logo

Хабарҳо

Ҷаласаи Ситоди ҷумҳурияӣ оид ба омодагӣ ба давраи зимистон

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ зери роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи Ситоди ҷумҳурияӣ оид ба омодагии хоҷагии халқи вилоят ба давраи зимистони солҳои 2017 - 2018 ва андешидани тадбирҳои зарурӣ барои рушди соҳаҳои саноат баргузор гардид.
Зикр карда шуд, ки бо назардошти он ки маблағҳо барои соҳаҳои иҷтимоии кишвар асосан моҳи сентябри соли равон ҷудо гардиданд, сохторҳои мутасаддӣ тавонистанд дар як муҳлати кӯтоҳ таъмини ангишт ва ҳезумро барои соҳаҳои маориф 84% ва 87%, тандурустӣ 68% ва 71%  ва фарҳанг 84% ва 85% иҷро намоянд.
Талаботи идораи хоҷагии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ВМКБ ба маводи зиддилағжиш, ангиштсанг ва ҳезум пурра иҷро гардида бошад ҳам, аммо таъминоти маводи сӯзишворӣ ҳамагӣ 21 дарсадро ташкил дод, ки хеле кам аст.
Муовини Сарвазир аз номутобиқатии нишондиҳандаҳои ситодҳои вилоятиву ноҳиявӣ интиқод намуда, иброз дошт, ки агар ин номутобиқатӣ аз як тараф далели номуташаккилона фаъолият кардани Ситоди вилоятӣ бошад, аз тарафи дигар,  аз бемасъулиятии аъзои ситодҳо дарак медиҳад.
Аз раисони ноҳияҳои Мурғоб ва Шуғнон даъват ба амал оварда шуд, ки фаъолияти корхонаҳои дӯзандагиро босамартар гардонанд ва ба раиси ноҳияи Ишкошим ҷиҳати нодуруст пешниҳод гардидани омори корхона ва коргоҳҳои дӯзандагии ноҳия эроди ҷиддӣ гирифта шуд.
Азим Иброҳим махсус таъкид намуд, ки таъмини сохторҳои низомӣ бо маводи зарурӣ фаротар аз масъалаҳои зимистонгузаронӣ буда, сари вақт бояд иҷро гардад ва масъулин уҳдадор мебошанд, ки барои ҳалли онҳо аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода баранд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 114

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тиб матраҳ гардид

Маросими супурдани эътимоднома

Баррасии таҳкими равобити соҳибкорони Тоҷикистону Қатар

Бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед