logo

сиёсат

АНҶУМАН ВА САРНАВИШТИ ТОҶИКОН

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид ва асноди ҳуқуқии дар он қабулшуда дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши ҳалкунанда бозиданд. Дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон, пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард.
Ин фаъолияти пурсамар пас аз интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардид.  Сарвари давлат ба фаъолияти қонунгузории миллии давраи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузоштанд.
Дар Иҷлосияи таърихии XVI ҳукумате таъсис ёфт, ки дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадиро таъсис диҳад. Аксарияти мутлақи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созад. Ҳанӯз дар яке аз аввалин муроҷиатномаҳои худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъияти ҳамонрӯзаи кишвар иҷрои вазифаҳои зеринро дар мадди назари аввал гузошта буданд: дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон барқарор намудани ҳокимият ва мақомоти идоракунӣ ва таъмини кори пурмасъулияти онҳо; барқарор намудани сохтори мақомоти амалкунандаи муҳофизати ҳуқуқ дар маҳалҳо ва барои онҳо дар иҷрои вазифаи худ фароҳам овардани шароити мусоид; таъсис додани Артиши миллӣ; пурзӯр кардани дифои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудани ҷумҳурӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мо вазифадорем, аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, милиса, кумитаи амнияти миллӣ, дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худашро муҳофизат ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише надорад. Бо назардошти ин зарурати таърихӣ Раёсати Шӯрои Олӣ ва Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба халъи силоҳ дар миёни гурӯҳҳои силоҳбадаст, мустаҳкам кардани фаъолияти сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, муҳофизати марзҳои ҷумҳурӣ, беҳбудии вазъи иқтисодии он ва ғайра як қатор қарорҳо қабул карда, онҳоро дар амал татбиқ намуд.
Дар як муддати кӯтоҳ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва милитсия аз нав созмон ёфта, онҳо бо аслиҳа ва муҳимоти ҳарбӣ таъмин шуданд. Садҳо ҷавонони ватандӯст ба кори ин мақомот сафарбар гардиданд. Бо вуҷуди мушкилоти мавҷудаи иқтисодӣ, Сарвари давлат ба таъсиси Артиши миллӣ шурӯъ намуданд ва барои мустаҳкам намудани сарҳади ҷанубии кишвар чораҳои мушаххас андешиданд.
Ғайр аз ин, Раёсати Шӯрои Олӣ ва Шӯрои Вазирон бо назардошти беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии сокинони мамлакат як силсила қарору фармонҳо қабул карданд. Авфи умумӣ, халъи силоҳ, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, таъмини мардум бо маводи ғизоӣ, пеш аз ҳама, орду равған, зиёд намудани маош, тавсеаи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки тадриҷан ҳаллу фасли худро ёфтанд. Ҳукуматҳои маҳаллӣ, ки дар бисёр ноҳияҳо аслан аз фаъолият монда буданд, барқарор карда шуданд.
Бо назардошти гуфтаҳои боло метавон хулоса кард, ки  давраи навини қонунгузории кишвар маҳз аз ҳамин иҷлосияи тақдирсоз оғоз гардидааст. Дар маҷмӯъ, Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом дод: роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд, сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт, хатари пош хӯрдани кишвар ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд, тадбирҳои мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт, самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро мушаххас кард,  мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян сохта, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод, қонунгузории ҷумҳуриро устувор ва ба рушди он замина гузошт.  
Рухшона КАРИМОВА,
устоди факултети ҳуқуқшиносии  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2017    №: 203    Мутолиа карданд: 784

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед