logo

Хабарҳо

Баррасии татбиқи қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»

Дар пойтахти кишвар бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута таҳти унвони «Тавсияҳо оид ба механизми татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» ҳамоиш баргузор гардид.
Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Хайринисо Юсуфӣ иброз намуд, ки Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳоест, ки зарурати ташкил ва ташаккули таҳсилоти калонсолонро пешбинӣ намуда, ба фаъолияти густурдаи ин низом дар он шакле, ки имрӯз фаъол  аст,  асос гузошт. Муҳимияти ба таҳсил фаро гирифтани калонсолонро  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, гуфта буданд, ки «Дар самти касбомӯзӣ ва ҷалби ҳар чи бештари шаҳрвандон ба омӯзиши касбу ҳунар муассисаҳо ва марказҳои омӯзиши калонсолон нақши арзанда мебозанд, зеро низоми зикршуда яке аз роҳҳои аз камбизоатӣ берун шудани аҳолӣ мебошад».
Нурулло Оқилзода, вакили Маҷлиси намояндагон, баён дошт, ки тавсияҳо «Оид ба механизми татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» бо назардошти дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба коркарди механизмҳои татбиқ,  мусоидат ба амалисозии босамари қонунгузорӣ таҳия гардидаанд. Ҳадафҳои асосии санади мазкур чун роҳнамои мақомоти дахлдори давлатӣ ва субъектони ин раванд аз он иборатанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» бо самар ва саривақтӣ татбиқ гардад. Муҳтаво ва муқаррароти қонун, ки ба бунёди заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии низоми таҳсилоти калонсолон равона гардидаанд,  бо назардошти имконоти воқеӣ ва муносибату заминаҳои мавҷудаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ташкилӣ ва меъёрӣ бояд устувор ташаккул ёбанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 184

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тиб матраҳ гардид

Маросими супурдани эътимоднома

Баррасии таҳкими равобити соҳибкорони Тоҷикистону Қатар

Бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед