logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД

Субҳи 19 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню - Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 72 - юми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар  чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", солҳои 2018 - 2028 иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғоз Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро дар ин чорабинии сатҳи баланд хайрамақдам гуфта, изҳори умед намуданд, ки мубоҳисаҳои имрӯза дар тақвият бахшидани кӯшишҳои муштараки мо ба хотири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", солҳои 2018 - 2028 саҳми арзишманд хоҳанд гузошт.
Пешвои миллат зикр намуданд, ки таҷрибаи андӯхтаи мо дар раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳаёт", солҳои 2005 - 2015 собит кард, ки ин қабил даҳсолаҳо метавонанд ҷиҳати мусоидат ба татбиқи вазифаю ҳадафҳо дар соҳаи рушд василаи басо судманд бошанд.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки саъю талошҳо дар чаҳорчӯбаи Созмони Милал ва дигар ташкилоту ниҳодҳо, ки тайи ин давраи чилсола ҷой доштанд, барои вусъатбахшии раванди дастрасӣ ба оби ошомидании бехатар, густариши донишу малака дар соҳаи мудирияти фарогири захираҳои об, тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи об, ташаккули дидгоҳу заминаҳои нав барои баррасии мушкилоти ҷаҳонӣ ва минтақавии марбут ба захираҳои об мусоидат карданд.
Бо вуҷуди ин пешравиҳо, Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ пешниҳод намуданд, ки омилҳое, ки майдони ҳамкориҳои минбаъдаро маҳдуд мекунанд, ба инобат гирифта шаванд. Аз назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории самараноки фаромарзӣ метавонад ба мудирият ва истифодаи оқилонаву устувори захираҳои об мусоидат намуда, боиси коҳиши хатари хароҷоти беасос ва таъмини тавозун байни шаклу навъҳои гуногуни истифодаи захираҳои об шавад.
Дар поёни сухани худ Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ба сифати кишвари ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ният дорад, ки ҷиҳати таъмини ҳамоҳангии фаъолият дар татбиқи он маркази махсусро таъсис диҳад. Ҳамчунин, бо мақсади татбиқи Нақшаи миллии амал ҷиҳати мусоидат ба Даҳсолаи байналмилалӣ пешниҳод намуданд, ки дар ин мавзӯъ дар соли 2018 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ даъват карда шавад.
Дар чорабинии мазкур раиси Иҷлосияи 72 - юми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид Мирослав Лайчак, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ Луи Женмин, муовини Дабири кулл ва директори иҷроияи комиссияи иқтисодии аврупоии Созмони Милали Муттаҳид Олга Алгаёрова, муовини Дабири кулл ва директори иҷроияи Дафтари лоиҳавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба хизматрасонӣ Грет Фаремо, Сарвазири Тувалу Энеле Сосене Сопоага, Сарвазири Маврики Анируд Ҷагнот, вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Айман ас-Сафадӣ, вазири давлатии Қатар оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Султон бинни Саад Ал-Мурейхи, вазири Канада оид ба муҳоҷират, паноҳандагон ва шаҳрвандӣ Аҳмад Ҳусейн, муовини вазир оид ба рушди устувори Марокаш Нежа ал - Оуафи, муовини вазири корҳои хориҷии Эквадор Мария Карола Иникиез, директори генералии ЮНЕСКО Ирина Бокова, раиси Хазинаи байналмилалӣ оид ба рушди кишоварзӣ Жилбер Унгбо, ёвари маъмурии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ҷиҳан Султаноғлу, ёрдамчии вазири корҳои хориҷии Ҷопон оид ба масъалаҳои глобалӣ Хидео Сузуки, намояндаи доимии Арабистони Саудӣ дар Созмони Милали Муттаҳид Абдулло ал -  Муаллимӣ суханронӣ намуда, ташаббусҳои Тоҷикистонро дар мавриди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028 ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешоҳанги ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба масъалаи об баҳои баланд доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2017    №: 198    Мутолиа карданд: 543

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед