logo

сиёсат

СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ПРЕЗИДЕНТҲОИ КИШВАРҲОИ ДӮСТ

5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Сарони ду давлат доираи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ ва дурнамои рушду тавсеаи онҳоро дар қолаби шарикии стратегӣ мавриди гуфтугӯ қарор доданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами  байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш самимона табрик намуда, ба ӯ таманниёти некашро иброз дошт.
Суҳбат дар фазои самимият, дӯстона ва ҳамдигарфаҳмии комил, ки хосси тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия мебошад, сурат гирифт.

5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд. 
Президенти Ҷумҳурии Беларус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик намуда, ба ӯ таманниёти неки худро иброз дошт.
Дар рафти суҳбат Александр Лукашенко саҳми бузурги Президенти Тоҷикистонро дар истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвар, таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими эътибори он дар арсаи байналмилалӣ таъкид кард.
Сарони давлатҳо дар фазои дӯстона ва созанда, ки хосси муносибатҳои байни Тоҷикистону Беларус мебошанд, атрофи ҳолати кунуниву ояндаи тамоми маҷмӯи робитаҳои ду кишвар ва роҳҳои густариши минбаъдаи онҳо мубодилаи афкор анҷом доданд.
Президентҳои  Тоҷикистон  ва Беларус дар суҳбати телефонӣ, ҳамчунин, масъалаҳои алоҳидаи байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Сарвари Қазоқистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона табрик намуд.
Дар ҷараёни суҳбат Нурсултон Назарбоев вобаста ба фаъолияти пурсамари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми ӯро дар рушди кишвар ва афзоиши обрӯи байналмилалии он махсусан таъкид намуд.
Дар навбати худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми Нурсултон Назарбоев вобаста ба рушди муносибатҳои мутақобилаи ду кишвар дар сатҳи ҳамёрии стратегӣ, ки тамоми соҳаҳои асосии ҳамкориро фаро мегирад, баҳои баланд дод.
Сарони давлатҳо як қатор масъалаҳои дорои хусусияти минтақавию байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Суҳбат дар фазои дӯстиву самимият доир гашт.  

5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ дошт.
Сарвари давлати Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик намуд.
Сарони давлатҳо аз вазъи имрӯзаи ҳамкорию ҳамдастии ду ҷониб дар ҳамаи сатҳҳо изҳори қаноатмандӣ карданд. Ҳамчунин, омодагии ҷонибҳо барои саъю талошҳои муштарак ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав боло бурдани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони онҳо таъкид гардид.
Суҳбати телефонӣ дар фазои дӯстӣ, самимият ва ҳусни тафоҳум сурат пазируфт.


5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Медведев суҳбати телефонӣ дошт.
Сарвазири Русия аз номи ҳукумати кишвараш ва аз номи худаш Сарвари давлати Тоҷикистонро бо зодрӯзаш табрик намуда, ба ӯ таманниёти некашро баён кард.
Дмитрий Медведев саҳми шахсии муҳиму назарраси Эмомалӣ Раҳмонро дар густариши муносибатҳои Тоҷикистону Русия дар асоси дӯстӣ, шарикӣ ва иттифоқчигӣ тазаккур дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Ҳукумати Федератсияи Русия майлу рағбати мутақобилаи худро ба рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкории судманд дар ҳамаи арсаҳо ва шаклҳо собиту таъйид намуданд.
Ҷонибҳо дар он маврид ҳамақида буданд, ки тақвияти минбаъдаи ҳамкории бисёрҷанбаи дуҷониба, тавсеаи робитаҳои байниминтақавию соҳибкории кишварҳо дархӯри манфиатҳои дарозмуҳлати Тоҷикистону Русия мебошад.
Суҳбати телефонӣ дар фазои самимияту эътимод сурат пазируфт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.10.2017    №: 209    Мутолиа карданд: 1250

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед