logo

Хабарҳо

ВАНҶ. Омодагӣ ба зимистон

Роҳбарони бахши фарҳанги ноҳияи Ванҷ  муассисаҳои фарҳангиро ба давраи зимистон пурра омода намудаанд. Ба гуфтаи Зумратшоҳ Нуриддинов, мудири бахши фарҳанги ноҳия, онҳо бо кумаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  хонаҳои фарҳанг, клубу китобхонаҳои  маркази ноҳия, шаҳраки Рохарв ва деҳоти  водиҳои Ванҷи Боло, Язгулому Вотхудро хушсифат аз таъмир бароварданд.
Боиси қаноатмандии аҳли фарҳанг аст, ки бо кашида шудани хатҳои барқи Қалъаихумб - Вотхуд ва Рӯшон - Язгулом ва аз таъмир баровардани неругоҳҳои барқи обии маркази ноҳия, Техарв,  Пои Мазор  ва Андарбак тамоми муассисаҳои фарҳангӣ бо барқи доимӣ таъминанд.  Барои муассисаҳои фарҳангӣ аз конҳои ангишти  мавзеъҳои Зиддӣ ва Фон - Яғноби ноҳияҳои Варзоб ва Айнӣ ба миқдори 95 тонна ангишти хушсифат ва аз ҷангалҳои  водии Ванҷи Боло ва мавзеъҳои сароби рӯди Язгуломоб ба қадри зарурӣ ҳезум  захира карда шудааст.
 Мардуми ноҳия, аз он ҷумла ҷавонон, аз он шоду мамнунанд, ки тавассути ғамхориҳои Пешвои миллат дар Соли ҷавонон аз ҷониби  Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  маркази ноҳия кохи муҳташами фарҳанг  сохта шуда истодааст. Ба гуфтаи бинокорон, кохи фарҳанги навбунёд бо қувваи барқ гарм карда мешавад ва  барои кормандони бахши фарҳанги ноҳия   ташвиши  омода кардани ангишту ҳезум кам мешавад.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 85

19.10.2017


Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

РАШТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Ҷаҳон дар як сатр

Боздиди нозирони Олмон аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Силсилаи амалиёти террористӣ дар Афғонистон боиси марги беш аз 70 нафар шуд

Истеҳсолотро зеҳни сунъӣ ба даст мегирад

Ҳизби коммунисти Чин ислоҳоти густурдаи сиёсиро омода месозад

Ҷорҷ Сорос ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 миллиард доллар медиҳад

Ба миқдори рекордӣ расидани муҳоҷирон дар ИМА

Варзиш

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед