logo

сиёсат

ҚОНУНИ МИЛЛӢ. ЭҲТИРОМ БА ОН - ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бори дигар ин амрро собит намуд, ки дар кишвари мо инсон дорои мақоми олӣ мебошад. Зеро ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин қонуни миллӣ, ки беҳгардии сатҳи молиявӣ ва зиндагии шоистатари мардум меҳвари он аст, маҳз дар асоси таклифу пешниҳодҳои сокинони мамлакат сурат гирифт.
Минбаъд дар доираи қонун фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятиро моддаи 51 танзим намуда, чунин комиссияҳо новобаста аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқии корхонаву идораҳо, ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар корманд фаъолият мекунад, таъсис дода мешаванд. Ин модда комиссияҳои ҷамъиятиро вазифадор менамояд, ки ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ вазифадор шудаанд, ки ба соҳибони маъракаҳо талаботи қонунгузориро фаҳмонанд ва тавсияҳо диҳанд. Тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодориро ба қайд гиранд, ки барои пешбурди омор дар ин самт равона мешавад. Дар доираи тағйиру иловаҳо ба моддаи 7 қисми 4 бо мазмуни  дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона ороста шудан ва ба исрофкориву зиёдаравӣ  роҳ  надодан меъёр илова гардид, ки на танҳо мазмуни иҷтимоию иқтисодӣ дорад, балки барои баланд бардоштани тафаккури мардум равона шудааст. Ин меъёр вазифаи тарбиявии муҳимро фаро мегирад, ки дар оянда барои  боз ҳам васеъ  намудани ҷаҳонбинии мардуми мо хизмат хоҳад кард.
Моддаи 9 қонуни мазкур дар таҳрири нав пешгирии зиёдаравӣ ва харҷҳои беҳударо дар гузарондани маъракаи хатнасур пешбинӣ намудааст, ки танҳо ба манфиати халқ аст. Мутобиқи ин модда хатна аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд бо розигии падару модар дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронда мешавад, ки салоҳи кор хоҳад буд. Маъракаҳои вобаста ба таваллуди кӯдак дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон баргузор мешаванд, ки  барои  сарфаи  маблағи мардум ба фоидаи фарзандони онҳо равона шудааст.
Бар асоси қонуни мавриди назар тавсия мешавад, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ тӯйи домодию арӯсии хайриявии ҷавононро аз оилаҳои камбизоат баргузор намоянд. Чунин иқдом  имкон медиҳад, ки дар оянда на танҳо сатҳи зиндагии  ин ҷавонон  баланд шавад, балки як мактаби саховатпешагию инсондӯстӣ  барои онҳо гардад. 
Тағйиру иловаҳои қонуни мазкур уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, алалхусус аъзои Ҳукумат, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, андоз, гумрук, кормандони мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, соҳибкорон,  ходимон ва уламои дин дар гузарондани ҷашну маросим бо риояи талаботи қонуни мазкур боз ҳам таъкид намуда, дар сурати риоя накардани талабот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шудани онҳоро пешбинӣ менамояд. Инчунин, дар сурати аз ҷониби доираҳои номбаршуда ва фарзандони онҳо ошкор шудани ҳолатҳои қонуншиканӣ, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд.
Дар маҷмӯъ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бештар ба он равона шудаанд, ки ҳангоми баргузории маъракаву маросим мардум ба маънавиёти атрофиёну фарзандон эътибор диҳанд.  Қонун, пеш аз ҳама, барои ҳимояи ҳолати рӯҳии мардум, ҳифзи сармоя, яъне ҳимояи манфиатҳои сокинони кишвар ва аз байн бурдани хурофоту зиёдаравиҳост.
Эҳтиром ба қонуни миллӣ ин эҳтироми миллат ва арзишҳои давлатдорист. Аз ин рӯ, бояд ҳамагон дар татбиқи босамари ин санади муҳиму зиндагисоз талош варзем.
Насиба СОДИҚОВА,
Мавзуна ШАМСИДДИНЗОДА,
Мавлудахон МИРЗОЗОДА,
 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2017    №: 197    Мутолиа карданд: 749

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед