӯдакон, ғадудшинос, осебшинос, момодояҳо яке аз проблемаҳои соҳа ба шумор мераванд. Баъзе аз таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабил дастгоҳи рентгенӣ, флюрография, фиброгастос-коб, систоскоп, дастгоҳи УЗИ-и статсионарӣ, биоанализаторҳои хун ва пешоб  намерасанд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин камбудиҳо, кормандони муас-сисаҳои тиббии ин ноҳияи дурдасти ҷумҳурӣ баҳри ҳар чи хубтару беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ  ва саломатии комили омма заҳмат мекашанд.
Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2017    №: 197    Мутолиа карданд: 883

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед