logo

сиёсат

НАҲЗАТ ВА ЧЕҲРАИ АСЛИИ ОН. АЗ СИЁСАТИ ДУГОНА ТО ОХИРИН УМЕДҲОИ ХОМӮШГАШТА

Муборизаи тамаддунҳо ва бархӯрдҳои сиёсиву низомии ҷаҳони муосир аз ниҳодҳои амниятӣ, фарҳангию маърифатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тақозо менамоянд, ки барои эмин будан аз таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ ҳамоно рӯи иқдомҳои тоза биандешанд. Зеро воқеаҳои даҳшатбори кишварҳои Ховари Миёна баёнгари онанд, ки қудратҳои бузург ва бархе созмонҳои ҷаҳонӣ бо истифода аз неруҳои тундрави динӣ - мазҳабӣ дар манотиқи мавриди назари худ низоъҳои гуногун барангехта, дар умури сиёсиву иҷтимоӣ бенизомӣ ба миён меоранд.

Таҳлили раванди ҳодисаҳо нишон медиҳад, ки чунин як ҷараёни номатлуб, ки дасти собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар он бармалост, дар кишвари мо низ таҷриба шуд. Ҳарчанд мардум аз тахрибкориҳои аъзои ин ташкилоти террористӣ дар амри бесуботии кишвар ва ҷанги шаҳрвандӣ воқиф буданд, вале ҳаводиси хунини моҳи сентябри соли 2015 дар шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат чеҳраи аслии ин ҳизби мамнуъро рӯшантар сохт. Маълум гардид, ки ин ҳизб аз оғози фаъолияташ хислати иртиҷоӣ дошта, ба раванди инкишофи сиёсӣ, таҳкими принсипҳои демократӣ халал ворид менамояд. Гузашта аз ин, вақт нишон дод, ки аъзои он зарфи 10 - 15 соли охир бар пояи нишондоди хоҷагони хориҷии худ ба тадриҷ дар ҷомеа фазои хурофотӣ ва таассуби диниро ба вуҷуд оварда, дар ниҳоят мехостанд, ки қудрати сиёсиро тариқи исёни мусаллаҳона ғасб намоянд. Ин амали хоинона, ки дар асоси таълимот ва раҳнамоии раҳбари ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ва таҳти фармони Абдуҳалим Назарзода ба вуқӯъ пайваст, нишон дод, ки мақсади асосии фаъолияти ҳизб на хизмат дар роҳи дину диёнат ва давлату миллат, балки тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизмат ба хоҷагони хориҷӣ мебошад.
Хушбахтона, кормандони сохторҳои қудратии кишвар дар натиҷаи гузарондани як амалиёт гурӯҳи террористии созмонёфта таҳти роҳбарии Назарзодаро дастгиру нобуд карда, ба ин тартиб нақшаҳои харобиовару ҷангҷӯёнаи душманони сулҳу оромии кишварро фурӯ нишонданд, ки дар он саҳми сокинон низ баланд арзёбӣ гардид. Баъд аз таҳқиқи ҳодиса мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ омилону саркардагони ошӯби барангехтаро, ки пешвоёни наҳзатӣ буданд, муайян намуда, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИТ - ро ҳамчун ташкилоти экстремистӣ- террористӣ эътироф  ва фаъолияти онро қатъ кард.
Аъмоли ҷинояткоронаи роҳбарият ва аъзои фирории ин ташкилоти террористӣ, ки бо хизмат ба тарроҳони хориҷиву интиқоди муғризона аз Ҳукумати ҷумҳурӣ ва поймол намудани арзишҳои миллӣ дар хориҷи мамлакат идома дорад, мавҷи маҳкумиятҳоро бештар намудааст. Вале, ҳанӯз ҳам бархе аз созмонҳои манфиатхоҳи хориҷӣ барои расидан ба аҳдофи усулии худ бо ин гурӯҳи ҷиноятпешаи фирорӣ ҳамкориро идома дода истодаанд.  Таассуфовар аст, ки маҳз ҳамон созмонҳое бо истифода аз мухолифони ғаразҷӯ ба иғво даст мезананд, ки худро ҳомии демократия ва ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон мешуморанд. Даъвати пешвоёни ташкилоти террористие чун ҲНИТ дар нишастҳои вижаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ки хилофи усулҳои худи созмон аст, ин амро собит менамояд. Зеро, дар ҳоле ки ҲНИТ дар феҳристи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай  (СҲШ) ҳамчун созмони террористӣ ворид шуда, Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои узви Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) онро дар қатори гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ, назири «Ал - Қоида», «Давлати исломӣ», «Ихвон-ул-муслимин» «Ансоруллоҳ» ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ ворид намудааст, чунин муносибат аз сиёсати меъёрҳои дугона башорат медиҳад, ки дурнамои норӯшан дорад.
Пуштибонии созмону гурӯҳҳои алоҳидаи экстремистӣ-террористӣ дар ҳолест, ки равобити ҲНИТ бо ташкилотҳои террористии зикршуда, аз ҷумла «Ихвон - ул - муслимин» бо далоили қотеъ исбот шудааст. Чунончи, Исомиддин Шарифзода, номзади илмҳои фалсафа, дар матлабе таҳти унвони «Ҳақиқат дар бораи наҳзатиҳо: ҲНИТ як шохаи «Ихвон-ул-муслимин» аст ва аз терроризми ақидавӣ ва амалӣ кор мегирад» (АМИТ «Ховар», 07.08.2017.) ба ин масъала равшании бештар меандозад. Муаллиф, аз ҷумла менависад, ки «ҲНИТ як шохаи ҳаракат аз «Ихвон - ул - муслимин» буда, аксари роҳбарони он дар асоси китобҳои саркардагони ихвонӣ ҳадафҳои худро барои бунёди давлати исломӣ ба роҳ мондаанд». Исомиддин Шарифзода бо мисолҳои мушаххас ин масъаларо таҳлил намуда, дар идома мегӯяд, ки «ҲНИТ барои расидан ба ҳадафҳои хеш дар зоҳир  оромона ва мисли ихвониҳо кӯшиш менамоянд, ки чунин боварро  дар зеҳни авом ба вуҷуд оваранд, ки гӯё ягона пушту паноҳи ислом ва мусалмон онҳоянд ва бояд мусалмонон ба онҳо дар ҳама маврид такя намоянд. ҲНИТ баъди расидан ба оштии миллӣ тайи солҳои 1997-2015 аз ин шеваҳои ихвонӣ кор гирифта, сараввал сарони ин ҳизб марказҳои тиҷоратии мухталиф таъсис доданд ва шаклҳои гуногуни тиҷоратро, аз ҷумла бо роҳи ҷамъоварии эҳсону хайрия ба роҳ монданд, баъдан бо роҳи худнамоӣ ва таҳти таъсир гирифтани фазои иттилоотӣ корҳои одитарини хешро мавриди таблиғ қарор доданд…».
Ин ҳақиқат натанҳо мавриди таваҷҷуҳи коршиносону таҳлилгарони дохилӣ, балки дар хориҷи мамлакат низ мавриди баррасиву пажӯҳиш қарор гирифтааст. Аз ҷумла, рӯзномаи бонуфузи «Ал - Аҳром» - и Ҷумҳурии Мисри Араб ба фаъолиятҳои ҲНИТ мутаваҷҷеҳ шуда, навишта буд, ки «ҳизби наҳзат - ақидааш аз гурӯҳи «Ихвон - ул - муслимин» сарчашма мегирад, дурӯғ мегӯянд, бо дурӯғ нафас мегиранд». Рӯзноманигори  мисрӣ ва муаллифи матлаби «Ҳизби наҳзати тоҷикӣ аз Осиёи Миёна бо Миср меҷангад» дар робита ба масъалаи матраҳ чунин таъкид карда буд: «ҲНИТ бо амалҳои нопоки худ мехост ақидаи тундгароиро дар минтақаи Осиёи Миёна паҳн намояд. Аммо ба зудӣ ниқоб аз рӯйи онҳо афтода, хокаи аслии онҳо ба ҳамагон маълум гашт.
Гурӯҳи «Ихвон ул-муслимин» душмании худро зидди Миср аз дохил ва хориҷ кофӣ нашумурда, ҳамсангарҳои худро аз Осиё Миёна, махсусан Ҳизби наҳзати террористиро дар муборизаи хеш ҷалб намуд. Раванди ҳодисаҳо якояк даст доштани ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ - ро дар нооромиҳои Тоҷикистон бори дигар собит сохт. Ҳоло амалҳои террористии худро аз давлатҳои аврупоӣ мехоҳанд пиёда созанд. Аз маблағҳои хоҷагони хориҷии шубҳаангезашон барои ноил гаштан ба охирин умедҳои хомӯшгаштаи худ, истифода мебаранд…».
Ёдовар мешавем, ки собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳанӯз 8 июни соли 2016 дар ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки таҳти раёсати ҷониби Арманистон дар шаҳри Ереван баргузор гардид, ба рӯйхати ташкилотҳое, ки дар кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, шомил гардид. Таҳияи рӯйхати ташкилотҳое, ки дар ҳавзаи ин созмон террористӣ эътироф гардидаанд, ба мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узв имкон медиҳад, то амалиёти ҳамоҳангшудаи худро баҳри муайян ва пешгирӣ кардани фаъолияти онҳо дар минтақаи таҳти масъулияти  СААД имконпазир гардонад. Дар ҳоли ҳозир яке аз ҳадафҳои умдаи ин созмони муътабар таъмини сулҳу субот ва амнияти байналмилалию минтақавӣ, таҳкими ҷанбаҳои ҳарбии ҳамкорӣ, муқовимати шадид бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, аз ҷумла алайҳи ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва дигар таҳдидҳо, ба шумор меравад.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2017    №: 204    Мутолиа карданд: 916

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед