logo

номаҳо

5 ОКТЯБР. РӮЗИ МИЛЛАТ НОМИДА ШАВАД!

Панҷуми октябр зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аст. Зодрӯзи шахсиятест, ки дар солҳои нахустин, аммо душвор ва сахту сангини  Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар айёми тақдирсози муқовиматҳои сиёсӣ дар кишвар ҷон ба каф гирифта, барои мардуми мамлакат нахуст сулҳу ваҳдат ва созгории миллӣ оварданд ва баъдан миллатро ба армонҳои олиаш – ободии мулк, саодати рӯзгор ва зиндагии шоиста расонданд.
Рӯзи таваллуди Пешвои миллати тоҷик барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ рӯйдоди таърихӣ, муҳим ва шодибахш ба шумор меояд. Зеро мардуми кишвар ба Сарвари маҳбуб ва Пешвои дилбанди худ эҳтиром, садоқат ва муҳаббати  бепоён доранд ва тавре ҳамасола ба мушоҳида мерасад, хурду бузург, тамоми ҷомеаи Тоҷикистон аз рӯи қадрдонӣ ба хизматҳои бузурги Қаҳрамони Тоҷикистон ҷиҳати таъмини бақои давлат ва саодати миллат дар ин рӯз шодию хурсандӣ мекунанд. Ба ибораи дигар, метавон гуфт, ки зодрӯзи Пешвои миллат моҳияти умумихалқӣ касб намудааст. Дар таъкиди ин маънӣ ва тақвияти андеша чанд далел меорам.
Аввал. Арҷгузорӣ ва эътиқоду муҳаббати халқ ба Сарвари шуҳратманди худ дар давлатдории мардуми ориёитабор мафҳум ва таҷрибаи нав нест. Масалан, аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки чун Ҷамшед - пешвои давлати ориёӣ бар тахти шоҳӣ нишаст, он рӯзро Наврӯз номиданд ва мардум ин рӯзро ҳамасола ҷашн мегирифтанд. Ин ҷашни бостонӣ бо ташаббус ва пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷаҳонӣ шуд.  Ин беҳтарин ва олитарин муаррифии миллати тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ буд.
 Дуюм. Пешвои миллати тоҷик бо услубу равишу ҳадафҳои хоссаи давлатсозию миллатсозӣ давлати Тоҷикистонро бунёд мекунанд ва рушду нумӯ мебахшанд.
Таҷрибаи давлатдории кишварҳои мутамаддин собит кардааст, ки муҳимтарин вазифаи давлат сохтан ва ташаккул додани миллат мебошад. Фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозгӯи равшани он аст, ки Сарвари хирадманди тоҷикон дар сиёсати давлатдорию давлатсозии худ ба ҷанбаи муҳимтарини он - миллатсозӣ авлавият додаанд ва ин ҳадаф маънии ҳаёт ва зиндагиашон аст. Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», эътибор ва таваҷҷуҳи хос ба рушду такомули забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ, аз байн бурдани зоҳирпарастию бегонапарастӣ, баланд бардоштани ифтихори ватандорӣ, ҳисси худшиносию худогоҳии мардум, дар маҷмӯъ ба асли хеш баргардондани миллат аз ҷумлаи ҳадафҳои миллатсозии Пешвои миллат мебошанд, ки солҳои охир бо хиради созанда ва саъю талошашон  бомуваффақият амалӣ мегарданд. 
Сеюм. Бо кӯшишу ғамхории пайвастаи Пешвои миллат забони тоҷикӣ дар кишвар ҷойгоҳи асосӣ пайдо кард ва  мақоми давлатии худро устувор намуд, рушду нумӯ ёфт ва ба мабдаи ифтихори ватандории тамоми тоҷикон ва сокинони Тоҷикистон табдил ёфт. Мардуми шарафманди тоҷик ифтихор аз он мекунанд, ки Пешвояшон аз минбари СММ ва дигар созмону конфронсҳои минтақавию  байналмилалӣ  бо забони ноби тоҷикӣ сухан мегӯянд.
Ба Рӯзи забони давлатӣ рост омадани зодрӯзи Пешвои миллат ва роҳандозии сиёсати муваффақи миллатсозии Сарвари муаззами тоҷикон таъбири классикии ба ҳам омадани ду ситора дар як бурҷ ё худ Қирони Саъдро ба хотир меоранд ва ба санаи 5 октябр моҳияти бузурги сиёсию таърихӣ эҳдо мекунанд. Бо зикри ин далелҳо ҳамчун як шаҳрванди миннатдор ва қадршинос ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунам, ки ба тақвими идҳои миллӣ дар Тоҷикистон илова ворид намуда, 5 октябр РӮЗИ МИЛЛАТ номида шавад.
Луқмон ҚУРБОН,
нависанда, шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.10.2017    №: 207    Мутолиа карданд: 2479
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед